БОР барои дастгирии муҳоҷирон ва занони Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад

© Пресс-служба президента Таджикистана Колледж в Хатлонской области
Колледж в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки Осиёгии Рушд ба Тоҷикистон барои такмили ихтисос барои ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ 30 миллион доллар грант медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik.  Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои такмили ихтисоси ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон 30 миллион доллар ихтисос медиҳад, хабар медиҳад намояндагии бонк дар кишвар.

"Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шуғл ва музди меҳнат, инчунин тавсеаи имконоти оҷонсиҳо оид ба шуғл ва муҳоҷират, 30 миллион доллар грант ҷудо карда мешавад", - омадааст дар хабар.

Гранти иловагӣ ба маблағи 1,5 миллион доллар инчунин аз Фонди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷопон ҷудо карда мешавад, ки онро БОР идора мекунад.

Банкомат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки марказии Русия гуфт, чӣ қадар интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

"Ин лоиҳа хусусан ҳоло муҳим аст, зеро Тоҷикистон интизори афзоиши бекорӣ ва муҳоҷирони баргашта бинобар пандемияи COVID-19 мебошад" гуфт Эко К. Изава, Сардори Идоракунии Лоиҳаҳои Иҷтимоӣ дар Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии БОР.

Бо ин маблағ, дар Хуҷанд, Бохтар ва Восеъ се маркази нави хадамоти муҳоҷират бунёд ва муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ин марказҳо барномаҳои тамоюли муҳоҷират, курсҳои забонӣ ва малакаҳои асосии кориро барои кӯмак ба муҳоҷирон дар пайдо кардани ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити бехатар дар кишварҳои таъиншуда пешниҳод мекунанд.

Иҷрочии лоиҳа Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0