День 3 июля

Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

89
(Таҷдидшуда 19:00 02.07.2020)
Рӯзи сеюми июл Дар Русия ва ИДМ — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ буда, дар Беларус ва Алҷазоир – Рӯзи Истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 3 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1863 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Филиппин қариб 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.

День 30 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1880 кишварҳои пешбари Аврупо ва ИМА Конвенсия дар бораи эълон намудани Истиқлолияти Марокашро имзо намуданд.

Соли 1886  муҳандиси немис Карл Фридрих Бенс аввалин маротиба дар ҷаҳон мошини ихтироънамудаи худро ба намоиш гузошт.

Соли 1915  дар Туркия аввалин маротиба пули коғазӣ ба муомилот бароварда шуд.

Соли 1928  аввалин телевизор ба фурӯш бароварда шуд, ки 75 доллари амрикоӣ арзиш дошт.

Соли  1936 Бозрасии давлатии автомобилии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд.

Автомобили отдельного батальона дорожно-патрульной службы ГИБДД УМВД России по Приморскому краю
© Sputnik / Виталий Аньков
Автомобили отдельного батальона дорожно-патрульной службы ГИБДД УМВД России по Приморскому краю

Соли 2007 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҳамчун макони баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ қабул гардид.

Сочи: вид с яхты на Морской вокзал
© Sputnik /
Сочи: вид с яхты на Морской вокзал

Рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1940 - дар Душанбе корхонаи гӯштбарорӣ (Мясокомбинат) таъсис ёфт.

Соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуд, ки он бекор кардани ҳукми қатл барои занонро дар бар мегирифт.

Соли  2006 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Маркази бемориҳои саратоншиносӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ва «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро имзо кард.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду кишвар оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Соли 2014 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» Бизнес-форуми дурӯзаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 июл

  • Дар Русия ва ИДМ — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ.
  • Дар Беларус – Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи ҷумҳурӣ.
  • Дар Алҷазоир – Рӯзи Истиқлолият.

Рӯзи 3 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1518 — Ли Шичжэн (даргузашт 1593), пизишки машҳури Чин.

Соли 1883 — Франтс Кафка (даргузашт 1924), философи лаҳистонӣ, нависандаи олмонизабон.

Франц Кафка - чешский философ, немецкоязычный писатель
Франц Кафка - чешский философ, немецкоязычный писатель

Соли 1906 — Ҷорҷ Сандерс (даргузашт 1972), ҳунарманди бритонӣ, дорандаи ҷоизаи "Оскар".

Соли 1955 — Ирина Моисеева, варзишкори шӯравӣ (рақс дар рӯи ях), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва Урупо.

Соли 1962 — Том Круз, ҳунарманди амрикоӣ, коргардон, продюсер, дорандаи ҷоизаи "Золотой глобус".

Рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1905 – корманди давлатӣ ва ҳарбӣ Раҷабалӣ Ҷалилов.

Соли 1940 – журналист Раҷаб Мардонов.

Соли 1941 – ҳунарманди балет, ҳунарпешаи халҷии Тоҷикистон, номзади мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Музаффар Бурҳонов. 

Соли 1952 – ҳунарманди театр, корманди шоистаи Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов.

Соли 1953 – композитор Константин Тушинок.

Соли 1954 – доктор илмҳои философӣ, адабиётшинос, Умриниссо Казакова.

Соли 1970 – Давлаталӣ Саидов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон.

Рӯзи 3 июл кӣ вафот кардааст

Соли 1642 — Мария Медичи (соли таваллудаш 1573), маликаи Фаронса (1600—1610).

Соли 1969 — Брайан Ҷонс (соли таваллудаш 1942), гиторнавози The Rolling Stones.

89
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Маросими видоъ бо устод Гулназар Келдӣ - навори муфассал

677
Шоири маъруфи Тоҷикистон, муаллифи Суриди миллӣ Гулназар Келдӣ рӯзи 13 - уми август дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ҷанозаи шоири шаҳир ва маҳбуби Тоҷикистон бегоҳи ҳамон рӯз баргузор шуд ва Келдӣ дар оромгоҳи Лучоб манзили охираташро дарёб кард.

Навори маросими видоъ бо шоири зиндаёд Гулназар Келдиро сомонаи "Фараж" дар сафҳаи худ нашр намудааст.

Аз навор бармеояд, ки дар маросими хайрибод бо шоири маҳбуб даҳҳо нафар ходимону олимон,намояндагони ҳукумат, пайвандон ва ҳаводорони ӯ ҳузур доштанд.

Аксари иштирокчиёни маросими видоъ, ниқоби муҳофизатӣ доштанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоӣ низ аснои дуо хондан ва вориди хок намудани шоир риоя мешуд.

Ёдовар мешавем, ҳамагӣ чанд рӯз пеш Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида шуд ва ахиран рӯзи 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Низом Қосим гуфт, ки Гулназар Келдӣ дар куҷо ба хок супурда хоҳад шуд

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.
677
Барчаспҳо:
навор, маросими видоъ, Гулназар Келдӣ
Президент Беларуси Александр Лукашенко

"Зиндаам ва аз ватан фирор накардам": Лукашенко хабари тарки Минс карданашро рад намуд

1655
(Таҷдидшуда 17:11 14.08.2020)
Кишвардори Белорус Александр Лукашенко овозаҳо дар мавриди тарк кардани ватанро беасос хонда онҳоро рад намуд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Александр Лукашенко раисҷумҳури Белорус хабари фирор кардани худро аз ватан дуруғ гуфт. хабар медиҳад РИА Новости.

Кишвардори Белорус дар ин бора дар ҷаласаи навбатӣ бобати вазъи соҳаи сохтмон иброз дошт.

"Дар аввал ман зинда ҳастам ва дар хориҷи кишвар ҳам нестем. Зеро ин ҷо бархе аз мӯҳтарамон овозаҳо бароварданд, ки президент берун аз ватан қарор дорад. Ман дар ватан ва имрӯз 14 - уми август бо шумо вазъи соҳаи сохтмонрро баррасӣ мекунем", - афзуд Лукашенко.

Зимнан, кишвардори Белорус ба корпартоӣ дар аксар корхонаҳои ин кишвар таъкид намуда гуфт, ки боздошта  шудани кор ба аз даст рафтани бозор хоҳад овард.

"Агар мо бас кунем, мо ҳеҷ гоҳ истеҳсолоти худро оғоз нахоҳем кард. Ҳеҷ гоҳ! Мо ба ин ботлоқ ворид мешавем. Мардум бояд инро дарк кунанд: кор кардан нахоҳед, накуне, агар шумо кор кардан хоҳед, пас кор кунед", - таъкид кард Лукашенко.

Раҳмон ба Лукашенко: пирӯзӣ, гувоҳи эътирофи саҳми бузургатон дар соҳибихтиёрии давлат аст

Ёдовар мешавем, шаҳрвандони Белорус пас аз анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ даст ба корпартоӣ заданд. Зеро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, бар тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот Александр Лукашенко бо ба даст овардани 80 дарсади раъй пирӯзӣ ба даст овард.

1655
Барчаспҳо:
Белорус, Александр Лукашенко

Довари бозии "Куктош" ва "Хатлон" муҷозот карда шуд

0
(Таҷдидшуда 18:22 15.08.2020)
Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътирози дастаи "Хатлон"- ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бо қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари асосии бозии даври 11-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои "Куктош" ва "Хатлон" (2:1) Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварӣ дар ду даври бозиҳои Лигаи олӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои сомонаи "Варзиш", Кумитаи доварони ФФТ эътирози дастаи "Хатлон"-ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд.

Пас аз таҳлили наворҳои бозӣ Кумитаи доварон ба хулосае омад, ки Беҳрӯз Муртазоев ҷониби дарвозаи "Хатлон" пеналтиро дуруст таъин кардааст.

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

Аммо дар ҳолати дигар Муртазоев иштибоҳан корти сурх ба дарвозабони "Куктош" Қурбоналӣ Бобоев нишон надод, ки номбурда қасдан бозигари рақибро бо пой зад.

Бинобар ин, Кумитаи доварони ФФТ барои вайрон кардани Кодекси интизомии доварон қарор баровард, ки Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварии ду даври мусобиқаҳои зери васояти Лигаи футболи Тоҷикистон доир мешуда, маҳрум карда шавад.

0
Барчаспҳо:
муҷозот, довар, Тоҷикистон, футбол