День 25 июня

Ҷашнҳои рӯзи 25 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

88
(Таҷдидшуда 01:48 25.06.2020)
 Рӯзи 25 июн дар Мозамбик — Рӯзи Истиқлолият, дар Рус ия- рӯзи кормандони омор, дар Словения — Рӯзи сохти давлатдорӣ ва дар Филиппин — Рӯзи дарахтшинонӣ мебошад

Рӯзи 25 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1794 дар робита ба инқилоби Фаронса  Екатерина II фурӯши маҳсулоти Фаронсаро дар Русия манъ намуд.

День 24 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Ссоли 1858 нахустшумораи аввалин рӯзномаи бритониёию колумбиягии «Виктория газет» нашр шуд.

Соли 1876 моҳигири америкоӣ Алфред Енсен аввалин маротиба дар таърих аз уқёнуси Атлантика танҳо шино карда гузаштааст.

Соли 1919 дар Олмон аввалин парвози нахустҳавопаймои «Юнкерс F 13», ки қаноташ як ҷуфт аст, ба амал омад.

Соли 1935 дар Порис Анҷумани байналмилалии нависандагон дар ҳимояи фарҳанг баргузор гардид, ки дар он Ҷамъияти байналмилалии нависандагон ва Шуъбаи ҳамешагии байналмилалии нависандагон барои ҳимояи фарҳанг таъсис дода шуданд.

Соли 1959 дар Москва Никита Хрушев ва сарвазири Америка Ричард Никсон аввалин маротиба дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ намоишгоҳи миллии Америкаро кушоданд.

Соли 1998 системаи махсуси амалиётии «Windows 98» баромад.

Рӯзи 25 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1947 ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шудааст.

День 23 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2007  дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Asia Grand Hotel» ифтитоҳ ёфт.

Соли 2008  хатти барқи «Лолазор-Хатлон» ифтитоҳ гардид.

Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Куала-Лумпур бо собиқ Сарвазири Малайзия Махатҳир Муҳаммад мулоқот намуд. Зимни гуфтугӯ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ, муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва оғози фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия изҳори хушӣ карда шуд.

Соли 2016 дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиндагӣ ва фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонобод шинос шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 июн

  •  Дар Мозамбик — Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Русия- рӯзи кормандони омор.
  • Дар Словения — Рӯзи сохти давлатдорӣ.
  • Дар Филиппин — Рӯзи дарахтшинонӣ.
88
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 19 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Девочка набирает холодную воду из фонтана

Гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

162
(Таҷдидшуда 11:01 04.07.2020)
 Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон то 41 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимолияти боришоти суст дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

162
Барчаспҳо:
ҳавошинос, дақиқ, пешгӯӣ, Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин

Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард

1776
(Таҷдидшуда 21:16 03.07.2020)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар робита ба даргузашти Абдулманап Нурмуҳаммадов, ба писари ӯ, қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори тасаллият кард

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин барои даргузашти падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба ӯ занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард, хабар медиҳад котиботи президенти Русия.

Ба изҳори Песков, Владимир Путин бевосита худаш бо Ҳабиб тамос гирифт.

"Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зада, дар робита ба вафоти падараш тасаллияти амиқ изҳор кард", - афзуд сухангӯи президенти Русия.

Ёдовар мешаве, мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт.

Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

Марҳум ҳам сактаи қалб ва ҳам мағзи сар шуд.

Падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз бемории шадид даргузашт

Рамазон Рабаданов яке аз дӯстони хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо пас аз фавти мураббии шинохта гуфт, ки "табибон сактаи қалбашро беҳбуд бахшиданд, аммо сактаи мағзи сарро шифо бахшидан натавонистанд. Абдулманап ба ҳуш наомада ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини ҷуо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

1776
Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Владимир Путин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

0
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон