День 2 августа

Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

67
(Таҷдидшуда 19:48 01.08.2020)
Рӯзи 2 август дар Сербия – Рӯзи авиатсия, дар Озарбойҷон – Рӯзи синамои миллӣ, дар Македония – Рӯзи ҷумҳурӣ ва дар Гаяна – Рӯзи озодӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 2 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1791 Самуэл Бригс ва писараш  барои сохтани дастгоҳи истеҳсоли мех патент ба даст оварданд.

Соли 1858 аввалин маротиба дар хиёбони Бостони ИМА қуттии почта насб гардид.

Почтовый ящик, архивное фото
Почтовый ящик, архивное фото

Соли 1914 Олмон ва Туркия оид ба ҳамкорӣ шартномаи махфӣ ба имзо расониданд.

День 1 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1937 дар Олмон калонтарин хор дар таърихи башарият суруда шудааст, ки дар он зиёда аз 60 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Соли 1941 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА мубодилаи номаи ёддошт сурат гирифта, ИМА омодагии худро барои ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг кумак расонидан баён дошт.

Соли 1946 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои ёрии СММ таъсис дода шуд.

Соли 1993 Грузия рублро бекор карда, купони худро ба муомилот баровард.

Рӯзи 2 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли  2006  дар деҳаи Лангари ҷамоати Зонги Ишкошими ВМКБ дар сарҳади байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистон бозори наздисарҳадӣ барои хариду фурӯши маҳсулоти дуҷониба ифтитоҳ гардид.

День 31 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як Фармони худ иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорумро даъват намуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»- ро ба баррасии он пешниҳод кард.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакартаи Индонезия дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 август

  • Дар Сербия – Рӯзи авиатсия.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи кинои миллӣ.
  • Дар Македония – Рӯзи ҷумҳурӣ.
  • Дар Гаяна – Рӯзи озодӣ

Рӯзи 2 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Таваралӣ Ғаниев (1962) – доктори илми иқтисод, профессор.

Абдулазиз Ғаффоров (1960)- доктори илми техникӣ.

Абдуҳаким Fафуров (1942-2003)- доктори илми биологӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Бурӣ Кимсанов (1941 – 2005) – доктори илми химия, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Парпишо Қимматшоев (1950)– актёритеатр.

Бахтиёр Қодиров (1963)- доктори илми педагогӣ.

Абдулхайр Қосимов (1907 – 1999) – актёри кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Рауфӣ Абдуғаффор (1950)- доктори илми иқтисод.

Воҳид Розиқов (1942) – доктори илми иқтисод, профессор.

Шокирзода Шодӣ Нӯъмонпур (1968) – адабиётшинос, шоир.

Елена Яковлева (1909 - 1989) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

67
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 31 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Жительница Кулябя , заслуженная труженица Саъбагул Валиева на встрече с президентом

Рӯймол зеби модарони тоҷик аст: тавсифи Раҳмон аз рӯймолбандии зани кӯлобӣ - навор

1344
(Таҷдидшуда 20:16 24.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аснои мулоқот бо фаъолони ин манотиқ, аз тарзи рӯймолбандии як модар, ки назди кишвардор суханронӣ карда буд, тавсиф намуда, гуфт, ки ин беҳтарин тарзи бастани рӯймол буда, он бисёр зебанда аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, аз рӯйи анъана бо фаъолони ин манотиқ сӯҳбати гарм баргузор кард.

Аснои мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Кӯлоб, як сокини маҳаллӣ бо номи Саъбагул Валиева, собиқадори меҳнат бо баромадаш ба сарвари давлат муроҷиат намуд.

Валиева аз саҳми занони тоҷик дар пешрафт ва ободонии Тоҷикистон таъкид карда, афзуд ки бонувони тоҷик имрӯз дар баробари мардон, барои тараққиёти давлати тоҷикон саҳми назаррас доранд.

Лаҳзаи суханронии ин зани фаъол дар шабакаи YouTube нашр гардид.

Ба изҳори модари тоҷик, "имрӯз дар тамоми соҳаҳо, саҳми занони тоҷик бараъло ҳувайдост".

Зимнан, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар тақвияти ҳарфҳои Валиева илова намуд, ки дар соҳаи маориф 70 дарсади кормандонро занон ташкил медиҳанд.

"Ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ низ 60 фисади кормандон аз занони баруманди тоҷик иборат аст", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Шартномаҳо: Раҳмон ҳадафи Рустами Эмомалиро аз сафарҳо гуфт

Пас аз анҷоми суханронии собиқадори меҳнати шаҳри Кӯлоб, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷой бархост ва бо изҳори қаноатмандӣ барои ҳарфҳои гуфтаи ӯ каф кӯбид.

Эмомалӣ Раҳмон барои суханони неку тарбиятдиҳанда ба Валиева изҳори миннатдорӣ намуда, тарзи бастани рӯймолашро васф кард.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, занони тоҷик бояд айнан ба мисли Валиева рӯймол банданд, зеро ин тарзи бастани рӯймол танҳо хоси занони тоҷик аст.

1344
Барчаспҳо:
навор, фаъолон, мулоқот, сафар, Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон
Военный 201-й РВБ привезли подарки многодетной семье в труднодоступный кишлак

Мақомоти Тоҷикистон мизони кумак ба хонаводаҳои фақирро эълом кард

106
(Таҷдидшуда 20:19 24.09.2020)
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба хонаводаҳои ниёзманд беш аз 138 миллион сомонӣ кӯмаки молӣ расонида шудааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нахустин бор мизони кумакҳои расондашуда ба хонаводаҳои фақирро эълом кард.

Тибқи хабаре, ки дар сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ нашр шудааст, Шодихон Ҷамшед ахиран дар ҷаласаи ҳайати мушовираи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки танҳо дар ҳашт моҳи соли равон дар 40 ноҳияи ҷумҳурӣ ба 103 ҳазор хонаводаи фақир 16 дар ҳаҷми миллион сомонӣ кумаки молӣ расонда шуда аст.

Вай таъкид карда аст, ки дар шаш соли ахир дар чорчӯби барномаи ҳимоят аз қишҳои фақир дар Тоҷикистон ба аъзои 470 ҳазору 500 хонаводаи ниёзманд беш аз 138 миллион сомонӣ кумаки молӣ ироа шуда аст .

Бояд қайд кард, ки Бонки ҷаҳонӣ низ ба далели густариши вируси корона барномаи кумаки 50 миллиондолларӣ ба қишрҳои осебпазир дар Тоҷикистонро дар дастури кор қарор дода аст .

106
Барчаспҳо:
фақир, хонавода, фақр, кумак, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия