День 6 июня

Ҷашнҳои рӯзи 6 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

75
(Таҷдидшуда 18:42 05.06.2020)
Рӯзи 6 июн дар Аргентина — Рӯзи муҳандисон, дар Қазоқистон — Рӯзи полиси молиявӣ буда, ҳамчунин Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия, Рӯзи забони русӣ дар СММ, Рӯзи Пушкин дар Русия, Рӯзи журналист дар Украина ва Рӯзи муҳаббат дар Швейтсария мебошад

Рӯзи 6 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1922 аввалин маҷаллаи адабӣ-тасвирии Иттиҳоди Шӯравӣ барои занон бо номи "Крестьянка" нашр шуда буд. Ҳоло ин маҷалла дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Русия барои занон нашр мешавад.

Соли 1932 дар Амрико аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон марафони дарозтарини рақсӣ оғоз гардид, ки 4125,5 соат (то 30 ноябр) давом кард.

Соли 1664  Амстердами Нав ба Ню-Йорк тағйири ном кард.

Вид на небоскребы Нью-Йорка с реки Гудзон, архивное фото
© Sputnik / Наталья Селиверстова
Вид на небоскребы Нью-Йорка с реки Гудзон, архивное фото

Соли 1981 дар иёлати Биҳари Ҳиндустон аввалин маротиба дар таърихи садамаҳои роҳиоҳании ҷаҳон садамаи калон рух дод, ки дар натиҷаи он зиёда аз 800  нафар ҳалок гардиданд.

Соли 1995 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни занон дастаи Норвегия дастаи Нигерияро бо ҳисоби калони 8:0 мағлуб кард, ки ин ҳамчун ғалабаи рекордӣ эътироф шуд.

Соли 1997 дар Чин тухми калонҳаҷмтарини шутурмурғ дар ҷаҳонро пайдо карданд, ки 2,35 кг вазн ва 18,67 см қутр (диаметр) дошт.

Соли 1999 аввалин маротиба вируси "Worm.ExploreZip" пайдо шуда буд, ки ҳазорҳо компютерро дар ҷаҳон сироят кард.

© Sputnik / Алексей Мальгавко
Кибербезопасность, архивное фото

Рӯзи 6 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барпо гардиданд.

Соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон Зафар Нозимов бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд.

Портрет Зафара Нозима в Министерстве культуры РТ
© Sputnik Амир Исаев
Портрет Зафара Нозима в Министерстве культуры РТ

Соли 2011 дар шаҳри Страсбурги Фаронса Конвенсия дар бораи дар Аврупо эътироф намудани маълумоти олии дар Тоҷикистон гирифташуда ба имзо расид.

Соли 2011 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо роҳбарияту вакилони парлумон, Дабири кулли Шўрои Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди  Аврупо мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод. 

День 5 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 ҷаласаи даҳуми прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамоиши  навбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо  президентҳои Покистон,  Эрон ва Афғонистон мулоқот анҷом доданд.

Сли 2012 Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург дар рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ бо медали тиллои Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардонда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 июн

  • Дар Аргентина — Рӯзи муҳандисон.
  • Дар Қазоқистон — Рӯзи полиси молиявӣ.
  • Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия.
  • Рӯзи забони русӣ дар СММ.
  • Рӯзи Пушкин дар Русия.
  • Рӯзи журналист дар Украина.
  • Рӯзи муҳаббат дар Швейтсария.

Рӯзи 6 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Лев Алперович (1924-2007)- доктори илмҳои физикаю математика, Профессор.

Вячеслав Алешанов (1918- 1950)- арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Муҳаббат Бобоҷонова (1939) – доктори илми биологӣ, профессор.

Андрей Забазний (1872 – 1959) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Зафарзода Адирмуҳаммад (1936) – шоир.

Саидо Қурбонов (1947) – актёри кино.

 Одиназода Сомеъ (1907 – 1995) – шоир.

Магдан Менликеев (1932) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Ҷумъа Набӣ (1951)- нависанда.

Саид Носиров (1901-1938)- арбоби давлатӣ.

Толиб Рӯзиев (1936 - 2009) – доктори илми биологӣ, профессор.

Иван Сендерович (1903-1980)- доктори илми тиб, профессор.

Аюб Юлдошев (1931) – Рассоми халқии Тоҷикистон.

75
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Люди в городе Душанбе

Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо дар моҳи август

280
(Таҷдидшуда 16:12 05.08.2020)
Агентии обуҳавошиносӣ: Моҳи август дар Тоҷикистон гармии ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи пешгӯии Ожонси ҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи август ҳарорати ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд дар назар аст.

Дар ин давра ҳарорати миёнаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ 1 дараҷа баланд аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 25+29 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 21+24 дараҷа  гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

"Давоми моҳ ҳарорати ҳаво шабона 16+21  ва дар рӯзҳои алоҳида то +25 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона ҳарорат тағйир ёфта, аз 32+37 то 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 41+43 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Миқдори моҳонаи бориш дар вилояти Хатлон аз меъёр кам пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0,1-1,9 мм  ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 2-4 мм-ро ташкил медиҳад.

Дар ин минтақа аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ  ба амал меояд. Шамол дар рӯзҳои алоҳида аз самти ғарб бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазида, дар водиҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд тибқи меъёри иқлимӣ  ва дар водиҳо 1 дараҷа  баланд пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо 25+27 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 23+24 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15+18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона аз 17+22 то 24+29 дараҷа мерасад.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ дар баъзе ноҳияҳо кам буда, дар водиҳо 1-2мм,  дар доманакӯҳҳо ва кӯҳӣ 3-4мм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 7-14мм пешбинӣ шудааст. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар ин давра ҳаво шабона аз 10+15 то +18 дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат аз 23+28 то 30+35 дараҷа мерасад. Дар ноҳияи Дарвоз то +38 дараҷа  гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ кам ва дар баъзе ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.

Нимаи дуюми моҳ боридани борон бо раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Дар шарқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа  паст шуда, 8+12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар ин вилоят  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11+16 то 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ камтар пешгӯӣ шуда, 5-17 мм-ро ташкил медиҳад.

280
Барчаспҳо:
гармӣ, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Режиссер, актёр, продюсер и сценарист Александр Гордон, его супруга Нозанин Абдулвасиева

Ҷудошавӣ дар рӯзи мавлуд: ҳимоятгар ҷудошавии Гордон ва Абдулвосиеваро шарҳ дод

672
(Таҷдидшуда 15:38 05.08.2020)
Ҳимоятгари ровии барномаҳои телевизионӣ Александр Гордон ҷудошавиаш бо ҳунарпеша ва режиссёр Нозанин Абдулвосиеваро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ҳимоятгар Жанна Маргулис ҷузъиёти ҷудошавии муҷрии машҳури барномаҳои телевизионӣ Александр Гордонро бо Нозанин Абдулвосиева дар суҳбат бо "Комсомольская правда" нақл кард.

"Оромона ҷудо шуданд, чунин менамояд, ки рӯзе дар рӯи ба рӯи ҳам нишаста ва қарор карданд, ки ҳамингуна хубтар мешавад. Ба фикри ман ин ҷудошавӣ ба таври мутамаддин сурат гирифт", - гуфт ҳимоятгар Магрулис.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки тавонист сирри ҳимоятгарии ҷудошавии ин ду шахсияти машҳурро чӣ дар давраи гуфтушунид ва чӣ замони додгоҳ нигоҳ дорад, чун хабари ҷудошавии онҳо пас аз ним моҳ расонаӣ шуд.

"Сирри ҳимоятгарӣ ҳамин аст", - афзуд ӯ.

Рӯзи ҷудошавӣ бо рӯзи зодрӯзи Абдулвосиева рост омад ва ҳимоятгар гуфт, ин воқеъа ногаҳонӣ рух дод, чун рӯз аз ҷониби суд муайян карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 4 август маълум шуд, ки Александр Гордон, рӯзноманигори шинохтаи рус аз ҳамсари чаҳорумаш Нозанин Абдулвосиеваи 26 - сола ҷудо шудааст.

Онҳо замоне оиладор шуда буданд, ки Гордон 50 - сол ва Нозанин ҳамагӣ 20 - сол дошт ва тайи шаш соли зиндагии муштарак онҳо соҳиби ду писар Александр ва Федор шуданд.

Ба иттилои манбаъ,  дархости ҷудо шудан аз сӯи Нозанин сурат гирифта, додгоҳ 17 - уми июл издивоҷи онҳоро бекор кард.

Ба гузориши додгоҳ, зану шавҳар ҳамаи масъалаҳои алимент ва амволро мустақилона ҳал кардаанд ва аз ин рӯ, дар ҷараёни ҷудошавӣ баҳсе ба миён наомад.

Александр Гордонро дар Тоҷикистон пас аз расонаӣ шудани хабари издивоҷаш бо Нозанин Абдулвосиева, набераи синамогари шинохта Валерий Аҳадов ва абераи шоири шинохта Мирсаид Миршакар бештар шинохтанд.

672
Барчаспҳо:
ҷудошавӣ, Русия
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

0
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

0