День 22 августа

Ҷашнҳои рӯзи 22 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

60
(Таҷдидшуда 20:44 21.08.2020)
Рӯзи 22 август Д\дар Русия –Рӯзи Парчами миллӣ мебошад. Соли 1979 дар ин рӯз дар Душанбе 500 ҳазорумин сокин таваллуд шуд

Рӯзи 22 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1864 конвенсияи аввали Женева имзо шуд.

День 21 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1930 анҷумани якуми забоншиносҳои Тоҷикистон доир гашт.

Соли 1932 «Би-Би-Си» нахустин бор пахши санҷишии телевизионашро роҳандозӣ намуд.

Соли 1984 варзишгардухтари америкоӣ Эвелин Эшфорд барои давидан ба масофаи 100 метр дар 10,76 сония миёни занон рекорд гузошт.

Соли 1989 дар Қазоқистон забони қазоқӣ забони давлатӣ эълон карда шуд.

Соли 1991 парчами таърихии серангаи Россия барқарор карда шуд.

Соли 1944 дар муассисаҳои таҳсилотии Япония машғулиятҳо манъ карда шуда, кӯдакон ба фабрикаю заводҳо ҷалб гардиданд.

Соли 2001 дар Пекин 21-умин Бозиҳои байналмилалӣ миёни донишҷӯён баргузор гардид.

Рӯзи 22 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1979 дар Душанбе 500 ҳазорумин сокин таваллуд шуд.

Соли 2007 ширкати эронии Сангоб сохтмони "Сангтӯда-2"-ро оғоз кард.

День 20 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2005 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъсис дода шуд.

Соли 2011 Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

Соли 2016 таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Соли 2016 ба муносибати оғози 75-умин солгарди мавсими театрӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертӣ баргузор гардид.

Соли 2017 дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 август

  • Дар Русия –Рӯзи Парчами миллӣ.

Рӯзи 22 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Абдусаттор Нуралиев (1941) – доктори илми филологӣ, профессор;

Лидия Гончарова (1922) – устоди рақс, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;

Кароматулло Қаландаров (1938-2009)- забоншинос, профессор;

Раҳматулло Мирбобоев (1956)- иқтисоддон, профессор;

Шаҳодат Сиддиқова (1924 – 1996) – актрисаи театр, Ҳунрапешаи шоистаи Тоҷикистон;

Ҳамроҳ Тоҳирова (1912 – 1990) – аввалин меъморзани тоҷик;

Александр Фрейман (1879 – 1968) – эроншинос, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;

Тайғуншо Шодмонбеков (1930)- актёри театр.

60
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото

Баъди 20 соли бехонагӣ: соҳибкорон ба Ҷонаковҳо аз номи Президент хона доданд

1024
Оилаи Ҷонаковҳо баъди 20 соли бехонагӣ, ахиран дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Оилаи Ҷонаковҳо, ки панҷ фарзанд доранд, аз сабаби бехонагӣ тайи 20 сол дар нуқтаҳои сузишворӣ, вагонҳои хоҷагии деҳқонӣ ва ба ин монанд дар бошишгоҳи саҳроӣ бо азобу машаққати зиёд зиндагӣ мекарданд, навиштааст сомонаи "Фараж".

Манбаъ хабар дод, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳри Левакант аз номи роҳбари давлат ба Ҷонаковҳо калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дода шуд. Ин хонаро ба оилаи Ҷонаковҳо соҳибкорони хайрхоҳи вилояти Хатлон туҳфа карданд, илова намудаст нашрия.

Муҳаббат Ҷонакова, модари хонадон ба “Фараж”  гуфтааст, ҳеҷ бовар надошт, ки баъди солҳои зиёди сарсониву саргардонӣ дар вагонҳои вайрона ва бошишгоҳи саҳроӣ соҳиби манзили зист ва замин мешавад.

Зикр шудааст, ки инчунин раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия барои Ҷонаковҳо 0,05 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, ҳуҷҷатҳои замин низ бо супориши раиси ноҳия барои онҳо ройгон омода гардидаанд.

1024
Барчаспҳо:
кумак, хона, Тоҷикистон
Ожирение, архивное фото

Олимон: чарби шикам ҳатто дар вазни муқаррарӣ, хатари марги бармаҳалро зиёд мекунад

584
(Таҷдидшуда 15:58 27.09.2020)
Олимон пас аз анҷоми таҳқиқоти илмияшон ба чунин хулоса омаданд, ки чарби шикам одамро ба марги бармаҳал наздик меорад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чарби шикам ҳатто дар сурати доштани вазни муқаррарӣ, одамро ба марги бармаҳал "тела" мекунад, менависад MedicalXpress бо такя ба маълумоти олимони эрониву канадагӣ.

Мутахассисони ин ду кишвар дасти кам 72 кори илмиро омӯхтанд, ки муносибати фарбеҳии шикам (вақте ки чарб маҳз дар шикам пайдо мешавад) ва фавт аз сабабҳои гуногунро тафтиш карданд. Онҳо инчунин нишондиҳандаҳои солимии зиёда аз 2,5 миллион ихтиёриёнро дар тӯли аз се то 24 сол санҷиданд.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Коршиносон ба даври камар ва миён, таносуби онҳо, фоизи равғани бадан ва параметрҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Маълум шуд, одамоне, ки чарб на дар миён, балки маҳз дар шикам доранд, эҳтимолан барвақтар мемиранд.

Гуфта мешавад, ҳар 10 сантиметр чарбе, ки дар шикам ҷамъ меояд, хавфи наздикшавӣ ба маргро ба андозаи 11 дарсад зиёд мекунад.

584
Барчаспҳо:
марг, фарбеҳӣ, олимон
Панорама города Худжанд, архивное фото

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

0
(Таҷдидшуда 00:08 29.09.2020)
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Суғд шоми гузашта бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишдухтари тақрибан 18 сола ба қасди худкушӣ худро аз болои купрук (мост) ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қойиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурурафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқуллода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

“Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаъри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз худғарқкунӣ наҷот дода шуд”, иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилоъи манбаъ, зимнан донишҷудухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд.

Хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо вақтҳои ахир зиёд ба нашр мерасад.

Фоҷиа дар Ғарм: модари ҷавон бо се фарзандаш худро ба дарё андохт

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон низ аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод.

Бар пояи эълони КҲФ зани 31 солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 солааш ба коми дарёи Вахш задааст.

0
Барчаспҳо:
худкушӣ, наҷот, БДА, Суғд, Тоҷикистон