День 19 июня

Ҷашнҳои рӯзи 19 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

87
(Таҷдидшуда 19:37 18.06.2020)
Нунздаҳуми июн Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона буда дар ИМА — Рӯзи озод намудани ғуломон ва дар Кувайт иди миллӣ — Рӯзи истиқлолият мебшад

Рӯзи 19 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1932 дар Австрия фаъолияти ҳизби миллатгароён қатъ карда шуд.

День 18 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1938 дастаи мунтахаби Италия чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Дар мусобиқаи финалӣ онҳо тавонистанд дастаи пурқуввати ҳарифашон-Венгрияро бо ҳисоби 4:2 шикаст диҳанд.

Соли 1944 дар Англия кабобе омода карда шуд, ки зиёда аз 880 метр дарозӣ дошт ва ба китоби «Рекорди ҷаҳон» ворид карда шуд.

Соли 1962 аввалин Анҷумани зиёиёни Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Соли 1968 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи амнияти кафолати ваколати кишварҳое, ки яроқи ҳастаӣ надоранд, қатънома қабул кард.

Рӯзи 19 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1962 – Анҷумани нахустини зиёиёни Тоҷикистон баргузор шуд.

День 17 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Соли 2007 — Шабакаи мустақили телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2010 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян- Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. 

Соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои хизматрасонии «ТОҶ СИТӢ»- ифтитоҳ гардид.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» мавриди истифода қарор дода шуд.

Соли 2017 дар Қасри миллат дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд ҳолати вақт ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку» маросими супоридани «Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ» Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 июн

  • Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона.
  • Дар ИМА — Рӯзи озод намудани ғуломон.
  • Дар Кувайт иди миллӣ — Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 19 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1918-1990 –  сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Михаил Алоев.

Соли 1948 – Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов.

Соли 1978 – журналист Рамзия Мирзобекова.

87
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Новорожденный ребенок.

Дар Ҳиндустон навзод дар маросими дафнаш ба гиря даромад

165
(Таҷдидшуда 13:05 14.07.2020)
Хонаводаи навзод пизишкони зоишгоҳро муттаҳам мекунанд, ки ба кори худ саҳлангорӣ намуданд, ки оқибат ба фавти кудаки навзоди онҳо анҷомид

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Навзодеро, ки пизишкони яке аз зоишгоҳҳои Ҳиндустон мурда пиндоштанд, дар маросими дафнаш ба гиря омад, хабар медиҳад Times of India.

Ҳодисаи мазкур дар шаҳри Гогунда рух додааст. Зани ҳомила рӯзи 9 - уми июл духтарчаеро таваллуд кард, аммо ҳамшираи шавқат иштибоҳан ба далели мурда будани кӯдак ӯро барои дафн намудан ба хешовандонаш супурд.

Аснои омодагӣ ба маросими дафни навзод ӯ ба гиря омадааст.

Манбаъ меафзояд, падари навзод фавран мошини Ёрии таъҷилиро даъват кард, аммо пизишкон бо гузашти як соат ба макони ҳодиса расиданд, ки духтарча аллакай ҷон дода буд.

Даҳшат: дар Қазоқистон бинобар дарёфти ҷасади навзод аз яхдон, дари зоишгоҳро бастанд

Акнун пайвандони навзод духтуронро дар марги фарзанди худ муттаҳам мекунанд. Ба изҳори онҳо, кӯдак дар асл зинда таваллуд шуд, аммо ба далели хунукназарии табибон ӯ ҷон бохт.

Дар ҳамин ҳол, духтурон гуноҳи худро рад карда, изҳор доштанд, ки хешовандон ҷасади навзодро бидуни расман эълон кардани марги ӯ гирифтаанд.

165
Барчаспҳо:
навзод, Ҳиндустон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Хонаи осебдидагон дар Хуросон бомпӯш шуд-акс

151
(Таҷдидшуда 19:58 13.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 13  июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

Носирҷон Маъмурзода, роҳбари бахши таҳлилу иттилооти Дастгоҳи раиси Хатлон имрӯз иттилоъ дод, ки то имрӯз қариб тамоми 67 хона, ки имрӯзҳо дар маҳаллаи амни Чорбоғ (Деҳқонобод) сохта мешаванд, аллакай бомпӯш шудаанд.  Алъон корҳои андовакунӣ ва рангуборсозӣ ҷараён дорад, таъкид кард Маъмурзода.

Мақомоти Хатлон мегӯянд,  таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

151
Барчаспҳо:
сел, зарар, офати табиӣ, Тоҷикистон
Рогунская ГЭС

Ҳодисаҳои нохуш дар саноат: ҳалокати 1 ва ҷароҳати 9 кас ҳангоми сохтмони "Роғун"

0
Дар умум, дар кори ширкату сохтмонҳои Тоҷикистон 3 нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод бо эълони ин омор гуфт, аксари ин мурдану ҷароҳатбардориҳо дар пайи беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаву техникаи бехатарии кор рух додааст.

“Бештарин маворид ба кори ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Худи коргарон ё раҳбарони онҳо аз ин ки ғайриҳирфаӣ будаанд, аз қоидаву техникаи бехатарии кор хабар надоштаанд ё беэҳтиётӣ кардаанд. Коргарон ва омилони дигари ин ҳодисаҳои нохуш муҷозот шуда, ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд, ки афроди ғайриҳирфаӣ аз вазифа барканор шаванд”, - гуфт Санъат Раҳим.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳангоми кор як нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дуввумин ширкате, ки ҳамчунин маворидро таҷриба кардааст, ширкати кӯҳии Тоҷикистону Хитой аст. Ҳангоми кор дар ин ширкат ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҳам ҷароҳат гирифтаанд.

Ба ҳамин минвол, тайи ним соли равон аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор якнафарӣ коргарони ширкатҳои “Талко”, Маркази илмӣ – техникии Ҳуавей дар Зарнисор ва “Анзоб” низ захмӣ шудаанд.

 

0