День 12 июня

Ҷашнҳои рӯзи 12 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

175
(Таҷдидшуда 19:31 11.06.2020)
Рӯзи 12 июн, Рӯзи байналмилалии мубориза ба меҳнати кӯдакон буда, дар Русия иди умумимиллӣ — Рӯзи Русия ё худ Рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти он, дар Украина — Рӯзи бозори хазинавӣ, дар Туркманистон —  Рӯзи илм ва дар Бразилия Рӯзи дилдодаҳо мебошад

Рӯзи 12 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1867 империяи Австро-венгриягӣ ташкил гардид.

День 11 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1900 дар Олмон қонун дар бораи Флоти ҳарбии баҳрӣ қабул гардид, ки тибқи он бояд дар давоми 20 сол 38 киштӣ сохта мешуд.

Соли 1919 Федератсияи футболи Полша таъсис дода шудааст.

Соли 1928 дар Чикаго аввалин маротиба барномаҳои шабакаи  телевизионии WCFL  ба эфир  баромаданд. Ин шабакаро Улисс Санабриа таъсис дода буд.

Соли 1934 дар Булғористон фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ  манъ шуд.

Соли 1990 сензура дар қонун "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма"-и СССР бекор карда шуд.

Соли 1991 дар аввалин интихоботи президентии Федератсияи Русия Борис Елсин роҳбари давлати  ин кишвар  интихоб гардид.

Борис Ельцин, архивное фото
© Sputnik / Владимир Родионов
Борис Ельцин

Соли 2017 бори нахуст ҳавопаймои ширкати  миллии  ҳавонавардии Туркманистон -«Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.

Соли 2017 дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Рӯзи 12 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 дар ВМКБ Ассосиатсияи сайёҳии PECTA таъсис ёфт.

День 10 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.

Соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафар аз Люксембург бо сафари расмӣ ба Венгрия  рафт. Масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар дар мулоқоти «як ба як»-и сарони давлатҳои ду кишвар ва пас аз он бо иштироки ҳайатҳо баррасӣ гардид.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнии бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай- «Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар кард.

Ҷашнҳои рӯзи 12 июн

  • Рӯзи байналмилалии мубориза ба меҳнати кӯдакон.
  • Дар Русия иди умумимиллӣ — Рӯзи Русия ё худ Рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти он.
  • Дар Украина — Рӯзи бозори хазинавӣ.
  • Дар Туркманистон —  Рӯзи илм.
  • Рӯзи дилдодаҳо дар Бразилия.
  • Рӯзи сулҳ дар Парагвай.
  • Рӯзи истиқлоли Филиппин.

Рӯзи 12 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Акомад Азимов (1957-2011) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Алиҷон Бойматов (1945) – доктори илми иқтисод, профессор.

Зебуниссои Тоҳириён (1965)- шоира.

Ҷонон Икромӣ (1936-2012) – доктори илми химия, профессор.

Қодир Достӣ (1895-1946)- шоир.

Темур Муҳиддинов (1936-2012)- муаррих, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Набиҷон Робеъҷонов (1938 – 2000) – доктори илми техникӣ, профессор.

Шариф Тағойназаров (1941) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Манзур Ҷалилов (1933 – 1994) – доктори илми геологӣ, акдемики АИ Тоҷикистон.

Раҳмон Шукуров (1963) – доктори илми кишоварзӣ.

Ҳакими Даврон (1987) - журналист.

175
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 11 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Возвращение в Таджикистан несовершенолетних сирот

505 сомонӣ: Ҳилоли Аҳмар ба 643 ятими пойтахт кумакпулӣ медиҳад

58
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иқдоми хайрхоҳонаи навбатӣ пеша намудааст, ки ба 643 ятиме, ки дар тарбияи пайвандони худ қарор доранд, кумакпулӣ ихтисос дода шавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Душанбе ба 643 ятиме, ки дар тарбияи хешовандони худ қарор доранд, кумакпулӣ дода мешавад. Иқдоми ихтисос додани кумаки молиявӣ ба ятимони кули шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба назар гирифта шудааст.

100 долларӣ сари ҳар ятим: кумаки ҳармоҳаи Ҳилоли Аҳмар ба 500 ятим дар Тоҷикистон

Ин ҷамъият дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр намудааст, ки 643 кудаки ятим аз кумакпулӣ ба миқдори 505.2 сомонӣ бархӯрдор мешаванд.

"Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб нисбати як нафар ятим дар як моҳ 180 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рўзи пардохт кумакпулӣ муқаррар карда шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, маблағи кумакпулӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ба суратҳисоби ятимон интиқол дода мешавад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо оилаҳое, ки офат онҳоро бехона гузошт, пул медиҳад

Ёдовар мешавем,  моҳи июни соли равон аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти чунин лоиҳаи сарпарастии ятимон ба роҳ монда шудааст, ки дар он 500 нафар ятимон аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаро гирифта шуда, мувофиқи он барои як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари амрикоӣ пешбинӣ карда шудааст.

58
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, кӯдакони ятим, кумакпулӣ, Ҳилоли Аҳмар

Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

66
(Таҷдидшуда 19:42 05.08.2020)
Рӯзи шашуми август Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ» ва Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ. буда, дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан дар Аргентина Рӯзи кӯдакон ва дар Боливия ва Ямайка Рӯзи истиқлолият мебошад

Рӯзи 6 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи «Савой» кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.

Соли 1914  Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.

Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Соли 1945  америкоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ партофтанд.

Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.

Соли 1991 пайдоши аввалин интернет-сервис WWW (World Wide Web).

Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

День 4 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2001 бо қарори Суди олӣ фаъолияти ҳизби сиёсии “Адолатхоҳ” қатъ гардид.

Соли 2003 баъд аз танаффуси дусола Тоҷикистон ба Қазоқистон дубора барқ дод.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд.

Соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» боздид ба амал оварда, бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ шинос шуда, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд дод.

Ҷашнҳои рӯзи 6 август

  • Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ».
  • Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.
  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ.
  • Рӯзи кӯдакон дар Аргентина.
  • Рӯзи истиқлолияти Боливия ва Ямайка.

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аюб Раҳим (1951) – шоир.

екзода Хушбахт (1945)- нависанда.

Дамир Дўстмуҳаммадов (1941 – 2003) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Имомназари Холназар (1952 – 2007) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Виталий Колберг (1913-1989)- доктори илми тиб, профессор.

Нуриддини Амриддин (1956) – шоир.

Толиб Муинов (1932 – 2000) – доктори илмҳои физикаю математика.

Манзура Улҷабоева (1953) – рассом – ороишгар.

Абдураҳмон Ҳакимов (1940) – доктори илми иқтисод, профессор.

Юлдош Ҳоҷибоев (1945) – доктори илми химия.

66
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

0
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон