Молитва, архивное фото

Даргузашти Ҳоҷӣ Эҳсоншо, президенти “Ванҷ Фуд” аз коронавирус-акс

2551
(Таҷдидшуда 13:10 29.05.2020)
Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, президенти ширкати “Ванҷ Фуд”, ки моҳи равон ба синни 43 расид, бар асари коронавирус даргузашт

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Наздикони Мунавваров мегӯянд, ӯ қариб як ҳафтаи охир дар шӯъбаи эҳё қарор дошт ва соати 11 ба 12-и шаби гузашта дар шаҳри Твер ҷон дод.

Эҳсон Раҳмихудоевич Мунавваров зодаи деҳаи Бунайи Ванҷ буда, 2 майи соли 1977 таваллуд шудааст. Мактаби деҳаро хатм карда, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст. Дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Маскав чаҳор сол таҳсил намуда, ба далели шуғлаш ба тиҷорат онро ба анҷом нарасондааст.

Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, ки аз соли 1994 дар Русия қарор дошт, молики ду ширкат-Ванҷ Фуд ва “Арзан Голд” мебошад, ки дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд.  Ӯ маҳсулоташро бо унвонҳои “Дары Таджикистана”, “Таджикчай”, “Памир”, “Бунайчай” пешниҳод мекард.

Тибқи иттилои сомонаи vanj.info, Эҳсоншо Мунавваров барномаи хайрияи хешро дошт, ки ба мустаманду дармондагон дасти ёрӣ дароз карда, дар созмондиҳӣ ва адои корҳои хайр дар миёни ҳаммеҳанони шаҳри Твер аз пешсафон буд.

Ӯ изҳор дошта буд, ки “ҳоли зору машаққати бархе аз ҳаммеҳанон дар мулки ғариб андӯҳгинаш менамояд, аз аъмоли бади бархе аз ҳаммеҳанон, ки миллатро бадном мекунанд, сахт озурдаву нороҳат мешавад. Вале худ мекӯшад ба қадри тавон барои баланд бардоштани обрӯи миллат коре анҷом диҳад”.

2551
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)
Президент США Дональд Трамп

Тирпарронӣ ҳангоми суханронии Трамп дар Кохи сафед: ӯ фавран биноро тарк кард - видео

84
Дар Кохи сафед аснои нишасти матбуотӣ Доналд Трамп новобаста аз нотамом мондани ҳарафаш толорро тарк кард

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Омили асосии берун рафтани кишвардори Амрико Доналд Трамп аз толоре, ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард,тирпарронӣ дар берун аз қасри президент арзёбӣ мешавад.

Дар Телеграмм наворе нашр шудааст, ки яке аз муҳофизони Кохи сафед назди Трамп омада, ба ӯ чизеро гуфт, ки кишвардор баъди ҳарфи ӯ фавран аз толор берун рафт.

Сипас маълум гардид, ки дар беруни бино нафари мусаллаҳ сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тир кушодаст ва аз тири ҷавобӣ маҳв гардидааст.

манобеи РИА Новости менависад, пас аз маҳв шудани силоҳбадаст, кишвардор дигарбора назди хабарнигорон ҳозир шуд ва нишасти хабарӣ идома ёфт.

 

 

 

 

 

84
Барчаспҳо:
навор, Кохи сафед, тирпарронӣ, Доналд Трамп
День 11 августа

Ҷашнҳои рӯзи 11 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

37
(Таҷдидшуда 10:04 11.08.2020)
Рӯзи 11 август дар Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мешавад

Рӯзи 11 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1792  дар Франсия Кумитаи инқилобӣ таъсис дода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1831 дар натиҷаи тӯфон дар Барбадос 15 ҳазор нафар қурбон гардиданд.

Соли 1877  ситорашиноси америкоӣ Асаф Ҳолл (Asaph Hall) ду моҳвораи навро бо номҳои Марса — Фобос ва Деймос кашф намуд.

Соли 1980 Ангола Конститутсияи худро дар таҳрири нав қабул кард.

Соли 1984 дар давраи ниҳоии мусобиқаи футбол дар доираи Бозиҳои олимпии Лос Анҷелос дастаи Франсия дастаи Бразилияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Рӯзи 11 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1937 Палатаи давлатии китоби Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд.

Соли 2004 дар шаҳри Душанбе бинои нави Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон 230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида буданд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президент  ва Сарфармондеҳи вақти Ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА Ҷон Абузайд масъалаҳои минтақа ва Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе намоиши байналмилалии таҳсилотии Ҷумҳурии Беларус  баргузор гардид.

Соли 2015 Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Соли 2017 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 август

  • Дар Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон.
  • Дар Чад –Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар Латвия – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон барои озодӣ.
37
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Дар Лахш дучархарони 14 - сола ба рӯди Қизилсӯ сарозер шуд

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дучархарони 14 - сола дар Лахш ба дарёи Қизилсӯ сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 10 - уми август, тахминан соати 13:00 дақиқа рух додааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сокини 14-солаи деҳаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш  бо дучарха дар поёнии деҳаи Қарасой ба дарёи Қизилсӯ сарозер шудааст.

Яке худкушӣ карду дигаре аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд: фавти бону дар Язгулому ҷавон дар Рашт

Гуфта мешавад, аз сабабе, ки дар гирду атрофи ӯ касе қарор надошт, аз ин рӯ ӯ ғарқи об шуда ҷон бохт.

Зимнан, наҷотбахшон ҷасади ӯро аз мавзеъи "Мирзоқиштов" ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш пайдо карданд ва ба волидонаш супурданд.

Кумитаи таъйид намудааст, ки ҷавон аз беэҳтиётӣ ғарқи дарё шуд.

0
Барчаспҳо:
ғарқ, дарё, дучархарон, Лахш