День 29 июня

Ҷашнҳои рӯзи 29 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

92
(Таҷдидшуда 21:46 28.06.2020)
Рӯзи бисту нӯҳуми июн дар Русия – Рӯзи киштисозон мебошад. Ҳамчунин ин Рӯзи ҷустуҷӯи ҷанги пинҳон мебошад

Рӯзи 29 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1855 дар  Лондон аввалин шумораи рӯзномаи «The Daily Telegraph» нашр шудааст. Соли 2006 теъдоди нашри он ба зиёда аз 900 ҳазор нусха расида буд.

День 28 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1957  аввалин Фестивали ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 1958 Бразилия аввалин маротиба Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол гардид.

Соли 1986 дар Мексика тими Аргентина дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи Германияро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, унвони чемпионӣ ба даст овард.

Соли  1995 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ бинои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо чаппа шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1998 барои зиёдтарин воридшавандагони сомонаҳои интернетӣ рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд. Дар он сол ба сомонаи расмии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар як дақиқа зиёда аз 235 ҳазору 150 нафар ворид шуданд.

Рӯзи 29 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1953 дар шаҳри Ҳисор осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ба истифода дода шуд.

Соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Директори иҷроияи Бонки осиёгии рушд Ашок Кумар Лаҳирӣ масоили ҳамкории гуногунҷанба бо ин ниҳоди минтақавии молиявӣ, ки аз ниҳодҳои асосии мададрасони Тоҷикистон ба шумор меравад, баррасӣ шуданд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 тасдиқ гардид.

Соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи фоҷеабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Соли  2016 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария машварати сиёсӣ багузор  гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 29 июн

  • Дар Русия – Рӯзи киштисозон.
  • Рӯзи ҷустуҷӯи ҷанги пинҳон

  • Рӯзи байналмилалии тропикҳо  

Рӯзи 29 июн кӣ ба дунё омадааст

1900 — Антуан де Сент-Экзюпери (даргузашт 1944), халабон ва нависандаи фаронсавӣ.

1957 - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон аз соли 2007.

1964 - Сосо Павлиашвили, сарояндаи русиягӣ ва гурҷии эстрада, бастакор ва ҳунарпеша.

1972 - Саманта Смит (даргузашт1985), хонандаи амрикоӣ — "сафири сулҳ".

Рӯзи 29 июн кӣ даргузашт

1520 — Монтесумаи II, император (1502—1520).

1998 — Галина Брежнева духтари Л. И. Брежнев.

2017 — Олег Яковлев сарояндаи рус, иштирокчии гурӯҳи "Иванушки International".

92
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Девочка набирает холодную воду из фонтана

Гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

162
(Таҷдидшуда 11:01 04.07.2020)
 Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон то 41 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимолияти боришоти суст дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

162
Барчаспҳо:
ҳавошинос, дақиқ, пешгӯӣ, Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин

Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард

1774
(Таҷдидшуда 21:16 03.07.2020)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар робита ба даргузашти Абдулманап Нурмуҳаммадов, ба писари ӯ, қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори тасаллият кард

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин барои даргузашти падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба ӯ занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард, хабар медиҳад котиботи президенти Русия.

Ба изҳори Песков, Владимир Путин бевосита худаш бо Ҳабиб тамос гирифт.

"Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зада, дар робита ба вафоти падараш тасаллияти амиқ изҳор кард", - афзуд сухангӯи президенти Русия.

Ёдовар мешаве, мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт.

Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

Марҳум ҳам сактаи қалб ва ҳам мағзи сар шуд.

Падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз бемории шадид даргузашт

Рамазон Рабаданов яке аз дӯстони хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо пас аз фавти мураббии шинохта гуфт, ки "табибон сактаи қалбашро беҳбуд бахшиданд, аммо сактаи мағзи сарро шифо бахшидан натавонистанд. Абдулманап ба ҳуш наомада ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини ҷуо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

1774
Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Владимир Путин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

0
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон