День 18 августа

Ҷашнҳои рӯзи 18 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

103
(Таҷдидшуда 20:57 17.08.2020)
Рӯзи ҳаждаҳуми август дар Тоҷикистон чун Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад. Дар Қазоқистон –Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар Австралия бошад Рӯзи собиқадорони Ветнам мебошад

Рӯзи 18 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1700  дар Шветсия баъди гуфтушунид Копенгаген, Дания ва Шветсия шартномаи сеҷонибаи сулҳ ба имзо расониданд.

День 17 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1855 Ватикан назорати соҳаи маориф ва бақайдгирии ақди никоҳро дар Вена пурра ба зиммаи худ гирифт.

Соли 1914 ИМА нисбат ба ҷанги Белгия бо Олмон бетарафии худро эълон кард.

Соли 1973  бостоншиносони америкоӣ дар Юнон далелеро пайдо карданд, ки ҳанӯз 750 сол пеш аз замони мо инсоният ба баҳр баромадааст.

Соли 2018 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни баргузории брифинг иттилоъ дод, ки дар Ӯзбекистон мисли Тоҷикистон сару либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ карда шуд.

Рӯзи 18 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1965 Экспедитсияи археологии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар саргаҳи дарёи Зарафшон ба кор оғоз кард.

Соли 2010 масоили ҳамкории вақт ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баррасӣ шуданд.

Соли 2010 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва робитаҳои минтақавию дӯстии ду давлатро баррасӣ карданд.

Председатель правительства России Дмитрий Медведев (в центре) во время встречи президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном, архивное фото
© Sputnik / Дмитрий Астахов
Председатель правительства России Дмитрий Медведев (в центре) во время встречи президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном, архивное фото

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай  баргузор гардид.

День 15 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа авзои вақт ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намуданд.

Соли 2017 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуда, дар ҳамон ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 август

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб.
  • Дар Қазоқистон –Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ.
  • Дар Австралия- Рӯзи собиқадорони Ветнам.
103
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Жительница Кулябя , заслуженная труженица Саъбагул Валиева на встрече с президентом

Рӯймол зеби модарони тоҷик аст: тавсифи Раҳмон аз рӯймолбандии зани кӯлобӣ - навор

1374
(Таҷдидшуда 20:16 24.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аснои мулоқот бо фаъолони ин манотиқ, аз тарзи рӯймолбандии як модар, ки назди кишвардор суханронӣ карда буд, тавсиф намуда, гуфт, ки ин беҳтарин тарзи бастани рӯймол буда, он бисёр зебанда аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, аз рӯйи анъана бо фаъолони ин манотиқ сӯҳбати гарм баргузор кард.

Аснои мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Кӯлоб, як сокини маҳаллӣ бо номи Саъбагул Валиева, собиқадори меҳнат бо баромадаш ба сарвари давлат муроҷиат намуд.

Валиева аз саҳми занони тоҷик дар пешрафт ва ободонии Тоҷикистон таъкид карда, афзуд ки бонувони тоҷик имрӯз дар баробари мардон, барои тараққиёти давлати тоҷикон саҳми назаррас доранд.

Лаҳзаи суханронии ин зани фаъол дар шабакаи YouTube нашр гардид.

Ба изҳори модари тоҷик, "имрӯз дар тамоми соҳаҳо, саҳми занони тоҷик бараъло ҳувайдост".

Зимнан, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар тақвияти ҳарфҳои Валиева илова намуд, ки дар соҳаи маориф 70 дарсади кормандонро занон ташкил медиҳанд.

"Ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ низ 60 фисади кормандон аз занони баруманди тоҷик иборат аст", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Шартномаҳо: Раҳмон ҳадафи Рустами Эмомалиро аз сафарҳо гуфт

Пас аз анҷоми суханронии собиқадори меҳнати шаҳри Кӯлоб, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷой бархост ва бо изҳори қаноатмандӣ барои ҳарфҳои гуфтаи ӯ каф кӯбид.

Эмомалӣ Раҳмон барои суханони неку тарбиятдиҳанда ба Валиева изҳори миннатдорӣ намуда, тарзи бастани рӯймолашро васф кард.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, занони тоҷик бояд айнан ба мисли Валиева рӯймол банданд, зеро ин тарзи бастани рӯймол танҳо хоси занони тоҷик аст.

1374
Барчаспҳо:
навор, фаъолон, мулоқот, сафар, Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон
Военный 201-й РВБ привезли подарки многодетной семье в труднодоступный кишлак

Мақомоти Тоҷикистон мизони кумак ба хонаводаҳои фақирро эълом кард

106
(Таҷдидшуда 20:19 24.09.2020)
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба хонаводаҳои ниёзманд беш аз 138 миллион сомонӣ кӯмаки молӣ расонида шудааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нахустин бор мизони кумакҳои расондашуда ба хонаводаҳои фақирро эълом кард.

Тибқи хабаре, ки дар сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ нашр шудааст, Шодихон Ҷамшед ахиран дар ҷаласаи ҳайати мушовираи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки танҳо дар ҳашт моҳи соли равон дар 40 ноҳияи ҷумҳурӣ ба 103 ҳазор хонаводаи фақир 16 дар ҳаҷми миллион сомонӣ кумаки молӣ расонда шуда аст.

Вай таъкид карда аст, ки дар шаш соли ахир дар чорчӯби барномаи ҳимоят аз қишҳои фақир дар Тоҷикистон ба аъзои 470 ҳазору 500 хонаводаи ниёзманд беш аз 138 миллион сомонӣ кумаки молӣ ироа шуда аст .

Бояд қайд кард, ки Бонки ҷаҳонӣ низ ба далели густариши вируси корона барномаи кумаки 50 миллиондолларӣ ба қишрҳои осебпазир дар Тоҷикистонро дар дастури кор қарор дода аст .

106
Барчаспҳо:
фақир, хонавода, фақр, кумак, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия