День 1 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

155
(Таҷдидшуда 10:22 01.09.2020)
Рӯзи 1 сентябр, дар Тоҷикистон — Рӯзи дониш ва Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ буда дар Ӯзбекистон – Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 1 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1923 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Ҷопон зиёда аз 140 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

День 30 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1926 дар Туркия никоҳи шаҳрвандӣ иҷозат дода шуд.

Соли 1962 СММ хабар дод, ки  аҳолии кураи Замин аз 3 миллиард нафар зиёдтар шуд.

Рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1931 ифтитоҳи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ).

Соли 1931 дар Тоҷикистон аввалин мактаби олӣ – Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис дода шуд.

Соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ифтитоҳ гардид.

Медицинский университет Таджикистана
© Sputnik / Амир Исаев
Медицинский университет Таджикистана

Соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таъсис ёфт.

Здание Таджикского национального университета в наши дни.
© Sputnik
Здание Таджикского национального университета в наши дни.

Соли 1956 ифтитоҳи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло ДТТ ба номи академик M.Oсимӣ).

День 31 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1971 ифтитоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ.

Соли 1973 ифтитоҳи Донишкадаи санъат ба номи M.Турсунзода.

Соли 1996 Ифтитоҳи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.

Соли 1996 ҷорӣ кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2003 ифтитоҳи Донишкадаи нақлиёти ҶТ.

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси сеюми хотимавии Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза баргузор гардид.

Соли 2010 ба муносибати Рӯзи дониш ва сулҳ  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки нави донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4 бинои нави таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити муосири таълиму тарбия дар онҳо аз наздик шинос шуда, бо олимону омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вохўрии ошкорову пурсамар анҷом дод.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Мактаби байналмилалии президентӣ ифтитоҳ шуд.

Соли 2015 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар кори Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо, ки дар шаҳри Ню-Йорки Америка баргузор гардид,  ширкат намуд.

Ссоли 2016 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ – СММ ва САҲА баррасӣ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 1 сентябр

  • Дар Тоҷикистон — Рӯзи дониш.
  • Дар Тоҷикистон — Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ.
  • Дар Ӯзбекистон – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Юсуф Акрамов (1925 – 2009) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Антипов – Каратаев Иван (1888 – 1965) – хокшинос, академики АИ Тоҷикистон,Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Асадулло Атоуллоев (1956) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҳикматулло Аҳмадов (1949) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Бибиҷамоли Самандар (1965)- шоира.

Сафрон Ёдгорова (1958) – раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ёров Ҳалим (1946-2012) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Моҳира (Аминова) (1984)- шоира.

Мирзо Назаров (1940)- олими тиб, профессор.

Назокати Сафар (1966) – шоира.

Ният Ҳаёт (1966)- шоир.

Муҳаммад Осимӣ (1920 – 1996) – доктори илми фалсафа, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Тимофей Пак (1940 – 1982) – доктори илми тиб, профессор.

 Абдураҳмон Расулӣ (1949) – нависанда.

Саидумар Раҷабов (1951)- доктори илми ҳуқуқ.

Аҳмад Хосияти (1945)- шоира.

Намоз Ҳотамов (1946) – доктори илми таърих, профессор.

Худоёр Шоихтиёров (1935) – доктори илми фалсафа.

Мирзо Шукурзода (1949) – нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

155
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Ду дақиқа то куштани вирус аз дафтар ва қаламу қоғаз: ихтирои нави донишгоҳи Хуҷанд

474
(Таҷдидшуда 18:21 19.09.2020)
Дар Озмоишгоҳи иноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселяриро ихтироъ намудаанд, ки қодир аст, дар ду дақиқа ҳама гуна лавозимоти муҳими хониш ва коргузориро безарар гардонад

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Сино Ғафурӣ, масъули матбуотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд афзуд, ин таҷҳизот барои таъмини амнияти саломатии донишҷӯёну омӯзгорон ва масъулини донишгоҳ кашф шудааст.

  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безаркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
    акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
  • Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар Хуҷанд
    аксҳо аз сафҳаи ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд
1 / 4
акс аз сафҳаи ДДҲБСТ
Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд
"Дар шароити хуруҷи пандемияи COVID-19, мавзӯъи маҳв намудани вирусу микробҳои гузаранда ҳамеша матраҳ дошта мешавад. Вирусҳое, ки ҳар лаҳза ва тавассути ҳамагуна ашё хавфи сироят карданро доранд. Бо дарки ин масъала кормандони Озмоишгоҳи иноватсионии донишгоҳ дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселяриро ихтироъ намудан. Ин таҷҳизот дорои 254 нанометр пахши мавҷи ултрабунафш буда, бо ин тавон вирусу бактерияҳоеи ба қаламу дафтар ва мактбуҳо расидаро несту нобуд мекунад", - гуфт Ғафурӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилоъи Ғафурӣ, навъоварони Озмоишгоҳи назди ДДҲБСТ дар зарфи 15 рӯз ва бо харҷи 2000 сомонӣ, ё муодили беш аз 200 доллари амрикоӣ ба сохтмони ин ҷузъдони безараркунанда аз вирус муваффақ шудаанд.Ҳоло таҷҳизоти сохташуда дар донишгоҳи мазкур дар Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шудааст.

Вазорати тандурустӣ ба мулоқот бо намояндагони СУТ омодагӣ мебинад

Дастгоҳи безараркунандаи лавозимоти таълимӣ ва коргузорӣ аз ҷевон, лампаи безараркунанда (ултрофеолетӣ) шамолдеҳ (вентилятор) ва дастгоҳи ҳавокаш (гафрӣ) иборат буда, дар он қағазҳои андозаи А4 ва мактубу дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ безарар гардонида мешавад.

"Табиист, ки ҳамарӯза шаҳрвандон аз ҷумла донишҷӯёну масъулони донишгоҳҳо аз ҳуҷҷатҳои гуногуни расмӣ, аз мактубҳои содиротиву воридотӣ истифода мебаранд. Аз ин хотир, ихтирои чунин дастгоҳ барои безараргардонӣ ҳама намуд маводи конселярӣ муҳим ва саривақтӣ саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Бино ба маълумоти мутахассисон ҳангоми гузоштани мактуб ё дигар ҳуҷҷатҳои лозима нурҳои ултрабунафш вирусу бактерияҳоро нобуд сохта, ба сифати лавозимоти гузошташуда таъсир намерасонад", -таъкид кард Ғафурӣ.

Ихтироъкорон иброз намудаанд, ки 254 нанометр мавҷи дохили ин таҷҳизот ба организми одамон зарар расонида наметавонад.

Изобретение Худжандского государственного университета имени Бободжона Гафурова для дефинфекции рук
пресс-служба ХГУ имени Бободжона Гафурова

Зимнан ин дуюмин ихтирои таҷҳизоти безараркунандаи вирус дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.

Дастгоҳи пешина Санитайзер ном дошта ба таври худкор безарагардонии дастонро дар зарфи 5 - 6 сония ба иҷро мерасонад.

Дар шароити авҷи паҳншавии бемории каронавирус, ки ба ин ҳол риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳамеша таъкид мешавад, коршиносон мутобиқ ба тавони иқтисодӣ ихтироъ ва истифодаи чунин дастгоҳу таҷҳизотҳои безараркунанда аз вирусро муҳим меҳисобанд.

474
Барчаспҳо:
безарар кардан, дастгоҳ, Хуҷанд, Тоҷикистон
Генеральный секретарь Организации Объединённых Наций (ООН) Антониу Гутерреш, архивное фото

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

238
(Таҷдидшуда 16:23 17.09.2020)
Котиби генералии СММ Антониу Гутерреш мегӯяд, то ҳол ягон ваксина барои рафъи пурраи маризии коронавирус мавҷуд нест.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори Антониу Гутерреш, хуруҷи коронавирус аз зери назорат берун мешавад. Хадамоти ахбори СММ аз қавли Котиби генералии ин созмон хабар медиҳад, ки айни замон барои амнияти ҷаҳонӣ пандемия "таҳдиди рақами аввал" аст.

Гутерреш мегӯяд, шумораи умумии қурбониёни ин маризӣ ба зудӣ марзи 1 миллион нафарро убур мекунад.

Котиби генералӣ таъкид кард, ки ҳарчанд бисёриҳо ба ваксина умед бастанд, аммо то ҳол барои пандемия нӯшдору вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки ваксина худ ба худ буҳронро рафъ намекунад.

Маълум шуд, ки чанд нафар гирифторони коронаврус аз Данғара шифо ёфтаанд

Гутерриш инчунин зикр кард, ки воситаҳои табобати ин беморӣ бояд нархи  дастрас дошта бошанд. 

Қаблан роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейесус гуфта буд, ки доруе, ки битавонад COVID-19 -ро маҳв намояд, вуҷуд надорад. Ба гуфти ӯ раҳоии абадӣ аз  коронавирус, сарфи назар аз умедвориҳои калон ба ваксинаи муассир ғайриимкон аст.

238
Барчаспҳо:
назорат, маризӣ, Антониу Гутерреш
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Итоговая пресс-конференция Миссии наблюдателей от СНГ после выборов

Номзадҳо дар шаҳри Душанбе ба зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни чӣ ваъда доданд?

0
(Таҷдидшуда 02:46 20.09.2020)
Ахиран вохӯрии навбатии номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар вохӯрӣ зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни пойтахт иштирок намуда, бо муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо шинос шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории давлатии АМИТ “Ховар”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода таъкид намуд, ки боз ҳам баланд бардоштани мавқеи бахши аграрӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ дар меҳвари барномаи пешазинтихоботиаш қарор дорад.

Абдуҳалим Ғаффорзода номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб рушди соҳаи саноат бо роҳи баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир аз  тадбирҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар Барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби шахси боэътимод Аброр Мирсаидов  муаррифӣ карда шуд, таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии мамлакат ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Номзад ба  мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода дурнамо ва самтҳои таҳкими вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишавар, дастгирии ҷавонон ва дастрасии онҳо ба манзилро, ки дар барномаи пешазинтихоботиаш дарҷ ёфтааст, ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла таъкид гардидааст, ки  таъсиси бозори ширкатҳои идоракунанда бо мақсади ғайриинҳисоркунонии хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ, созмондиҳии ширкатҳои идоракунандаи нав ҳамчун корхонаҳои маҳаллӣ дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшида бо иштироки аҳолии минтақа ҳамчун саҳҳом зарур аст.

Номзад Мироҷ Абдуллоев, аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботии худ диққати асосиро ба ҳамоҳангсозии сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кишвар, беҳтар кардани инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии давлатӣ ва боз ҳам боло бурдани мақому манзалати занон равона намудааст. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҷониби шахси боэътимод Заррагул Мирасанова муаррифӣ карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Номзадҳо аз ҳозирин хоҳиш карданд, ки фаъолона дар ин маракаи муҳимми сиёсӣ иштирок намоянд.

0
Барчаспҳо:
ваъда, мансаб, Душанбе, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон