День 10 июня

Ҷашнҳои рӯзи 10 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

105
(Таҷдидшуда 00:33 10.06.2020)
Рӯзи 10 июн дар Молдава — Рӯзи сарҳадчиён, дар Русия — Рӯзи мебелсозон, дар Урдун — Рӯзи артиш, дар Ҷопон — Рӯзи соат ва щамчунин Рӯзи ҷаҳонии кормандони саноати сабук мебошад

Рӯзи 10 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1793 Вашингтон пойтахти ИМА интихоб гардид.

Города мира. Вашингтон. Архивное фото
© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Города мира. Вашингтон. Архивное фото

Соли 1847 аввалин шумораи рӯзномаи "Минбари Чикаго" («Чикаго трибюн») нашр шуд.

Соли 1907 дар Чин сабқати мошинҳои Пекин — Порис оғоз гардида буд, ки 13 000 км дарозӣ дошт.

Соли 1934 дастаи миллии Италия дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон Чехословакияро бо ҳисоби 2:1 мағлаб карда, чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол гардид.

Соли 2008 дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази Бунёди «Русский мир» кушода шуд.

Рӯзи 10 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Здание посольства США в Душанбе, архивное фото
© Sputnik
Здание посольства США в Душанбе, архивное фото

Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти Сарони ҳукуматҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

День 9 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд бо ҳам мулоқот намуданд. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ гардид.

Соли 2011 Раҳмон ба Бонки сармоягузории Аврупо ташриф оварда, бо Президенти он Филипп Мейштадт мулоқот намуданд. Дар ҷараёни суҳбат Ф. Мейштадт зикр намуд, ки Бонки сармоягузории Аврупо омода аст барои рушди босуръати иқтисоди миллии Тоҷикистон кумак намояд.

Соли 2013 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» баррасӣ шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Латвия баргузор гардид. Дар  маросими ифтитоҳи расмии  он  Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сухан карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 июн

  • Дар Молдава — Рӯзи сарҳадчиён.
  • Дар Русия — Рӯзи мебелсозон.
  • Дар Урдун — Рӯзи артиш.
  • Дар Ҷопон — Рӯзи соат.
  • Рӯзи ҷаҳонии кормандони саноати сабук.

Рӯзи 10 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Ҷумъабой Азизқулов (1934) – мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Алиназар Амонхоҷаев (1908-1993)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Бобоназарова Ойниҳол (1948) – ҳуқуқшинос, профессор.

Турдиалӣ Бойбобоев (1936) – нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Ваҳҳоби Латиф (1956)- нависанда, мутарҷим.

Зевар Давлатова (1972)- журналист.

Аҳмадҷон Давронов (1937) – шоир, адабиётшинос.

 Гулбек Саодат (1938) – мутриб, оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Талабшо Куканов (1953) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Амонулло Қодиров (1945) – актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Қурбони Собир (1960) – актёри театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Роҳат Неъматова (1931) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Нурулло Норзода (1961)- шоир.

Мирмаҳмад Нурмаҳмадов (1951 – 2009) – доктори илми иқтисод, профессор.

Бўрӣ Нурхонов (1945) – доктори илми тиб, профессор, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Махсум Олимӣ (1956 – 1992) – шоир.

Абдусалом Раҳимзода (1944) – мутриб, оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Дилбар Раҳмонӣ (1967)- шоира.

Тағай Раҳмонов (1936 - 2009) – файласуф, профессор.

Додо Саидов (1941 – 1998) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Наҷиб Саиднабӣ (1951)- шоир.

Ҷавлӣ Султонов (1957) – доктори илми тиб, профессор, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Фозил Тоҳиров (1938) – доктори илми ҳуқуқ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Усмони Барот (1959)- шоир.

Идимоҳ Ҳалимова (1955) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҳасан Боқӣ (1979)- шоир.

Ҳоҷиҳусайни Кангуртӣ (1881-1922)- шиори халқ.

Тўхта Ҷалилов (1934-2009) – доктори илми иқтисод, профессор.

Ҷовиди Аштӣ (Улмаси Эрка) (1960)- публисист.

Ҷӯёи Самарқандӣ (1960)- шоир.

Аминҷон Шукўҳӣ (1923 – 1979) – Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ашраф Эргашев (1940) – доктори илми иқтисод, профессор.

Сафаргул Юсуфова (1965)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

105
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Невеста идет босиком по дороге

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

341
(Таҷдидшуда 15:07 09.07.2020)
Арӯсшавандаҳо аз ҳукумадорон талаб намудаанд, то қарори манъ намудани маросими баргузории тӯйро, ки дар пасманзари авҷи маризии коронавирус ҷорӣ гардида шуд, лағв намоянд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дасти кам 15 нафар арӯсшаванда дар Италия, ки маросими тӯйи онҳо ба хотири авҷи маризии коронавирус ба вақти дигар гузаронда шуд, даст ба эътироз заданд, хабар медиҳад The Daily Mail. 

Ба иттилои манбаъ, духтарон либоси арӯсиро ба бар намуда дар назди фаввораи Треви дар маркази Рим гирд омаданд то нигаронии худро дар робита ба манъ будани баргузории маросими арӯсӣ иброз кунанд.

Эрон: пас аз баргузории тӯй 50 кас ба коронавирус гирифтор шуданд

Зимнан, ба сафи арӯсшавандаҳо кормандони ташкилотҳое, ки маъракаи арӯсиро сомон медиҳанд пайвастанд ва то бинои парлумон роҳпаймоӣ намуданд.

Арӯсшавандаҳо дар даст шиорҳо бо навиштаҷоти "Тӯйҳо бидуни маҳдудият", "Шумо издивоҷи моро қатъ кардед", "Дари калисо барои баргузории тӯйро бастед", доштанд.

"Ман эътироз мекунам, зеро мехоҳам издивоҷ кунам! Тӯйи ман то соли оянда мавқуф гузошта шуд, дар ҳоле, ки ман аллакай ҳама чизро бо  рӯҳонӣ муҳокима карда будам. Аммо бо роҳбарияти тарабхона ва кошонаи ҳусн ба мувафиқа омада натавонистам", - афзудааст яке аз эътирозгарон.

Арӯсшавандаҳо дар сӯҳбат ба The Daily Mail изҳор доштаанд, "аз он ҳарос доранд, ки домодҳо то ин муддат фикри худро дар бораи издивоҷ намудан бо онҳо дигар мекунанд".

341
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Дархости Мирзиёев: ба худдавоӣ аз коронавирус машғул нашавед, ки оқибати хуб надорад

243
(Таҷдидшуда 15:37 09.07.2020)
Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Ӯзбекистон даъват намуд, ки ба ҳаёти худ ва наздиконашон беаҳамият набошанд. Ӯ мегӯяд дар сурати пайдо шудани нахустин нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табибон муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як муроҷиати видео ба шаҳрвандони ин кишвар аз хусуси мубориза бурдан бо маризии коронавирус ҳарф зад.

"Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди идома ёфтани пандемияи коронавирус ҳастем. Мавҷи дуюми ин беморӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сар задааст, ки бисёр нигаронкунанда аст", - афзудааст Мирзиёев.

Ба гуфтаи вай, мутаассифона, ҳеҷ гуна "доруи сеҳрноке" вуҷуд надорад, ки барои зуд бартараф кардани пандемия кӯмак кунад.

Раисҷумҳур зикр намуд, ки Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Ӯ таъкид намуд, ки маҳз талоши пизишкон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, ки вазъи нисбатан мӯътадили эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дуои Мирзиёев дар ҳаққи Назарбоев: "дар ин айёми душвор ман бо шумоям"

Аммо кишвардори Ӯзбекистон аз бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир изҳори нигаронӣ кард.

Баргузор гардидани тӯю маъракаҳо, риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ва гашту гузор бидуни ниқобро, раисҷумҳур аз омилҳои асосии бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир арзёбӣ кард.

"Дар ҳафтаи аввали моҳи июл шумораи шахсони мубталои коронавирус 2167 нафар афзоиш ёфт. Аз он ҷумла, 1,267 (58%) ҳодиса дар байни аҳолӣ ошкор карда шудааст. Ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи карантин мебошад. Мутаассифона, шумораи фавтҳо низ афзоиш меёбад, ки ин ҳолат бояд ҳамаи моро нигарон кунад", - таъкид намуд президент.

Гузашта аз ин Мирзиёев ба бепарвогии шаҳрвандон нисбати ин маризӣ таъкид намуда, дархост кард ,ки ба худдавоӣ дар хона машғул нашаванд, чун оқибати ин кор ба хубӣ намеанҷомад.

"Бори дигар ба ҳамватанони мо муроҷиат мекунам: набояд ба ин бемории хатарноке, ки ҳаёти ҳазорон нафарро рабуд беэътиноӣ кунед. Агар нишонаи ночизе аз ин бемориро дар вуҷуди худ эҳсос намудед, пас фавран ба духтур муроҷиат кунед. Дар хона худмуолиҷаигӣ накунед, ки оқибати нохуб, ҳатто боиси марг шуда метавонад. Ба ҳаёти худ ва аъзои оилаатон бепарво набошед", - даъват намуд Шавкат Мирзиёев.
243
Барчаспҳо:
мардум, дархост, Шавкат Мирзоев
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳнасарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

98
(Таҷдидшуда 15:28 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленоград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

98
Барчаспҳо:
сарбоз, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон