Ҷашнҳои рӯзи 16 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 16 июня
День 16 июня - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шонздаҳуми июн Рӯзи байналмилалии кӯдакони Африқо буда дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад

Рӯзи 16 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1842 дар Иёлати Миссисипии Амрико аз сабаби ба амал омадани тӯфони сахт зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1903 дар Амрико Генри Форд ширкати мошинсозии "Форд Мотор"-ро таъсис дод, ки ҳоло яке аз бонуфузтарин ширкатҳои мошинсозии ҷаҳон мебошад.

Соли 1903 аввалин маротиба тамғаи аксизии "Пепси-Кола" ба қайд гирифта шуд.

Соли 1963 аввалин зани кайҳоннаварди ҷаҳон  Валентина Терешкова бо киштии кайҳонии "Восток – 6" ба кайҳон парвоз кард.

© Sputnik / В. Базанов / Гузариш ба медиабонкЛетчик-космонавт СССР Валентина Терешкова
Ҷашнҳои рӯзи 16 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон  - Sputnik Тоҷикистон
Летчик-космонавт СССР Валентина Терешкова

Соли 1982 футболбози англис Брайан Робсон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар бозӣ  бо дастаи  Фаронса аз ҳама голи тезтаринро зад. Ӯ дар сонияи 27-уми бозӣ тӯбро ба дарвозаи ҳарифонаш ворид кард.

Рӯзи 16 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ се лоиҳаи нав оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ба имзо расонид.

Соли 2004 Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  ҷонибдорӣ кард.

Соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он масоили таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, оид ба мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, як қатор қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 34-уми Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карда, масоили омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва тайёрӣ ба зимистонро баррасӣ намуд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 16 июн

  • Рӯзи байналмилалии кӯдакони Африқо.
  • Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи ҷавонон.

 

Лентаи хабарҳо
0