День 3 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 3 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

133
(Таҷдидшуда 17:05 01.09.2020)
Рӯзи 3 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи авиатсияи тоҷик, Рӯзи Гвардияи миллӣ буда, дар Австралия – Рӯзи парчам ва дар Қатар – Рӯзи истиқлолият мебошад

Рӯзи 3 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1910 дар Венгрия клуби футболи "Гонвед" таъсис дода шуд.

Соли 1914 ИМА бетарафии худро нисбат ба Ҷанги якуми ҷаҳон эълон кард.

Соли 1924 аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гандбол баргузор шуд.

© Sputnik / Vladimir Vyatkin
Гандболистки сборных команд СССР и ГДР во время соревнования на XXII Олимпийских играх в Москве

Соли 1933 аввалин маротиба қуллаи баландтарини собиқ ИҶШС- қуллаи Сталин (ҳоло қуллаи Исмоили Сомонӣ-7495 м) аз ҷониби кӯҳнавардон фатҳ гардид.

Восхождение на пик
© Sputnik / Е.Котлов
Восхождение на пик

 

Рӯзи 3 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 дар Тоҷикистон тангаҳои арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50-дирамӣ ба муомилот бароварда шуданд.

Таджикские деньги, архивное фото
© Sputnik / Стас Этвеш
Таджикские деньги, архивное фото

Соли 2005 оғози фаъолияти шабакаи телевизионии "Сафина".

Государственный телеканал Телевидение Сафина
© Sputnik
Государственный телеканал "Телевидение Сафина"

Соли 2009 Президент Эмомалӣ Раҳмон  дар Конференсияи сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария суханронӣ кард.

День 1 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010  Фурудгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2010 бори нахуст дар Тоҷикистон як маргталаб худро назди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд тарконд, ки ба гузориши расонаҳо дар 4 кушта ва 28 маҷруҳ ба ҷо гузошт.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърўзаи таҳлилӣ — "Натиҷаҳои фаъолияти 20–солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо" баррасӣ шуданд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дӯстонаи артиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Пекин Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 сентябр

  • Рӯзи авиатсияи тоҷик.
  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи Гвардияи миллӣ.
  • Дар Австралия – Рӯзи парчам.
  • Дар Қатар – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 3 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Амиршои Иброн (1949-1993)- ширинкор.

Толиббек Бухориев (1954) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Минҳоҷ Ғуломов (1929 – 1995) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Карим Қурбонов (1928) – арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Марямбону (Соҳибова) (1970)- шоира.

Николай Морозенко (1902 – 1967) – доктори илми геологӣ.

Шоиста Муллоҷонова (1925) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Луҳира Мўъминова (1971)- сароянда.

Ҳақназар Кабуд (1917 – 1994) – гуруғлисаро, шоир.

Ҷамшеди Давлатмамад (1966-1992)- шоир.

133
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 27 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 31 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии новых культурных объектов в Хатлонской области

"Бародарамонро аз даст додем": ҳамдардии Раҳмон бо Навоф ал-Аҳмад

675
(Таҷдидшуда 16:57 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт, ки дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт, изҳори таслият кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Бино ба гузорши котиботи раисиҷумҳур, Раҳмон дар номаи таслият аз хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ андӯҳгин шудааст.

"Бо реҳлати он ходими шоистаи сиёсиву давлатӣ мо бародари гиромии худро, ки бо хидматҳои бузурги инсондӯстонааш дар минтақа ва ҷаҳон нуфузу эътибори хоссаро соҳиб гашта буд, аз даст додем", - омадааст дар нома.

Раҳмон афзуда, ки марҳум бо саҳми босазояш дар густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Кувайт ҳамеша дар хотироти мо боқӣ мемонад.

"Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум, ба тамоми мардуми бародари Қувайт таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам".

Президенти Тоҷикистон дуо карда, ки "Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун".

Ёдрас мешавем, ки Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт -куҳансолтарин ҳокими араб дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар синни 92-солагӣ даргузашт.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шуда буд.

675
Барчаспҳо:
таслият, ҳамдардӣ, даргузашт, Амири Кувайт, Қувайт, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон открыл среднюю школу № 96 в Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав сафар кард

515
(Таҷдидшуда 11:28 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон сафарашро аз ифтитоҳи Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад" оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав рафт. Кишвардорро фаъолону сокинон истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Гуфта мешавад, ки ин ҷо нахуст президент дар деҳоти Чустии ноҳияи Шаҳринав Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад"-ро ба баҳрабардорӣ расонидааст.

Тибқи ититлои манбаъ, комплекси мазкур аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия — "Марва-мебел", коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад.

Корхонаи муштараки "Марва-мебел" дар ошёнаи якуми бинои дуошёна ҷойгир мебошад.

Барои мебелсозӣ аз кишварҳои Урупо 16 адад дастгоҳи замонавӣ ворид гардидаанд.

Вобаста ба фармоиш дар корхонаи навбунёд беш аз 300 номгӯй мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин дарҳои байниҳуҷрагӣ ва кату нишасткурсиҳои гуногунҳаҷм истеҳсол карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар корхонаи мазкур имкон аст дар як шабонарӯз беш аз 8 метри мукааб тахта коркард карда шавад.

Манбаъ таъкид карда, ки дар корхона маҳсулот аслан вобаста ба фармоиш истеҳсол карда шуда, аз лиҳози тарҳ ва сифат ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Чӯбу тахта, фурнитура ва дигар ашёи хом аз Русия ва Ӯзбекистон ворид карда мешаванд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки кандакорӣ дар чӯб, ки барои миллати тоҷик меросист, дар корхона васеъ ба роҳ монда шудааст.

Ба ин кор нафарони соҳибкасб ва дорои таҷрибаи зиёди корӣ ҷалб шудаанд.

Дар корхонаи мебелсозӣ 30 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Президент ба масъулин барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастур дода, мутахассисонро ба омӯзонидани нозукиҳои кори мебелсозӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб ба насли наврасу ҷавон ҳидоят кардааст.

515
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон