День 30 августа

Ҷашнҳои рӯзи 30 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

78
(Таҷдидшуда 19:00 29.08.2020)
Рӯзи 30 август, дар Қазоқистон –Рӯзи конститутсия, дар Тотористон – Рӯзи ҷумҳурӣ, дар Туркия  — Рӯзи ғалаба ва дар Қирғизистон, Рӯзи кормандони бойгонӣ мебошад

Рӯзи 30 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1969  дар поп-фестивали байналмилалии иёлоти Техаси ИМА 120 ҳазор нафар ҷамъ омаданд.

Соли 1973 дар Кения шикори  фил манъ карда шуд.

День 29 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1974  дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Югославия зиёда аз 150 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 30 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза — «Об, муҳити зист ва амният» баргузор гардид.

Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои тантанавии ба истифода супурдани нақби «Озодӣ» («Шар-шар»)  ва оғози навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара иштирок намуд.

Соли 2010 дар Тоҷикистон рӯзномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Азия—Плюс» нашрашро дар як ҳафта ду маротиба-рӯзҳои  душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монд.

Соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат, дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки яке баландтаринҳо дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.

Соли 2013  дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аввалин Форуми байналмилалӣ- иқтисодии «Имкониятҳои сармоягузории рушди Помир»  баргузор гардид.

Соли 2013 дар иҷлосияи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарори якҷоя оид ба баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон қабул гардид, ки он 6 ноябри соли 2013 дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

День 28 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе нахустин боғчаи байналмилалии «Малика» ифтитоҳ ёфт.

Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард.

Соли 2018 дар шаҳри Норак таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ»- Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир гардид.

Соли 2018 дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳри Палембанги Индонезия Мусобиқа оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд ва варзишгари маъруфи тоҷик  Шаҳриёр Даминов дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард.

Соли 2018 дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ — 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонид.

Ҷашнҳои рӯзи 30 август

  • Дар Қазоқистон –Рӯзи конститутсия.
  • Дар Тотористон – Рӯзи ҷумҳурӣ.
  • Дар Туркия  — Рӯзи ғалаба.
  • Рӯзи кормандони бойгонӣ дар Қирғизистон.
  • Рӯзи истиқлолияти Озарбойҷон.

Рӯзи 30 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Сергей Агаҷонов (1928-1999)- доктори илми таърих.

Саодат Азизова (1951) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Икром Бобоев (1943) – доктори илми тиб.

Раънохон Ваҳҳобова (1937) – химик, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Давлатхўҷа Додаров (1929)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Ҷамшед Исмоилов (1956) – сароянда, Ҳунарапешаи шоистаи Тоҷикистон.

Александр Климов (1868 – 1951) – вокалист, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Маъдан Одинамуҳаммад (1762 – 1846) – шоир.

Лидия Сухаревская (1909 – 1994) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҷамшед Исмоилов (1956) – сароянда, Ҳунарапешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Ҷамшед Исмоилов ҳамчунин маълумоти олии дуввумро аз рӯи ихтисоси филолог дар  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гирифтааст. Ӯ пас аз хатми  хатми мактаби миёна дар ҳизб дар Кӯлоб кор кардааст. Ва дар оғози солҳои истиқлоли Тоҷикистон дар вазифаи муовини вазири фарҳанг ва иттилоот низ фаъолият кардааст.

Аввалин суруди машҳури ӯ "Аз зери чодарак" мебошад, маъруф гашта ҳамзамон таронаи "Э модари ман" аз маҳбубтарин эҷодкардаҳои ҳунарманд аст.

Ӯ ҳамзамон роҳдаби генералии "Иттиҳодияҳои давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ"-и назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд, ки ба он ансамбли давлатии “Гулшан”, ансамбли давлатии рақсии “Зебо”, ансамбли “Ҷахоноро” шомиланд.

Ӯ ҳамзамон профессори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, ахиран роҳбарии Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистонро ба зима дошт.

Ҷамшед Исмоилов рӯзи 16 августи соли 2020 аз олам чашм пӯшид.

78
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 22 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Подписания Меморандума между Министерством труда, миграции и занятости Республики Таджикистан и Международным центром развития миграционной политики

Барои муҳоҷирони рафта ва баргашта: дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис меёбад

82
(Таҷдидшуда 15:45 29.09.2020)
Ин масъаларо Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнати Тоҷикистон бо Михаел Шпиделеггер, Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба имзо расид.

Бино ба гузоиши Вазортаи меҳнат ва муҳоҷират, ин ёддошт рӯзи 25 сентябр имзо шуд.

Зимни ба имзо расонидани санади мазкур, Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнати Тоҷикистон ва Михаел Шпиделеггер, Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) зикр намуданд, ки Ёддошти мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Вазорат ва Маркази мазкур дар самти муҳоҷират заминаи мусоид мегузорад.

Гуфта мешавад, ки тибқи Ёддошти тафоҳуми зикршуда, баргузории як қатор чорабиниҳо барои самаранокии идоракунии муҳоҷират, такмили минбаъдаи сиёсати миллии муҳоҷират, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии инфиродӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафари онҳо ба хориҷи кишвар ва баъди бозгашт ба Ватан дар назар аст.

Ҳамчуни дар доираи ин санад, баргузор намудани семинарҳои омўзишию тренингҳо барои  кормандони  сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳал оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо ва тақвияти фаъолияти мақомоти муҳоҷират, омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, ташкили машварату ҷамъомадҳои сайёр дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, омўзиши қонунгузории давлатҳои қабулкунанда  ҷиҳати  ба роҳ мондани муҳоҷирати қонунӣ, пешбинӣ мегардад.

"Дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур, аз ҷониби Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират, Маркази захираҳои муҳоҷират дар шаҳри Душанбе (Migrant Recourse Centre) таъсис дода мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Мавриди зикр аст, ки МБРСМ ҳамчун ташкилоти махсуси байналмилалӣ 1 майи соли 1993 дар шаҳри Вена таъсис ёфта, айни ҳол зиёда аз 50 давлати Аврупо ва кишварҳои Роҳи абрешим, инчунин 10 ташкилоти байналмилалӣ иштирокчиёни он мебошанд.

Сябитова шарҳ дод, ки чаро занони рус бо муҳоҷирон издивоҷ мекунанд

Фаъолияти МБРСМ  ба таҳияи системаҳои ҳамаҷониба  барои  таъмини муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ дар кишварҳои аъзо  равона шуда, он бунёди дарозмуддати  ҳамкории шарикиро дар ин самт бо кишварҳои Аврупо ва давлатҳои Роҳи абрешим амалӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2003 инҷониб ба Маркази байналмилалии мазкур шомил гардидааст.

82
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Русия, муҳоҷират
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

42 - сола ва падари 4 фарзанд: даргузашти мақомдори Конибодом аз коронавирус

1580
Дар Конибодом роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ҷалилӣ Абдувоҳид Карим аз маризии коронавирус фавтидааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Абдулвоҳид Карим, ки муддати 5 - сола ба ҳайси раҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом ифои вазифа мекард, дар синни 42 - солагӣ олами фониро падруд гуфт, хабар медиҳад котиботи раиси шаҳри мазкур.

Сомонаи Pressa. tj менависад, марҳум мубталои коронавирус буд ва иллати марги ӯ маҳз ҳамин беморӣ мебошад.

Ҷалилӣ Абдулвоҳид мутаваллиди соли 1978 буда, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд буд.

Аввалин раиси Суди Олӣ даргузашт, касе ки истиқлолияти Тоҷикистонро расмият бахшид

Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 2002 оғоз намуда, нахуст дар вазифаи котиби маҷлиси судӣ кор мекард. Сипас ба вазифаҳои иҷрочии калони суди шаҳри Конибодом, раиси ҷамоат, сармутахассиси гузаргоҳи "Патар" кору фаъолият мекард.

Як замон мудири шъъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои раиси шаҳр низ таъин шуда буд. Аз соли 2015 ба ин сӯ, вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодомро иҷро мекард.

1580
Барчаспҳо:
раис, даргузашт, Конибодом

Тирамоҳи заррин дар Русия фаро расид: аксҳои фасонавӣ аз боғу гулгаштҳои ин диёр

0
  • Манзараи Қасри Приора дар соҳили Баҳри сиёҳ дар вилояти Ленинград
  • Соҳили Кӯли Сафед  назди Осорхонаи давлатии мамнӯъгоҳи  Гатчина  дар вилояти Ленинград
  • Истироҳаткунандаҳо дар назди Осорхона - мамнӯъгоҳи Гатчин
  • Тирамоҳи заррин дар вилояти Красноярский
  • Тирамоҳи Новосибирск
  • Тирамоҳи Новосибирск, баргҳои зарду сурх, ки заминро оро медиҳанд
  • Манзараи тирамоҳӣ дар як деҳаи вилояти Красноярск
  • Наврас дар соҳили Баҳри сафед дар вилояти Ленинград
  • Барги хазонрез ва сайругашти духтаре бо ҳайвони хонагӣ дар Новосибирск
  • Сайру гашти сокинони вилояти Ленинград дар осорхона - мамнӯъгоҳи Гатчина
  • Минтақаи аҳолинишини вилояти Мурманск дар фасли тирамоҳ
  • Табиати зебои як деҳкада дар вилояти Красноярск
  • Киштиҳо дар Невки Санкт - Петербург
  • Ҳаловати кӯдак аз сайругашт дар боғи шаҳри Гатчина дар Санкт - Петербург
  • Омад  - омади тирамоҳ дар Боғи ба номи Александр
Дар Русия ба фарқ аз Тоҷикистон фасли тирамоҳ аз авоили моҳи сентябр шурӯъ мешавад

Тирамоҳи Русия новобаста аз ҳавои сард, бисёр дилкашу тамошобоб аст. Дар Русия аслан фасли тирамоҳ аз аввали моҳи сентябр шурӯъ мешавад.

Ҳарорати ҳаво аз нахустин моҳи фаслитирамоҳ тадриҷан паст мешавад. Аммо бо вуҷуди ин ҳам, тирамоҳ дар кишвари Русия фасонавӣ аст.

Табиат аз авоили моҳ ранги сабз ва зарду сурхро касб мекунад. Боғу гулгаштҳо симои тамоман навро пайдо мекунанд.

Боронҳои гарм меборанд, роҳравҳои боғу гулгаштҳо пур пури баргҳои зарду сурх мешавад.

Коршинос: барои сироятёфтагони COVID-19 тирамоҳ метавонад душвортар бошад  

Тамошои боғҳои фароғатӣ дар ин фасл кайфияти хоса дорад, зеро ҳаво салқину тар ва ниҳоят тоза мебошад.

Махсусан манзараҳои деҳҷойҳо дар вилоятҳои гуногуни Русия боз ҳам зеботар мешавад.

Шумораи зиёди одамон барои ҳаловат бурдан аз табиати нотакрор ба боғу хиёбонҳо мерезанд, то чунин манзараи зебо  то тирамоҳи соли оянда дар хаёли онҳо нақш бандад.

Аммо имсол шояд гашту гузори одамон дар боғу хиёбонҳо ба далели авҷи коронавирус кам ба назар расад. Зеро шаҳрдори Русия Сергей Собянин аз рӯзи 28 - уми сентябр як қатор маҳдудиятҳо барои пешгирӣ аз коронавирус ҷорӣ намуд.

Аз ҷумла, гашу гузори нафақахӯрон ва одамони дорои касалиҳои музминро маҳдуд кард.

0
  • Манзараи Қасри Приора дар соҳили Баҳри сиёҳ дар вилояти Ленинград
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Манзараи Қасри Приора дар соҳили Баҳри сиёҳ дар вилояти Ленинград

  • Соҳили Кӯли Сафед  назди Осорхонаи давлатии мамнӯъгоҳи  Гатчина  дар вилояти Ленинград
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Соҳили Кӯли Сафед назди Осорхонаи давлатии мамнӯъгоҳи "Гатчина" дар вилояти Ленинград

  • Истироҳаткунандаҳо дар назди Осорхона - мамнӯъгоҳи Гатчин
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Истироҳаткунандаҳо дар назди Осорхона - мамнӯъгоҳи "Гатчин"

  • Тирамоҳи заррин дар вилояти Красноярский
    © Sputnik / Ilya Naimushin

    Тирамоҳи заррин дар вилояти Красноярский

  • Тирамоҳи Новосибирск
    © Sputnik / Alexandr Kryazhev

    Тирамоҳи Новосибирск

  • Тирамоҳи Новосибирск, баргҳои зарду сурх, ки заминро оро медиҳанд
    © Sputnik / Alexandr Kryazhev

    Тирамоҳи Новосибирск, баргҳои зарду сурх, ки заминро оро медиҳанд

  • Манзараи тирамоҳӣ дар як деҳаи вилояти Красноярск
    © Sputnik / Ilya Naymushin

    Манзараи тирамоҳӣ дар як деҳаи вилояти Красноярск

  • Наврас дар соҳили Баҳри сафед дар вилояти Ленинград
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Наврас дар соҳили Баҳри сафед дар вилояти Ленинград

  • Барги хазонрез ва сайругашти духтаре бо ҳайвони хонагӣ дар Новосибирск
    © Sputnik / Alexandr Kryazhev

    Барги хазонрез ва сайругашти духтаре бо ҳайвони хонагӣ дар Новосибирск

  • Сайру гашти сокинони вилояти Ленинград дар осорхона - мамнӯъгоҳи Гатчина
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Сайру гашти сокинони вилояти Ленинград дар осорхона - мамнӯъгоҳи "Гатчина"

  • Минтақаи аҳолинишини вилояти Мурманск дар фасли тирамоҳ
    © Sputnik / Pavel Lvov

    Минтақаи аҳолинишини вилояти Мурманск дар фасли тирамоҳ

  • Табиати зебои як деҳкада дар вилояти Красноярск
    © Sputnik / Ilya Naymushin

    Табиати зебои як деҳкада дар вилояти Красноярск

  • Киштиҳо дар Невки Санкт - Петербург
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Киштиҳо дар Невки Санкт - Петербург

  • Ҳаловати кӯдак аз сайругашт дар боғи шаҳри Гатчина дар Санкт - Петербург
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Ҳаловати кӯдак аз сайругашт дар боғи шаҳри Гатчина дар Санкт - Петербург

  • Омад  - омади тирамоҳ дар Боғи ба номи Александр
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Омад - омади тирамоҳ дар Боғи ба номи Александр

Барчаспҳо:
акс, тирамоҳ, Русия