День 20 августа

Ҷашнҳои рӯзи 20 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

88
(Таҷдидшуда 19:31 19.08.2020)
Рӯзи 20 август дар Тоҷикистон – Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон буда дар Эстония – Рӯзи бозгашт ба истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 20 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1896 телефони рақамӣ ихтироъ карда шуд.

День 19 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1913 дар Киев аввалин олимпиадаи варзишии умумирусиягӣ баргузор шуд.

Соли 1925 дар Рим аввалин хати метро ба истифода дода шуд.

Соли 1934 ИМА ба Созмони байналмилалии меҳнат ҳамроҳ шудааст.

Соли 1945 Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Хартияи СММ-ро тасдиқ намуд.

Рӯзи 20 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»- ро имзо намуд.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Раҳмон бо медали «60 — солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонида шуданд.

День 18 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иҷлосияи 68-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид.

Соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи серӯзаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ оғоз гардид.

Соли 2016 дар варзишгоҳи «Авиатор» — и шаҳри Душанбе миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хайр» бозии чорякфиналии Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 20 август

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.
  • Дар Эстония – Рӯзи бозгашт ба истиқлолият.

Рӯзи 20 август кӣ ба дунё омадааст

Соли 1710 — Томас Симпсон (соли даргузашт 1761), риёзидони англис.

Соли 1901 — Салваторе Квазимодо (соли даргузашт. 1968), шоири итолиёӣ, дорандаи ҷоизаи Нобел (1959).

Рӯзи 20 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1936 — шоир Наимҷон Назрӣ.

Соли 1939 — шоир Мақсуд Гулчин.

Рӯзи 20 август кӣ вафот кардааст

Соли 1854 — Фридрих Шеллинг (соли таваллуд 1775), философи олмонӣ.

Соли 1882 — граф Федор Петрович Литке (соли таваллуд. 1797), шиновари русиягӣ, таҳқиқгари Арктика, президенти Академияи илмҳои Русия  (1864—1882), асосгузори Ҷамъияти ҷуғрофии Русия.

88
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 15 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Жительница Кулябя , заслуженная труженица Саъбагул Валиева на встрече с президентом

Рӯймол зеби модарони тоҷик аст: тавсифи Раҳмон аз рӯймолбандии зани кӯлобӣ - навор

1375
(Таҷдидшуда 20:16 24.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аснои мулоқот бо фаъолони ин манотиқ, аз тарзи рӯймолбандии як модар, ки назди кишвардор суханронӣ карда буд, тавсиф намуда, гуфт, ки ин беҳтарин тарзи бастани рӯймол буда, он бисёр зебанда аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, аз рӯйи анъана бо фаъолони ин манотиқ сӯҳбати гарм баргузор кард.

Аснои мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Кӯлоб, як сокини маҳаллӣ бо номи Саъбагул Валиева, собиқадори меҳнат бо баромадаш ба сарвари давлат муроҷиат намуд.

Валиева аз саҳми занони тоҷик дар пешрафт ва ободонии Тоҷикистон таъкид карда, афзуд ки бонувони тоҷик имрӯз дар баробари мардон, барои тараққиёти давлати тоҷикон саҳми назаррас доранд.

Лаҳзаи суханронии ин зани фаъол дар шабакаи YouTube нашр гардид.

Ба изҳори модари тоҷик, "имрӯз дар тамоми соҳаҳо, саҳми занони тоҷик бараъло ҳувайдост".

Зимнан, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар тақвияти ҳарфҳои Валиева илова намуд, ки дар соҳаи маориф 70 дарсади кормандонро занон ташкил медиҳанд.

"Ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ низ 60 фисади кормандон аз занони баруманди тоҷик иборат аст", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Шартномаҳо: Раҳмон ҳадафи Рустами Эмомалиро аз сафарҳо гуфт

Пас аз анҷоми суханронии собиқадори меҳнати шаҳри Кӯлоб, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷой бархост ва бо изҳори қаноатмандӣ барои ҳарфҳои гуфтаи ӯ каф кӯбид.

Эмомалӣ Раҳмон барои суханони неку тарбиятдиҳанда ба Валиева изҳори миннатдорӣ намуда, тарзи бастани рӯймолашро васф кард.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, занони тоҷик бояд айнан ба мисли Валиева рӯймол банданд, зеро ин тарзи бастани рӯймол танҳо хоси занони тоҷик аст.

1375
Барчаспҳо:
навор, фаъолон, мулоқот, сафар, Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон
Военный 201-й РВБ привезли подарки многодетной семье в труднодоступный кишлак

Мақомоти Тоҷикистон мизони кумак ба хонаводаҳои фақирро эълом кард

107
(Таҷдидшуда 20:19 24.09.2020)
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба хонаводаҳои ниёзманд беш аз 138 миллион сомонӣ кӯмаки молӣ расонида шудааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нахустин бор мизони кумакҳои расондашуда ба хонаводаҳои фақирро эълом кард.

Тибқи хабаре, ки дар сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ нашр шудааст, Шодихон Ҷамшед ахиран дар ҷаласаи ҳайати мушовираи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки танҳо дар ҳашт моҳи соли равон дар 40 ноҳияи ҷумҳурӣ ба 103 ҳазор хонаводаи фақир 16 дар ҳаҷми миллион сомонӣ кумаки молӣ расонда шуда аст.

Вай таъкид карда аст, ки дар шаш соли ахир дар чорчӯби барномаи ҳимоят аз қишҳои фақир дар Тоҷикистон ба аъзои 470 ҳазору 500 хонаводаи ниёзманд беш аз 138 миллион сомонӣ кумаки молӣ ироа шуда аст .

Бояд қайд кард, ки Бонки ҷаҳонӣ низ ба далели густариши вируси корона барномаи кумаки 50 миллиондолларӣ ба қишрҳои осебпазир дар Тоҷикистонро дар дастури кор қарор дода аст .

107
Барчаспҳо:
фақир, хонавода, фақр, кумак, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия