Елена Малишева гуфт, кадом доруҳо модари 87 - солаашро аз коронавирус наҷот дод

703
(Таҷдидшуда 15:53 29.06.2020)
Галина Морозова модари 87 - солаи Елена Малишева давоми як моҳ дар бемористони шаҳри Маскав бистарӣ буд. Ӯ мубталои маризии коронавирус гардида, ду ҳафта дар шӯъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дошт

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Муҷрии барномаи "Жит здорова" - и шабакаи телевизиони Русия Елена Малишева дар бораи мубтало шудани модари 87 - солаи худ ба маризии сироятии коронавирус нақл кард.

Ба гуфтаи Малишева, модараш ба мисли дигар одамони солхӯрда дар баробари маризии коронавирус, ҳамчунин аз норасоии шадиди дил, фишорбаландӣ ва гипертанияи шуш азият мекашид. Ҳамчунин се маротиба сактаи қалбиро паси сар кардааст.

Ӯ аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки модараш бо вуҷуди доштани маризиҳои музмин тавонист бар вируси COVID -10  пирӯз ояд.

Мақомоти Пекин: "бо усули нав мавҷи дуюми коронавирусро то авохири июл шикаст медиҳем"

Елена Малишева изҳор доштааст, ки табибон модари ӯро тавассути доруҳои  дексамитазон, доруҳои дабандии хун ва инчунин моноклоналий антитела табобат намуданд ва ба натиҷаи муваффақ ноил шуданд.

"Модарам доимо доруҳои дабандии хунро истеъмол мекард. Тавре маълум гардид, ин доруҳои дар муолиҷа намудани маризони коронавирус нақши асосӣ мебозанд. Дар беморхона табибон фавран ҳабро ба сӯзандору иваз карданд. Зимнан модарам ба хӯрдани "Клексан" шурӯъ кард. Дигар доруҳо ҳам буданд, аммо доруҳои дабандаи хун ҷони модарамро аз марг наҷот дод", - афзудааст Малишева.

Зимнан, худи Галина Морозова низ изҳор доштаст, ки худро бардаму бақувват ҳис мекунад ва хастагӣ низ ӯро тарк карда истодааст.

Морозова мегӯяд, омили калидии пирӯз шудан ба маризии коронавирус ин дилгармии ӯ ба зиндагӣ буд.

703
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (625)
Здание администрации города Хорог, архивное фото

Ниқоб пӯшеду фосиларо нигоҳ доред: идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Бадахшон

4
(Таҷдидшуда 15:54 13.07.2020)
"Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" барои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар байни аҳолӣ  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ аз ҷониби кормандони ин муассиса дар ВМКБ гузаронида шуд.

Зимни вохурӣ аз сокинони ин вилоят даъват ба амал оварданд, ки аснои сайругашт дар кӯчаҳо ҳатман ниқоби тиббӣ пӯшанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Дастури президент: Ширин Исматуллозода ба ВМКБ сафар кард

Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ доир гардида истодаанд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш, баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он ширкати "Хрустал"  ба  муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  кумаки навбатӣ расонид, ки он аз  либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва доруворӣ иборат мебошад.

Даргузашти шоира Гулнисои Ризвоншо

Сардори раёсати тандурустии  вилоят Фарид Музаффаров гуфт, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ  тақдим  намудааст.

Ба изҳори ӯ, ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд.

4
Барчаспҳо:
корҳои фаҳмондадиҳӣ, Бадахшон
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев, архивное фото

Тоқаев бо ҷамъи шаҳрвандони Қазоқистон хотири қурбониёнро пос доштанд - навор

68
Нимаи дуюми рӯз, раисҷумҳур, мансабдорону вакилон, пизишкон ва шаҳрвандони оддӣ ба кӯчаҳо баромаданд, то хотири қурбониёни COVID - 19 -ро пос бидоранд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар Қазоқистон имрӯз Мотами миллӣ эълон гардидааст. Дар робита ба ин, раисҷумҳур Қосим - Жомарт Тоқаев бо ҷамъи мансабдору вакилон, пизишкону шаҳрвандони оддӣ, хотири қурбониёни маризии коронавирусро пос доштанд.

Гуфта мешавад, дар сартосари Қазоқистон имрӯз парчамҳо поён фароварда шуда, ҳамчунин баргузории тамоми чорабиниҳои фароғатӣ манъ карда шудааст.

Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ эълон шуд

Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад, ки соати 12: 00 дақиқа, назди майдони Акорд, раисҷумҳур, мансабдорон ва аъзоёни сенат ҷамъ омада, барои поси хотири қурбониён чанд лаҳза сукутро ихтиёр карданд.

Гузашта аз ин, пизишкон низ барои поси хотири ҳампешагони худ ба кӯчаҳо баромаданд. Таъкид мешавад, ки дар дасти аксар пизишкон расми нафароне буд, ки қурбони ин маризӣ гардидаанд.

Аз оғози пандемия дар Қазоқистон қариб 60 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ошкор карда шуд.  Беш аз 34 ҳазор нафар шифо ёфтанд, аммо 375 нафар қурбон шуданд.

68
Барчаспҳо:
навор, мотами миллӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (625)