День 8 июня

Ҷашнҳои рӯзи 8 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

133
(Таҷдидшуда 19:46 07.06.2020)
Рӯзи ҳаштуми июн Рӯзи байналмилалии уқёнус буда, дар Русия —  Рӯзи кормандони ҷамъиятӣ мебошад. Дар ин рӯз соли 1946 ташкилоти байналмилалии журналистон таъсис ёфт (МОЖ).

Рӯзи 8 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1784 дар  Каролинаи Ҷанубӣ  аввалин маротиба дар шимоли Амрико ҳодисаи ҳалокати одамон дар натиҷаи боридани жола ба қайд гирифта шуд.

День 7 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1815 Полша ба Русия ҳамроҳ шуд.

Соли 1824 Ноу Кашн барои ихтирои мошинаи ҷамашӯӣ патент ба даст овард.

Соли 1918 Гурҷистон ва Арманистон бо Олмон аҳдномаи сулҳ имзо карданд.

Соли 1928 аввалин ҳавопаймо аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Австралия парвоз кард.

Соли 1940 унсури 93-юми ҷадвали элементҳои даврии химиявии Менделеев "Нептуний" кашф шуд.

Соли 1946 ташкилоти байналмилалии журналистон таъсис ёфт (МОЖ).

Соли 1955 сохтмони корхонаи консервабарории Чиптура ба поён расид ва аввалин махсулоташ ба фурӯш баромад.

Сли 2006 ширкати Microsoft санҷиши тестии WindowsVista-ро роҳандозӣ кард.

Соли 2017 дар Остона ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш ширкат намуд.

Рӯзи 8 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар шаҳри Вена-пойтахти Австрия миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

День 6 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Австрия-шаҳри Вена дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ иштирок намуд.

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии "Санглох"-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд. Мавриди зикр аст, ки Расадхонаи  мазкур  аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ дар ҷаҳон беҳтарин аст.

Ҷашнҳои рӯзи 8 июн

  • Рӯзи байналмилалии уқёнус.
  • Дар Русия —  Рӯзи кормандони ҷамъиятӣ.

Рӯзи 8 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Ҳаким Аҳмадов (1948) – доктори илми химия, профессор, академики АИ Тоҷикистон.

Озода Ашўрова (1970)- сароянда, Ҳунарпешаи шоиста Тоҷикистон.

Павел Беляев (1903 – 1988) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Низомиддин Зоҳидов (1957) –доктори илми филологӣ, профессор.

Вера Коровина (1937) – доктори илмҳои физикаю математика.

Латофати Кенҷа (1950) – шоира.

Мирзошои Ватаншо (1948) – мутарҷим, нависанда.

Мубораки Вахонӣ (1843 – 1902) – шоири халқӣ.

Сайфулло Пӯлодов (1920- 1994)- арбоби ҳизбӣ.

Борис Середин (1923-2011) – навобардори кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Аҳад Сулаймонов (1912 – 1956) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Аҳрорқул Утамуродов (1950)- олими соҳаи байторӣ, профессор.

Акрамшо Фелалиев (1958) – доктори илми кишоварзӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

133
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Люди в городе Душанбе

Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо дар моҳи август

282
(Таҷдидшуда 16:12 05.08.2020)
Агентии обуҳавошиносӣ: Моҳи август дар Тоҷикистон гармии ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи пешгӯии Ожонси ҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи август ҳарорати ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд дар назар аст.

Дар ин давра ҳарорати миёнаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ 1 дараҷа баланд аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 25+29 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 21+24 дараҷа  гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

"Давоми моҳ ҳарорати ҳаво шабона 16+21  ва дар рӯзҳои алоҳида то +25 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона ҳарорат тағйир ёфта, аз 32+37 то 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 41+43 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Миқдори моҳонаи бориш дар вилояти Хатлон аз меъёр кам пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0,1-1,9 мм  ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 2-4 мм-ро ташкил медиҳад.

Дар ин минтақа аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ  ба амал меояд. Шамол дар рӯзҳои алоҳида аз самти ғарб бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазида, дар водиҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд тибқи меъёри иқлимӣ  ва дар водиҳо 1 дараҷа  баланд пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо 25+27 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 23+24 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15+18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона аз 17+22 то 24+29 дараҷа мерасад.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ дар баъзе ноҳияҳо кам буда, дар водиҳо 1-2мм,  дар доманакӯҳҳо ва кӯҳӣ 3-4мм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 7-14мм пешбинӣ шудааст. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар ин давра ҳаво шабона аз 10+15 то +18 дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат аз 23+28 то 30+35 дараҷа мерасад. Дар ноҳияи Дарвоз то +38 дараҷа  гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ кам ва дар баъзе ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.

Нимаи дуюми моҳ боридани борон бо раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Дар шарқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа  паст шуда, 8+12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар ин вилоят  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11+16 то 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ камтар пешгӯӣ шуда, 5-17 мм-ро ташкил медиҳад.

282
Барчаспҳо:
гармӣ, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Режиссер, актёр, продюсер и сценарист Александр Гордон, его супруга Нозанин Абдулвасиева

Ҷудошавӣ дар рӯзи мавлуд: ҳимоятгар ҷудошавии Гордон ва Абдулвосиеваро шарҳ дод

681
(Таҷдидшуда 15:38 05.08.2020)
Ҳимоятгари ровии барномаҳои телевизионӣ Александр Гордон ҷудошавиаш бо ҳунарпеша ва режиссёр Нозанин Абдулвосиеваро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ҳимоятгар Жанна Маргулис ҷузъиёти ҷудошавии муҷрии машҳури барномаҳои телевизионӣ Александр Гордонро бо Нозанин Абдулвосиева дар суҳбат бо "Комсомольская правда" нақл кард.

"Оромона ҷудо шуданд, чунин менамояд, ки рӯзе дар рӯи ба рӯи ҳам нишаста ва қарор карданд, ки ҳамингуна хубтар мешавад. Ба фикри ман ин ҷудошавӣ ба таври мутамаддин сурат гирифт", - гуфт ҳимоятгар Магрулис.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки тавонист сирри ҳимоятгарии ҷудошавии ин ду шахсияти машҳурро чӣ дар давраи гуфтушунид ва чӣ замони додгоҳ нигоҳ дорад, чун хабари ҷудошавии онҳо пас аз ним моҳ расонаӣ шуд.

"Сирри ҳимоятгарӣ ҳамин аст", - афзуд ӯ.

Рӯзи ҷудошавӣ бо рӯзи зодрӯзи Абдулвосиева рост омад ва ҳимоятгар гуфт, ин воқеъа ногаҳонӣ рух дод, чун рӯз аз ҷониби суд муайян карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 4 август маълум шуд, ки Александр Гордон, рӯзноманигори шинохтаи рус аз ҳамсари чаҳорумаш Нозанин Абдулвосиеваи 26 - сола ҷудо шудааст.

Онҳо замоне оиладор шуда буданд, ки Гордон 50 - сол ва Нозанин ҳамагӣ 20 - сол дошт ва тайи шаш соли зиндагии муштарак онҳо соҳиби ду писар Александр ва Федор шуданд.

Ба иттилои манбаъ,  дархости ҷудо шудан аз сӯи Нозанин сурат гирифта, додгоҳ 17 - уми июл издивоҷи онҳоро бекор кард.

Ба гузориши додгоҳ, зану шавҳар ҳамаи масъалаҳои алимент ва амволро мустақилона ҳал кардаанд ва аз ин рӯ, дар ҷараёни ҷудошавӣ баҳсе ба миён наомад.

Александр Гордонро дар Тоҷикистон пас аз расонаӣ шудани хабари издивоҷаш бо Нозанин Абдулвосиева, набераи синамогари шинохта Валерий Аҳадов ва абераи шоири шинохта Мирсаид Миршакар бештар шинохтанд.

681
Барчаспҳо:
ҷудошавӣ, Русия
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

0
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

0