День 21 июля

Ҷашнҳои рӯзи 21 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

76
(Таҷдидшуда 20:31 20.07.2020)
Рӯзи бисту якуми июл дар Белгия- Рӯзи миллӣ ва дар Гуам- Рӯзи озодӣ мебошад. Дар Тоҷикистон соли 1994 дар ин рӯз қонун “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд

Рӯзи 21 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1822 аввалин империяи Мексика таъсис ёфтааст.

Соли 1959 дар ИМА аввалин киштии  коммуналии атомии «Саванна» ба об сар дода шудааст

День 20 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1969 аввалин маротиба инсон ба баландии баробари моҳтоб баромад, 1969

Соли 1870 дар Лондон аввалин Агентии ақди никоҳ ба кор оғоз намудааст.

Соли 1983 дар истгоҳи «Восток»- Антарктида   ҳарорати пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шудааст, ки он −89,2 °C-ро  ташкил додааст.

Соли 1969 аввалин бор одам ба сайёраи Моҳтоб баромадааст. Ӯ Нил Армстронг, командири киштии кайҳонии Америка — «Аполлон-11» буд.

Рӯзи 21 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1994 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд.

День 19 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 қонун, аз ҷумла, 5 қонуни мукаммал ва 25 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонд.

Соли 2010 таҳти раёсати Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов доир  ба татбиқ гардидани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ машварат баргузор гардида буд.

Соли 2011 Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки Маҷлиси намояндагон қабул карда буд, ҷонибдорӣ намуд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммад масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.

Соли 2017 Тоҷикистон дар бизнес-форуми Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 июл

  • Дар Белгия- Рӯзи миллӣ.
  • Дар Гуам- Рӯзи озодӣ.

Рӯзи 21 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Гулмуродзода Пайванд (1956- 2013) – доктори илми филологӣ.

Виктор Ефимов (1934 – 1995) – доктори илми филологӣ, профессор.

Идибек Зиёев (1955) – доктори илми фалсафа.

Юсуф Исҳоқӣ (1932 – 1996) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Машраб Қаландаров (1956)- сароянда.

Владимир Мелкумов (1926- 1987) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Сиёвуш (Муҳаммадалии Ҷалил) (1963) – шоир.

Анвар Тўраев (1934) – коргардони кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

76
Барчаспҳо:
ҷаҳон, Тоҷикистон

Ду дақиқа то куштани вирус аз дафтар ва қаламу қоғаз: ихтирои нави донишгоҳи Хуҷанд

469
(Таҷдидшуда 18:21 19.09.2020)
Дар Озмоишгоҳи иноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселяриро ихтироъ намудаанд, ки қодир аст, дар ду дақиқа ҳама гуна лавозимоти муҳими хониш ва коргузориро безарар гардонад

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Сино Ғафурӣ, масъули матбуотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд афзуд, ин таҷҳизот барои таъмини амнияти саломатии донишҷӯёну омӯзгорон ва масъулини донишгоҳ кашф шудааст.

  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безаркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар Хуҷанд
    аксҳо аз сафҳаи ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд
1 / 4
акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
"Дар шароити хуруҷи пандемияи COVID-19, мавзӯъи маҳв намудани вирусу микробҳои гузаранда ҳамеша матраҳ дошта мешавад. Вирусҳое, ки ҳар лаҳза ва тавассути ҳамагуна ашё хавфи сироят карданро доранд. Бо дарки ин масъала кормандони Озмоишгоҳи иноватсионии донишгоҳ дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселяриро ихтироъ намудан. Ин таҷҳизот дорои 254 нанометр пахши мавҷи ултрабунафш буда, бо ин тавон вирусу бактерияҳоеи ба қаламу дафтар ва мактбуҳо расидаро несту нобуд мекунад", - гуфт Ғафурӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилоъи Ғафурӣ, навъоварони Озмоишгоҳи назди ДДҲБСТ дар зарфи 15 рӯз ва бо харҷи 2000 сомонӣ, ё муодили беш аз 200 доллари амрикоӣ ба сохтмони ин ҷузъдони безараркунанда аз вирус муваффақ шудаанд.Ҳоло таҷҳизоти сохташуда дар донишгоҳи мазкур дар Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шудааст.

Вазорати тандурустӣ ба мулоқот бо намояндагони СУТ омодагӣ мебинад

Дастгоҳи безараркунандаи лавозимоти таълимӣ ва коргузорӣ аз ҷевон, лампаи безараркунанда (ултрофеолетӣ) шамолдеҳ (вентилятор) ва дастгоҳи ҳавокаш (гафрӣ) иборат буда, дар он қағазҳои андозаи А4 ва мактубу дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ безарар гардонида мешавад.

"Табиист, ки ҳамарӯза шаҳрвандон аз ҷумла донишҷӯёну масъулони донишгоҳҳо аз ҳуҷҷатҳои гуногуни расмӣ, аз мактубҳои содиротиву воридотӣ истифода мебаранд. Аз ин хотир, ихтирои чунин дастгоҳ барои безараргардонӣ ҳама намуд маводи конселярӣ муҳим ва саривақтӣ саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Бино ба маълумоти мутахассисон ҳангоми гузоштани мактуб ё дигар ҳуҷҷатҳои лозима нурҳои ултрабунафш вирусу бактерияҳоро нобуд сохта, ба сифати лавозимоти гузошташуда таъсир намерасонад", -таъкид кард Ғафурӣ.

Ихтироъкорон иброз намудаанд, ки 254 нанометр мавҷи дохили ин таҷҳизот ба организми одамон зарар расонида наметавонад.

Изобретение Худжандского государственного университета имени Бободжона Гафурова для дефинфекции рук
пресс-служба ХГУ имени Бободжона Гафурова

Зимнан ин дуюмин ихтирои таҷҳизоти безараркунандаи вирус дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.

Дастгоҳи пешина Санитайзер ном дошта ба таври худкор безарагардонии дастонро дар зарфи 5 - 6 сония ба иҷро мерасонад.

Дар шароити авҷи паҳншавии бемории каронавирус, ки ба ин ҳол риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳамеша таъкид мешавад, коршиносон мутобиқ ба тавони иқтисодӣ ихтироъ ва истифодаи чунин дастгоҳу таҷҳизотҳои безараркунанда аз вирусро муҳим меҳисобанд.

469
Барчаспҳо:
безарар кардан, дастгоҳ, Хуҷанд, Тоҷикистон
Генеральный секретарь Организации Объединённых Наций (ООН) Антониу Гутерреш, архивное фото

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

238
(Таҷдидшуда 16:23 17.09.2020)
Котиби генералии СММ Антониу Гутерреш мегӯяд, то ҳол ягон ваксина барои рафъи пурраи маризии коронавирус мавҷуд нест.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори Антониу Гутерреш, хуруҷи коронавирус аз зери назорат берун мешавад. Хадамоти ахбори СММ аз қавли Котиби генералии ин созмон хабар медиҳад, ки айни замон барои амнияти ҷаҳонӣ пандемия "таҳдиди рақами аввал" аст.

Гутерреш мегӯяд, шумораи умумии қурбониёни ин маризӣ ба зудӣ марзи 1 миллион нафарро убур мекунад.

Котиби генералӣ таъкид кард, ки ҳарчанд бисёриҳо ба ваксина умед бастанд, аммо то ҳол барои пандемия нӯшдору вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки ваксина худ ба худ буҳронро рафъ намекунад.

Маълум шуд, ки чанд нафар гирифторони коронаврус аз Данғара шифо ёфтаанд

Гутерриш инчунин зикр кард, ки воситаҳои табобати ин беморӣ бояд нархи  дастрас дошта бошанд. 

Қаблан роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейесус гуфта буд, ки доруе, ки битавонад COVID-19 -ро маҳв намояд, вуҷуд надорад. Ба гуфти ӯ раҳоии абадӣ аз  коронавирус, сарфи назар аз умедвориҳои калон ба ваксинаи муассир ғайриимкон аст.

238
Барчаспҳо:
назорат, маризӣ, Антониу Гутерреш
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Итоговая пресс-конференция Миссии наблюдателей от СНГ после выборов

Номзадҳо дар шаҳри Душанбе ба зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни чӣ ваъда доданд?

0
(Таҷдидшуда 02:46 20.09.2020)
Ахиран вохӯрии навбатии номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар вохӯрӣ зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни пойтахт иштирок намуда, бо муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо шинос шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории давлатии АМИТ “Ховар”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода таъкид намуд, ки боз ҳам баланд бардоштани мавқеи бахши аграрӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ дар меҳвари барномаи пешазинтихоботиаш қарор дорад.

Абдуҳалим Ғаффорзода номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб рушди соҳаи саноат бо роҳи баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир аз  тадбирҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар Барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби шахси боэътимод Аброр Мирсаидов  муаррифӣ карда шуд, таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии мамлакат ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Номзад ба  мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода дурнамо ва самтҳои таҳкими вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишавар, дастгирии ҷавонон ва дастрасии онҳо ба манзилро, ки дар барномаи пешазинтихоботиаш дарҷ ёфтааст, ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла таъкид гардидааст, ки  таъсиси бозори ширкатҳои идоракунанда бо мақсади ғайриинҳисоркунонии хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ, созмондиҳии ширкатҳои идоракунандаи нав ҳамчун корхонаҳои маҳаллӣ дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшида бо иштироки аҳолии минтақа ҳамчун саҳҳом зарур аст.

Номзад Мироҷ Абдуллоев, аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботии худ диққати асосиро ба ҳамоҳангсозии сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кишвар, беҳтар кардани инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии давлатӣ ва боз ҳам боло бурдани мақому манзалати занон равона намудааст. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҷониби шахси боэътимод Заррагул Мирасанова муаррифӣ карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Номзадҳо аз ҳозирин хоҳиш карданд, ки фаъолона дар ин маракаи муҳимми сиёсӣ иштирок намоянд.

0
Барчаспҳо:
ваъда, мансаб, Душанбе, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон