Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев

Дуои Мирзиёев дар ҳаққи Назарбоев: "дар ин айёми душвор ман бо шумоям"

1496
(Таҷдидшуда 13:09 19.06.2020)
Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳори боварӣ намудаст, ки собиқ раисҷумҳури Қазоқистон ва ҳамзамон нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар зудтарин фурсат бар маризии коронавирус ғолиб меояд

ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба собиқ кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки алъон мубталои маризии коронавирус шудааст, мактуб ирсол намуд, хабар медиҳад котиботи президенти Ӯзбекистон.

Дар мактуби ирсолкардаи Мирзиёев чунин омадааст:

"Ман аз хабари мубтало шудани шумо ба бемории коронавирус хеле ташвишовар шудам. Мехоҳам бори дигар ба шумо, бародари азиз ва қадрдони ман изҳор мекунам, ки дар ин айёми душвор ман бо шумоям ва ҳамаҷониба дастгириятон мекунам".

Бояд гуфт, ки хабари гирифтор шудани Назарбоев ба маризии сироятии коронавирус дирӯз расонаӣ шуд ва феълан собиқ кишвардори Қазоқистон дар қарантини хонагӣ қарор дорад.

Роҳбари Ӯзбекистон изҳори итминон кард, ки дар ояндаи наздик Нурсултон Назарбоев бешубҳа бар ин вирус ғолиб меояд.

"Нурсултон Абишевичи гиромӣ, аз Худованди бузург хоҳиш мекунам, ки ба шумо саломатии комил, қувват, умри дароз ва комёбиҳои навро ҳадя кунад", - таманно намудааст Мирзиёев дар мактуби худ.

Нурсултон Назарбоев дар барои шиносоӣ ва мулоқотҳо бо Путин

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 18 - уми июн дафтари матбуоти Назарбоев навишта буд, ки вазъи собиқ раисҷумҳур новобаста аз натиҷа мусбии ташхис хуб аст.

"Ҷои нигароние нест", - афзудааст дафтари матбуот.

Таъкид мешавад, ки нахустин раисҷумҳур вазифаашро низ дар худинзивоӣ адо мекунад.

1496
Барчаспҳо:
мактуб, Нурсултон Назарбоев, Шавкат Мирзиёев
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (603)
Девочка набирает холодную воду из фонтана

Гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

162
(Таҷдидшуда 11:01 04.07.2020)
 Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон то 41 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимолияти боришоти суст дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

162
Барчаспҳо:
ҳавошинос, дақиқ, пешгӯӣ, Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин

Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард

1787
(Таҷдидшуда 21:16 03.07.2020)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар робита ба даргузашти Абдулманап Нурмуҳаммадов, ба писари ӯ, қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори тасаллият кард

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин барои даргузашти падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба ӯ занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард, хабар медиҳад котиботи президенти Русия.

Ба изҳори Песков, Владимир Путин бевосита худаш бо Ҳабиб тамос гирифт.

"Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зада, дар робита ба вафоти падараш тасаллияти амиқ изҳор кард", - афзуд сухангӯи президенти Русия.

Ёдовар мешаве, мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт.

Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

Марҳум ҳам сактаи қалб ва ҳам мағзи сар шуд.

Падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз бемории шадид даргузашт

Рамазон Рабаданов яке аз дӯстони хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо пас аз фавти мураббии шинохта гуфт, ки "табибон сактаи қалбашро беҳбуд бахшиданд, аммо сактаи мағзи сарро шифо бахшидан натавонистанд. Абдулманап ба ҳуш наомада ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини ҷуо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

1787
Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Владимир Путин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (603)

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

0
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (603)