День 4 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

53
(Таҷдидшуда 10:16 04.09.2020)
Рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон – Рӯзи китоб, Рӯзи байналмилалии таэквондо ва дар Аргентина — Рӯзи муҳоҷират ва дар Молдова – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук мебошад

Рӯзи 4 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1881 баландтарин ҳарорати ҳаво дар қитъаи Урупо дар Испания ба қайд гирифта шуд, ки +50,0°С – ро ташкил дод.

День 3 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1888 Ҷорҷ Истмен  барои бақайдгирии тамғаи тиҷоратии "Kodak" патент ба даст овард.

Соли 1998 ширкати "Google" таъсис дода шуд.

Соли 2006 дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии кӯдакону наврасон- «Баҳористон» ба фаъолият шурӯъ кард.

Рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1960 сохтмони қисми якуми корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе оғоз гардида буд. Ин корхона ҳоло "Сементи тоҷик" ном дорад, ки дар замони Шӯравӣ дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол мекард.

День 2 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ санги асос гузошта шуд.

Соли 2012 Президент аз чанд корхонаи технологии шаҳри Бангалори Ҳиндустон дидан карданд.

Соли 2017 қабл аз баргузории Ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи "Жэнмин жибао" ҷавоб доданд.

Соли 2017 Бонки миллии Ӯзбекистон аввалин маротиба дар бораи мубодилаи асъори сӯми ӯзбекӣ ба сомонии тоҷикӣ эълон пахш намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 сентябр

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи китоб.
  • Рӯзи байналмилалии таэквондо.
  • Дар Аргентина — Рӯзи муҳоҷират.
  • Дар Молдова – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
53
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 28 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 31 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Эмомали Рахмон открыл среднюю школу № 96 в Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав сафар кард

229
(Таҷдидшуда 10:05 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон сафарашро аз ифтитоҳи Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад" оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав рафт. Кишвардорро фаъолону сокинон истиқбол гирифтаанд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Гуфта мешавад, ки ин ҷо нахуст Президент дар деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад"-ро ба баҳрабардорӣ расонидааст.

Тибқи ититлои манбаъ, комплекси мазкур аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия — "Марва-мебел", коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад.

Корхонаи муштараки "Марва-мебел" дар ошёнаи якуми бинои дуошёна ҷойгир мебошад.

Барои мебелсозӣ аз кишварҳои Урупо 16 адад дастгоҳи замонавӣ ворид гардидаанд.

Вобаста ба фармоиш дар корхонаи навбунёд беш аз 300 номгӯй мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин дарҳои байниҳуҷрагӣ ва кату нишасткурсиҳои гуногунҳаҷм истеҳсол карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар корхонаи мазкур имкон аст дар як шабонарӯз беш аз 8 метри мукааб тахта коркард карда шавад.

Манбаъ таъкид карда, ки дар корхона маҳсулот аслан вобаста ба фармоиш истеҳсол карда шуда, аз лиҳози тарҳ ва сифат ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Чӯбу тахта, фурнитура ва дигар ашёи хом аз Русия ва Ӯзбекистон ворид карда мешаванд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки кандакорӣ дар чӯб, ки барои миллати тоҷик меросист, дар корхона васеъ ба роҳ монда шудааст.

Ба ин кор нафарони соҳибкасб ва дорои таҷрибаи зиёди корӣ ҷалб шудаанд.

Дар корхонаи мебелсозӣ 30 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Президент ба масъулин барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастур дода, мутахассисонро ба омӯзонидани нозукиҳои кори мебелсозӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб ба насли наврасу ҷавон ҳидоят кардааст.

229
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав
Душанбе площадь Дусти памятник Исмаилу Самани

Сард мешавад ва борон бошиддат меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

350
(Таҷдидшуда 11:23 30.09.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлону ғарби ВМКБ бориши борони бошиддат дар назар буда, ҳарорати ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа паст мешавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.

Дар шарқи вилоят низ рӯзона борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм  мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.

Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 10 +15 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда мешавад. Борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона 14+16 дараҷа  гарм мешавад.

350
Барчаспҳо:
борон, Боду ҳаво, Тоҷикистон
Руки в наручниках.

Боздошти зани 20-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

0
(Таҷдидшуда 11:04 30.09.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт шудани зани ҷавон, сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони ғоратгарӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:00, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 750-сомониро ташкил медиҳад", -  омадаст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, дар паи баргузори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б. Бурунови ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тилло, зани ҷавон, боздошт