День 25 июля

Ҷашнҳои рӯзи 25 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

58
(Таҷдидшуда 20:17 24.07.2020)
Рӯзи бисту чоруми июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ, дар Тунис – Рӯзи ҷумҳурӣ, дар Пуэрто-Рико – Рӯзи Конститутсия ва дар Беларус – Рӯзи хадамоти оташнишонӣ мебошад

Рӯзи 25 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1965  дар фестивали фолклории шаҳри Нюпорти Род-Айленд Боб Дилан аввалин маротиба дар саҳна бо гитори барқӣ ҳунарнамоӣ кард.

День 24 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1984 дуюмин зани кайҳоннавард Светлана Савитская ба кайҳон баромад.

Соли 1947 дар Прага аввалин Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 кишвари дунё иштирок намуданд.

Соли 1992 дар Барселона бозиҳои тобистонаи олимпии XXV оғоз гардида, 9 август ба охир расиданд.

Соли 2002  дар Чин жола борид, ки ҳаҷмаш ба тухми мурғ баробар буд.

Рӯзи 25 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро имзо намуданд.

Соли 2008 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон ба Душанбе омада буданд, ба ҳузур пазируфт.

День 22 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли  2009  дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо иштироки намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон  ҷашнвораи фарҳангӣ-экологии «Боми ҷаҳон» баргузор гардид.

 

Соли 2017 роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва татбиқи нақшаҳои муштарак баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 июл

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ.
  • Дар Тунис – Рӯзи ҷумҳурӣ.
  • Дар Пуэрто-Рико – Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Беларус – Рӯзи хадамоти оташнишонӣ.

Рӯзи 25 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Фаридуддин Аттор (1145 – 1221) – шоирифорс – тоҷик.

Абдуғаффор Домуллоев (1936) – нависанда.

Леонид Кровитский (1909 – 1981) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Миҷгонаи Суғдӣ (1993)- шоира.

Ҷаҳонгир Низомов (1947)- доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Сатторӣ Қиёмиддин (1955 ) – драматург.

Рауф Тоҳирӣ (1912 – 1945) – нависанда.

Ҳамроҳбой Ҳомидов (1941)- иқтисоддон, профессор.

Юнусалӣ Эргашев (1955) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

58
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Фаромӯз Иргашов, худпешбар ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон

Фаромуз Иргашов: "Ман ба Президент ва мардум паёмамро расондам"

2332
(Таҷдидшуда 18:48 21.09.2020)
Фаромуз Иргашов, адвокат аз шаҳри Хоруғ, танҳо нафаре буд, ки талош кард тариқи худпешбарӣ номзадии худро дар интихоботи президентии Тоҷикистон бигзорад, аммо ба ин далел ки натавонист теъдоди зарурии имзоҳоро ҷамъ орад, аз сабқат монд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар сабқати интихоботи президентии Тоҷикистон ҳоло 5 нафар, ба шумули Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ ва раисони чор ҳизби дигар нерӯозмоӣ мекунанд.

Дар интихоботи қаблӣ низ айни ҳамин манзара буд. Аммо ин дафъа вақте Фаромуз Иргашов, як ҳуқуқшинос ё ҳимоячии оддӣ ва он ҳам тариқи худпешбарӣ аз тасмими худ хабар дод, сару садоҳои зиёде ба миён омад. Бархе мегуфтанд, ӯ як бозигари "худӣ" – и ҳукумат аст, бархеи дигар ба ин бовар буданд, ки ӯро кадом дастҳое аз хориҷу дохил ба ин майдон партоб кардаанд.

Sputnik Тоҷикистон ба суҳбати Фаромуз Иргашов рафт, то парда аз рӯи ин ҳама гуфтугузорҳо бардорад.

- Суҳбатро аз ин сар кунем, ки бархе мегуфтанд, Шумо як тарҳи ҳукуматед, бархе ҳам ҳадс заданд, ки Шумо кадом як неруҳои хориҷӣ вориди майдон кардаанд. Шумо чӣ мегӯед?

- Мардуми мо мегӯяд: "каҷ шину рост гӯ". Маро мушкилоти мардум, қабл аз ҳама коррупсия ва қонуншиканиҳо аз сӯи як идда мансабдорон ба майдон овард. Ман дар суҳбати аввалини худам ин нуктаро гуфта будам.

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон: барои иштирок дар интихобот 260 ҳазор имзо ҷамъ кардем

Ҳарфи ин, ки маро хориҷиҳо ба майдон оварда бошанд, аз аввал буд. Як бор аз мақомот ба назди ман омаданд. Ташвиши онҳо ин буд, ки мегуфтанд, ҳоло бачаи ҷавонӣ, хеле чизҳоро намефаҳмӣ, дунёро бин, ки чӣ мегузарад, ба сари давлатҳо чӣ омадааст. Мепурсиданд, ки бо мухолифин дар Аврупову кишварҳои хориҷӣ тамос дорӣ, ё не.

- Шумо чӣ мегуфтед?

- Ростӣ, агар ман ҳам ба ҷои онҳо мебудам, чунин ташвиш мекашидам. Аммо ман ба онҳо гуфтам, ки фақат ба мардуми оддӣ ва давлати Тоҷикистон такя мекунам, зеро аз ҳисоби онҳо хондаму ҳуқуқшинос шудам. Ҳоло ҳам нони ин давлату мардуми худамро мехӯрам. Пас чаро хиёнат кунаму дар хизмати кадом як кишвари хориҷӣ бошам? Ҳар кишвари хориҷӣ манфиати худро дорад ва Тоҷикистон низ. Барои мо манфиати Тоҷикистон аз ҳама болост. Ман ба ягон нерӯи оппозитсионӣ дар дохил ё хориҷ аслан бовар надорам. Фақат ба мардуми худам бовар мекунам. Ҳамчун ҳимоячӣ низ дар хизмати ҳамин мардум ҳастам.

Вақте ин ҳарфҳоро гуфтаму фаҳмиданд, дигар коре бо ман нагирифтанд.

- Ин овозаҳо, ки ба Шумо мақомот фишор оварданд, сиҳат надоранд?

- Ҳамин овозаҳо маро ба ташвиш оварданд. Ягон фишору таҳдид аслан вуҷуд надошт. Ягон монеаи ҷиддӣ эҷод накарданд. Ҳаққонӣ ва мардона мегӯям. Тарс надорам. Агар мебуд, ҳатман изҳорот пахш мекардам, мегуфтам, ки фалон мақомот чунин карду чунон.

Фақат як монеа буд дар оғози кор, ки қариб даҳ рӯз натавонистам намояндаи КМИР дар Бадахшонро пайдо кунам, то масъалаи ҳуҷҷатҳоро баррасӣ кунем. Мерафтам, ки дар дафтараш нест. Мегуфтанд, ки Душанбе рафтааст. Омад. Занг зада гуфтам, ки чӣ мехоҳам. Гуфт, фардо занг зан. Фардо занг задам, тилфонашро набардошт. Ба як азоб ӯро пайдо карда, масъаларо баррасӣ кардем ва ман шуруъ кардам ба кор бо мардум. Ҳамин қадар монеа буд.

Дар як рӯз 17 ҳазор имзо

- Корро аз чӣ шурӯъ кардед?

- Дар қонун мушаххас омадааст: ҳамон рӯз, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирӣ (КМИР) санаи интихоботро эълон дошт, ҳамон рӯз сабқат шуруъ мешавад. Дар оғоз бо аъзои ситодам маслиҳат кардем, ки аввал имзо ҷамъ оварда, пас ба мардум муроҷиат кунем. Дидем, ки аз ин роҳ намешавад. Сипас ба мардум муроҷиат кардем, то барои ҷамъ овардани имзо кӯмак кунанд.

Номзадҳо дар шаҳри Душанбе ба зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни чӣ ваъда доданд?

- Чӣ қадар имзо ҷамъ овардед?

- Тайи як моҳ 83 ҳазору 756 имзо ҷамъ овардем. Тими мо сахт кор кард. Аз тамоми ҷумҳурӣ – Суғд, Хатлон, Бадахшон ва муҳоҷирину тоҷикистониёне, ки дар хориҷ аз кишвар – Русия, Аврупо, Амрико ва ғайра зиндагӣ мекарданд, имзоҳо омаданд. Аз рӯи фоиз 60% имзоҳоро дар дохил, 40% аз хориҷ ҷамъ шуд.

25 то 30 нафаре пайдо шуданд, ки холисона ва бидуни музд кӯмак карданд. Дар Бадахшон худи стоди мо дастрасӣ дошт, дар навоҳиву вилоятҳои дигар аз шиносҳоямон истифода кардем. Бовар намекунед, аз ҳама зиёд аз Хатлон имзо омад. Аз Бадахшон ҳамагӣ 41, аз ҷумла зодгоҳам Хоруғ 11 ҳазор имзо ҷамъ шуд. Бақия имзоҳо ҳама аз навоҳиву вилоятҳои кишвар ва шаҳрвандони мо дар хориҷа буданд.

Як нуктаро барои онҳое, ки мардуми Тоҷикистонро ба маҳалҳо тақсим карданӣ мешаванд, бигӯям. Дар замони ҷамъ овардани имзоҳо на фақат дар Бадахшон, балки дигар гӯшаву канори Тоҷикистон тасмими маро хеле самимона қабул карданд. Чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ ҳар кӣ ҳар чӣ аз дасташ омад, кӯмак кард. Ман аз ҳамаи онҳо сипосгузорам.

- Ин имзоҳо чӣ тавр ба дасти Шумо мерасиданд?

- Масалан, дар 15 варақ 2 ҳазор имзоро сканер карда фиристоданд. Бархе ҳам якнафарӣ бо вайбер ё почта ирсол мекарданд. Ном, номи хонаводагӣ, ҷои зист ва ғайра мушаххасот ҳатман зикр мешуд.

Харҷ, шикоят ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон

- Фаромуз, ин ҳама даводавҳо дар маъракаи интихоботӣ харҷ мехоҳад. Харҷи Шумо, ба истилоҳ, аз кисаи кӣ буд?

- Ҳама ройгон буд. Масалан, як нафар мошин дошт, дигарӣ барои он сӯзишворӣ мехарид ва нафарони дигар фикри хӯроку хобу хези гуруҳи кориро мекарданд. Бовар кунед, дар се рӯз 17 ҳазор имзо ҷамъ шуд.

Интихоботи президенти Тоҷикистон: муҳиммот

Ман фақат як манбаъи даромад дорам, ки он ҳам маошам аст. Дар сурати гузаштан аз сабти ном дар КМИР ба шуъбаи молияи вилоят муроҷиат мекардам, зеро тибқи қонун, харҷи маъракаи интихоботии як номзад аз ҳисоби буҷаи давлат аст.

- Ҳоло Шумо, ки номзад нестед, ягон шикоят надоред?

- Чаро шикоят кунам? Агар метавонистам, ки тамоми имзоҳоро ҷамъ кунам, ҳатман аснодамро барои номзадӣ пешниҳод мекардам. Аммо чаҳорчӯби қонун ҳамин аст. Агар КМИР номзадии маро бо вуҷуди ин ки тамоми ҳуҷҷатҳоро доштам, рад мекард, он гоҳ асос мешуд, ки боз ҳам дар чаҳорчӯби қонун ба тамоми зинаҳои судӣ муроҷиат кунам. То СММ менавиштам. Ором наменишастам. Аммо асос, ки нест, наметавонам, ки аз чаҳорчӯби қонун бароям ва қонунро нақз кунам.

- Барои бисёриҳо ин нукта ҷолиб аст, ки Шумо чӣ тур бо Эмомалӣ Раҳмон, як шахсияте, ки тайи қариб 30 соли ахир дастоварди зиёду гузаштаи хеле дурахшони сиёсӣ дорад ва дар сатҳи минтақаву ҷаҳон низ шинохта шудааст, чӣ тавр мехостед рақобат кунед?

- Агар воқеӣ бинем, шансу имкониятҳои банда нисбати Пешвои миллат, президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле кам буданд. Ман ба шахсияти он кас эҳтироми бузург қоилам. Ҳадафи ман ҳатман президент шудан ё пирӯз омадан набуд. Ман шансҳои худро дуруст муҳосаба карда будам. Аммо ду паём доштам бо ин тасмиме, ки гирифтам: аввал, садои дили худро ҳамчун як адвокат ва шаҳрванд ба мардум ва пеш аз ҳама ба Президент мехостам расонам ва гӯям, ки чӣ қадар ватани моро коррупсияву қонуншиканиҳои бархе мансабдорон азият медиҳаду беобрӯ мекунад. Мехостам ҳамин садои дили ман ба Президент бирасад. Дуюм, созмонҳои байнулмилаливу хориҷӣ Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки ин як кишвари диктаторӣ асту озодӣ надорад. Ман ба онҳо собит карданӣ будам, ки чунин нест ва Тоҷикистон як давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст. Масалан, ман як адвокати оддӣ метавонам, ки номзадии худро пешниҳод кунам. Ҳамин ду ҳадаф буд, ки умедворам, то ҷое ба онҳо расидам.

Ба ҷавони президентшав роҳ надоданд: КМИР номзадии Фаромӯз Иргашовро сабт накард

- Аз ин ба баъд бо фаъолиятҳои сиёсӣ машғул хоҳед шуд?

- Ман хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳастам, на санъату мусиқӣ. Ҳуқуқшинос ва ҳимоячӣ ҳастам. Ҳуқуқи мардумро ҳимоят мекунам. Кори ман ба таври табиӣ бо сиёсат гиреҳ мехӯрад. Ҳоло ки натавонистам дар интихобот ширкат кунам, ба хондану таҷрибаомӯзӣ, ҳар коре, ки қонунгузорӣ иҷозат додааст, машғул хоҳам шуд.

2332
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Интихоботи президентӣ, мусоҳиба
Блюдо из жареного риса

Ғизошиносон мегӯянд, истеъмоли биринҷи қаҳваранг маризии қалб ва саратонро коҳиш медиҳад

398
(Таҷдидшуда 18:10 21.09.2020)
Истеъмоли биринҷи қаҳваранг хатари мубталошавии инсонро ба маризиҳои саратону қалб коҳиш медиҳад. Ғизошиносон тарзи дуруст истеъмол кардани ин навъ биринҷро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар тибқи таҳқиқоти мутахассисони хориҷӣ, селен ва магний, ки дар таркиби ин навъ ғалладонагӣ мавҷуд аст, аз ҷамъшавии холлестирин дар рагҳо пешгирӣ мекунад, менависад FoodNews.

Гузашта аз ин, антиоксидантҳо, ки дар таркиби биринҷи қаҳваранг мавҷуданд, таъсири зиддиилтиҳобӣ доранд ва хавфи сар задани саратони сина ва рӯдаи ғавсро коҳиш медиҳанд.

Олимон: риш одамро аз саратон муҳофизат мекунад

Ба гуфтаи мутахассисони ғизошинос, таркиби ин навъ биринҷ аз сафеда ва минералҳо бой аст, ки дар нигоҳ доштани кори дурусти рӯдаҳо, меъёри қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад.

Ғизошиносон тавсия медиҳанд, ки биринҷи қаҳварангро ҳамчун гарнир ва ё дар таркиби хӯрокҳои обдору хӯришҳо истифода кард.

398
Тепловоз, архивное фото

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

0
(Таҷдидшуда 18:43 22.09.2020)
Намояндагони Туркманистон ва Афғонистон ҳамкориҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳане, ки кишварҳои Осиёи Марказиро метавонад бо ҳам пайвандад, баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Намояндагони ожонсии “Роҳи оҳани Туркманистон” ва Идораи роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Афғонистон доир ба сохтмони роҳи оҳан дар доираи лоиҳаи ТАТ-ро гуфтугӯ анҷом доданд, иттилоъ додааст рӯзномаи интернетии “Turkmenistan.ru”.

Аз ҷумла тарафҳо сохтмони қитъаи роҳи оҳани Акина –Андхой ва Тургунди-Ҳиротро баррасӣ карданд.

Дар ҳоли ҳозир, 1,5 километр роҳи оҳан сохта шудааст. Ҳамчунин аз 33 иншооти обгузар, сохтмони 16 иншоот ба анҷом расидааст.

Баъд аз анҷоми хобондани роҳи оҳан дар қитъаи Акина – Андхой, қарор аст сохтмони ин роҳи оҳан то марзи Тоҷикистон идома ёфбад.

Ҳангоими гуфтушунид, таъкид шудааст, ки роҳи оҳани мазкур имкон медиҳад ба Афғонистон ба муносибатҳои иқтисодӣ боз ҳам бештар ҷалб шавад.

Гуфта шудааст, ки ин раванд метавонад ба пойдори сулҳ дар ин кишвар мусоидат кунад.

0
Барчаспҳо:
баррасӣ, сохтмон, роҳи оҳан, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон