День 27 августа

Ҷашнҳои рӯзи 27 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

92
(Таҷдидшуда 20:24 26.08.2020)
Рӯзи бисту ҳафтуми август дар Русия – Рӯзи кино ва дар Молдова – Рӯзи истиқлолият таҷлил карда мешавад

Рӯзи 27 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1911 дар Россия клуби футболи  ССКА    ташкил гардид.

Соли 1935 дар иёлати Техас зимни раъйпурсӣ бештари аҳолӣ барои аз байн бурдани қонуни зидди машрубот  овоз доданд.

Соли 1946 дар аввалин конгресси ҷаҳонии донишҷӯён дар Прага Иттифоқи байналмилалии донишҷӯён таъсис дода шуд.

Соли 1955 аввалин ҷилди китоби «Рекордҳои Гиннес» аз чоп баромад.

Рӯзи 27 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 миёни Ожонсии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии Русия созишнома дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба имзо расид.

Соли 2008 дар шаҳри Душанбе пас аз натиҷаҳои гуфтушунид миёни намояндагони Тоҷикистону Чин дар ҳайати васеъ 13 санад ба имзо расонида шуд.

Соли 2008 дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ӯзбекистон Ислом Каримов мулоқот карданд, ки зимни он масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Ислам Каримов встретился с Эмомали Рахмоном в Ташкенте
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Ислам Каримов встретился с Эмомали Рахмоном в Ташкенте

Соли 2010 Президент Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Айнӣ телефонӣ суҳбат карда, ҳисоботи онҳоро шунид. Сарвари  давлат оид ба вазъи баамаломадаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ хисороти ҷиддӣ дидааст, супориш дод, ки ҳарчи зудтар ба мардуми осебдида кумаки зарурӣ ва саривақтӣ расонанд.

Соли 2010 дар шаҳри Маскав собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд, раҳбари собиқи корхонаи кимиёвии Исфара - Низомхон Ҷӯраев, ки аз соли 2007 дар ҷустуҷӯйи пулиси байналхалқӣ қарор дошт, боздошт шуд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон беш аз 220 нафар роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф ва як зумра соҳибкорони хусусиро бо мукофоти олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз намуданд.

Соли  2013  дар ноҳияи Фирдавсии  шаҳри Душанбе пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор дароварда шуд.

Соли 2013  дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ гардиданд.

Соли 2014 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили дуҷониба доир  гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 август

  • Дар Русия – Рӯзи кино.
  • Дар Молдова – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 27 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Владимир Буданов (1933) – доктори илми химия, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Қосимшо Искандаров (1953) – доктори илми таърих.

Моҳира Қарахонова (1957)- шоира.

Элеонора Қосимова (1945)- нависандаи русзабон.

Иброҳимҷон Норматов (1906 – 1975) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Марат Орифов (1935) – актёр ва коргардони кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Қурбон Раҳимов (1904-1954)- арбоби давлатӣ.

Фёдор Столешников (1909 – 1983) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Фарҳоди Карим (1945)- нависанда.

Шаҳобиддини Шуҷоъ (1961)- шоир.

92
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото

Дағалӣ накард: сафорати Тоҷикистон қазияи лат шудани намояндаашро шарҳ дод

1023
(Таҷдидшуда 21:01 26.09.2020)
Рӯзи 24 - уми сентябр шаҳрванди 38 - солаи Тоҷикистон дар назди бинои сафорати ин кишвар дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Зимнан аксар расонаҳои дохиливу хориҷӣ хабар доданд, ки сокини 38 - солаи ВМКБ барои дағалгуфтории намояндаи сафорат, ӯро латукӯб карда, дасту бинияшро шикаст.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26 - уми сентябр дар сафҳаи торномаи сафорат қазияи лат шудани мутахассиси пешбарашонро шарҳ доданд.

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

Бар хабари котиботи сафорати мазкур, нофаҳмӣ сари ба рӯйихат даровардани шаҳрвандони хоҳишманди сафар ба Тоҷикистон, бархост.

"Аз ҷониби намояндаи сафорат ягон дағалгуфторӣ сурат нагирифт", - таъкид мешавад дар хабар.

Намояндагони сафорати Тоҷикистон аз пахши хабарҳои носаҳеҳи расонаҳои дохиливу хориҷӣ изҳори нигаронӣ намуда, дархост карданд, ки минбаъд дар нашри хабарҳои вобаста ба масоили баргаштани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан, эҳтиёткор бошанд ва танҳо маълумотҳои саҳеҳро пахш намоянд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.

1023
Барчаспҳо:
шарҳ, қазия, Русия, Тоҷикистон, сафорат
Гости танцуют на узбекской свадьбе

Бо 65 нафар туй гузаронидаанд: тарабхонаи "Равшан" - ро дар Хуҷанд бастанд

399
(Таҷдидшуда 15:39 26.09.2020)
Мақомоти беҳдоштии шаҳри Хуҷанд тибқи як санҷиши корӣ ҳолати аз меъёр зиёд иштирок намудани сокинон дар туйи арӯсӣ дар тарабхонаи “Равшан” - ро ошкор намуда фаъолияти онро муваққатан боз доштаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтаанд, ки масъулони ин тарабхона бар хилофи тавсияи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар вақти баргузории як тӯйи арӯсӣ ба иштироки 65 нафар иҷоза додаанд.

"Дар давраи пандемияи коронавирус, барои баргузор намудани тўю маъракаҳо бо 30-40 нафар рухсат шудааст, вале аз ҷониби маъмурияти қаҳвахонаи "Равшан" барои барпо намудани тўйи хонадоршавии шаҳрванд А.А. бо 65 нафар иҷозат дода, ба ин ҳол банди 6-и протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.07.2020 сол таҳти №8 ро вайрон кардаанд", - гуфтаанд мақомоти беҳдоштӣ.

Дар рафти санҷиш масъулин чандин ҳолати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла мавҷуд набудани монеаи безараргардонӣ (дизбарер), реҷаи рӯзи вижаи санитариро собит кардаанд ва ба далели ҷойдошти камбудиҳо, мақомот фаъолияти қаҳвахонаи "Равшан", - ро то замони бартараф намудани чунин камбудиҳо боздоштаанд.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз Идораи беҳдоштии Суғд гуфтанд, ки дар ҷараёни санҷиши корӣ дар самти пешгирии сирояти коронавирус ҳафтаи гузашта ба ҳисоби қаҳвахонаи "Равшан", фаъолияти 18 иншооту муассисаҳои хуроки умум аз қабили мағоза ва ошхонаю тарабхонаҳо дар қаламрави вилоятро то замони бартараф намудани камбудиҳо боз дошта, ҳамчунин дар пайи риоя накардани қоидаҳои сенитарию эпидемиологӣ беш аз 80 санади маъмурӣ бо пардохти 8700 сомонӣ ҷарима татбиқ кардаанд.

Чанде пеш ҳам Идораи санитарию эпидемилогии Хуҷанд дар зимни баргузории санҷиш, мавридҳои риоя нашудани талаботҳои беҳдоштӣ аз ҷумла ташкил накардани маҳлули антисептикӣ ва дастгоҳи ҳароратсанҷи фосилавӣ барои харидорон, бе дастпӯш савдо кардани фурӯшандаҳо дар мағозаҳоро ошкор намуда, то бартраф намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти чандин мағозаҳои бузургро муваққатан боздошта буд.

399
Барчаспҳо:
бастан, тӯй, Хуҷанд
Флаг Ирана

Эрон аз мубодилаи маҳкумони эронӣ ва тоҷикистонӣ хабар дод

0
(Таҷдидшуда 19:14 26.09.2020)
Мақомоти Эрон аз мубодилаи ду маҳкуми эронӣ ва тоҷикистонӣ ва интиқоли яке аз маҳкумони эронӣ аз Қазоқистон ба кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Эрон,  иттиҳоми ин афродро қочоқи маводи мухаддир унвон кард ва ба афроде, ки ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаи Қафқоз сафар мекунанд ҳушдор дод, муҷозотҳои сангине дар қиболи иртикоби ҷурм бавижа қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардон дар интизори онҳо аст, иттилоъ додааст ИРНА.

Оқои Аббосӣафзудааст, ки интиқоли маҳкумон илова бар инки тобеи иродаи сиёсии кишварҳо аст ва ҳазинаи сангине бар байтулмол таҳмил мекунад, инъиқоди мувофиқатномаи маҳкумон илзоман ба маънеи интиқол нест ва ин мавзу ба иродаи сиёсии кишварҳо бар мегардад, бинобар ин таъкиди мо бар худдорӣ аз иртикоби ҷурм аз ноҳияи афрод ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм тавассути дастгоҳҳои масъул аст.

Раиси кумитаи интиқоли маҳкумон изҳор дошт, ҳамкории хубе байни вазорати додгустарӣ ва муовинати умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон шакл гирифта ва бояд аз руйкарди ҳамаҷонибаи муовини умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон ташаккур ва қадрдонӣ кунем, ки зимни мувофиқат бо ташкили кори гуруҳи пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм дар Кумитаи ҳуқуқӣ ва қазоии ҳимоят аз эрониёни хориҷ аз кишвар, заминаи муносибе барои пардохтан ба ин мабоҳис дар қиболи эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам карданд.

0
Барчаспҳо:
табибони эронӣ, тоҷикистонӣ, мубодила, маҳбус, интиқол, маҳкум, Эрон, Тоҷикистон