Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Раиси Суғд ба аёдати собиқадорони меҳнат рафт

128
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара собиқадорони меҳнат Абдусамад Шомирсаидов ва Холисҷон Темурҷоновро аёдат намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ба иттилои котиботи ҳукумати Суғд, собиқадорони меҳнат аснои мулоқот аз лаҳзаҳои ҷолиби кору фаъолияти хеш ёдовар шуда, барои дастгириҳои доимӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

Котибот тавзеҳ дод, ки Абдусамад Шомирсаидов 14 январи соли 1944 дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ соли  1975 Институти хоҷагии қишлоқ, ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси муҳандис - технолог хатм намудааст.

“Аз соли  1960  то соли  2013 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи кишоарзӣ фаъолият бурдааст ва хизматҳояш бо ордени “Дӯстии халқҳо”, медалҳо, унвони “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва даҳҳо ифтихорнома қадр шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар мавриди Холисҷон Темурҷонов зикр гардид, ки ӯ 23 ноябри соли 1942 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ соли  1965 институти химиявию технологии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандис  - технолог ва соли пасон Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис -иқтисодчӣ хатм намудааст. Мавсуф барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника (1987) буда, то соли  2004 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи саноат ва хизмати далатӣ фаъолият бурдааст ва хизматҳояш бо орденҳои “Нишони Фахрӣ” (1971), Байрақи Сурхи Меҳнат (1981) ва медали “Барои меҳнати шоён” қадрдонӣ шудааст, таъкид кард котиботи ҳукумати Суғд.

128
Барчаспҳо:
аёдати собиқадорон, изофа ба ҳуқуқи бознишастагии куҳансолон, вилоят, Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон
Пустое кресло

Тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи раиси Бадахшон: Улфатшоев вазифаи нав гирифт

247
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор дар ҳайати дастгоҳаш тағйироти кадрӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бо қарори Файзов Ёдгор раиси ВМКБ, Улфатшоев Ҷангибек Мирзоевич аз вазифаи ишғолкардаи худ канор рафт.

Номбурда дар асоси қарори раиси вилоят, аз вазифаи сармутахассиси бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ озод гардид.

Раҳмон гуфт, на ҳамеша аз рӯи ахбори пешниҳодшуда ба ӯ кор мекунад-видео

Бар хабари котиботи раиси ин вилоят, Улфатшоев Ҷангибек дар асоси қарори раис ба мансаби муовини сардори Раëсати маориф таъйин карда шуд.

"Дар мақоми нав, Улфатшоев аз санаи 25 - уми сентябр ба ифои вазифа шурӯъ мекунад", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, Улфатшоев Ҷангибек давоми 9 сол дар дастгоҳи раиси вилоят ба вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

247
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, ВМКБ
Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область

Сафари Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи пул оғоз ёфт

59
Кишвардори Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафарӣ корӣ ба вилояти Хатлон имрӯз ба ноҳияи Ховалинг ташриф овард

 

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Сафари кории Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи пули нав миёни деҳаи Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт.

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, пули нав дар болои дарёи Ёхсу сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад.

Иқтидори борбардории пул 40 тоннаро ташкил медиҳад.

Раҳмон дар Мӯъминобод бо дастовез ба хонаи сокини маҳаллӣ рафт

Иншооти нав аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумахон Қосимов дар муддати кӯтоҳ бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои саҳм гузоштан дар ободонии маҳалли худ таҳсину офарин хонда, намунаи ибрат барои дигар арзёбӣ кард.

59
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, пул, Ховалинг, Эмомалӣ Раҳмон
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

222
(Таҷдидшуда 18:23 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

222
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд