День 5 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 5 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

76
(Таҷдидшуда 16:56 04.09.2020)
Рӯзи панҷуми сентябр Рӯзи байналмилалии эҳсонкорӣ буда дар Ҳиндустон – чун Рӯзи муаллим таҷлил мешавад

Рӯзи 5 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 дар Сурия конститутсияи сотсиалистӣ қабул гардид.

День 4 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1958 дар ИМА ширкати «Ampex» аввалин видеомагнитофони рангаро пешниҳод кард.

Соли 1980 дар Швейтсария дарозтарин нақби мошингузари дунё, ки 16 километр аст, ифтитоҳ гардид.

Рӯзи 5 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1941 дар шаҳри Хоруғ Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ таъсис ёфт.

Хорог, архивное фото
Хорог, архивное фото

Соли 1960 дар Сталинобод корхонаи нави семент ба истифода дода шуд.

Соли 2006 дар шаҳри Москваи Русия бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашри махсуси маҷаллаи «Тоҷикистон- қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ» ба роҳ монда шуд.

Соли 2007 дар шаҳри Душанбе форуми соҳибкорони Тоҷикистону Булғористон доир гардид.

День 3 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 агрегати якуми НБО «Сангтӯда-2» ба истифода дода шуд.

Соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва адибони маъруфу машҳури мамлакат дар ошёнаҳои аввали бинои бисёрошёнаи Маҷмааи истиқоматии «Пойтахт-80» бо номи «Ошёни дониш ва хизматрасонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, фурӯшгоҳи бузурги китоб  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли  2015  дар шаҳри Душанбе панҷумин Намоишгоҳи байналмилалии  «Китоби Душанбе» баргузор гардид.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» ва Намоишгоҳи V байналмилалии китоб, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид, суханронӣ кард.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сямени Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС суханронӣ намуд.

Соли 2017 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар  дастаи  мунтахаби футболи Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Новая эстакада в 82-м микрорайоне в Душанбе
Новая эстакада в 82-м микрорайоне в Душанбе

Ҷашнҳои рӯзи 5 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии эҳсонкорӣ.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи муаллим.

Рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Нуриддин Абдураҳмонов (1949)- доктори илми биологӣ.

Ҳалима Алибоева (1958) – актрисаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҳусейн Бақоев (1934) – рассоми ТВ ва кино.

Зулолаи Нур (1978)- нависанда.

Зиё Қаюмов (1935)- нависанда.

Гузал Майдинова (1952) – доктори илми таърих, профессор.

Муҳаббат (Маҳмадшоева) (1981)- шоира.

Назар Назаров (1949)- арбоби фарҳангӣ.

Ҳамид Пўлодов (1941-2006) – доктори илми фалсафа, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

Субҳон Саидов (1960-2016) – сароянда.

Римма Степанова (1938) – доктори илми таърих, профессор.

Ҳусниддини Зулфон (1945)- шоир.

Шаҳлои Беназир (Назирова) (1979)- шоира.

Ҷонибек Акобиров (1952)-нависандаи халқии Тоҷикистон.

Ҳабиба Алибоева (1958)-балерина.

76
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Эмомали Рахмон встретился с Абдулазизом Кодировым , ветераном ВОВ

"Гила" - и сокини 101 - солаи Шаҳринав аз Эмомалӣ Раҳмон - навор

987
(Таҷдидшуда 15:05 01.10.2020)
Абдулазиз Қодиров, собиқабодори меҳнат, иштирокчии 2 ҷанг, ҳангоми ташриф овардани кишвардори Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳринав назди ӯ баромад намуда, дар фарҷоми суханронияш гуфт, ки аз сарвари давлат гила дорад

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав низ бо фаъолони ин минтақа мулоқот баргузор намуд.

Барои хушомадгӯии кишвардор ба ноҳияи мазкур, назди баландгӯяк сокини 101 - солаи Шаҳринав, Абдулазиз Қодиров омада, баромад намуд, ки саҳнаи суханронии ӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Мӯйсафеди нуронӣ аз иштирок кардани худ дар ду ҷанг ёдовар шуда, гуфт талхӣ ва ширинии ин дунёро бисёр чашидаст.

 Қодиров аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки солҳои охир симои Тоҷикистон бо суръати тез замонавӣ ва бисёр зебо гашта истодаст. Дар пешрафти давлати тоҷикон, номбурда саҳми кишвардор - Эмомалӣ Раҳмонро таъкид карда, барои заҳмати шабонарӯзӣ ба сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.

Рӯймол зеби модарони тоҷик аст: тавсифи Раҳмон аз рӯймолбандии зани кӯлобӣ - навор

Зимнан, Қодиров дар фарҷоми суханаш, пас аз дуои падарона додан ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз Президент гиламанд ҳам аст.

Ин ҳарфи мӯйсафед ҳамаро то як андоза ҳайратзада кард. Аммо гилаи Қодиров аз Раҳмон ин будаст, ки Президент ба ин ноҳия кам ташриф меовардаст.

Собиқадори меҳнат аз Президенти Тоҷикистон даъват намуд, ки ба ноҳияи Шаҳринав зуд - зуд сафар кунанд, "зеро ташрифи  кишвардор ба ноҳия фаровониро меорад", - мегӯяд Абдулазизи 101 - сола.

987
Барчаспҳо:
Шаҳринав, Эмомали Раҳмон
Новорожденный

Даҳшат: сокини Хоразм аз бехонагӣ ва бепулӣ кӯдаки 2 - моҳаашро дар бозор партофту рафт

298
(Таҷдидшуда 14:06 01.10.2020)
Модари ин кӯдак қаблан барои ҷангу нофаҳмиҳо бо ҳамсараш, онҳоро тарк карда, ба самти номаълум рафтаст. Падар бошад, худро маст карда фарзанди 2 - моҳаашро дар бозор партофта, фирор кард

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тошканд ҷавони 32 - сола, ки сокини Хоразм мебошад, дар ҳолати мастӣ духтарчаи 2 - моҳаашро дар бозор партофта, фирор кардаст, хабар медиҳад Sputnik  Ӯзбекистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи даҳшатбор дар бозори "Чиланзар" рух додааст. 

Манбаъ аз қавли намояндагони пулис хабар медиҳад, ки оилаи ҷавон аз зодгоҳи худ барои дарёфти кор ва зиндаги хуб ба Тошканд кӯчиданд. Аммо бехонагӣ ва дарёфт накардани ҷойи кор, оилаи ҷавонро аз ҳам ҷудо кард.

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Модари кӯдак барои муноқиша ва ҷангҳои пайваста бо ҳамсараш,фарзандашро партофта, ба самти номаълум фирор кардаст.

Зимнан, падари хонавода, дар бозори "Чиланзор" машруботи спиртиро истеъмол намуда, кӯдакашро назди фурӯшандаҳои бозор гузошта, ба самти номаълум ғайб зад.

Манбаъ меафзояд, кормандони пулис ҳар ду волидони кӯдакро пайдо карда, бо дархости модари навзод ӯву фарзандашро ба вилояти Сурхандарё, назди волидонаш гусел карданд.

298
Барчаспҳо:
кӯдак, Ӯзбекистон
Призывники в армию Таджикистана в Бадахшане

Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

0
(Таҷдидшуда 16:56 01.10.2020)
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нахустин манотиқи кишвар аст, ки аввал шуда нақшаи даъват ба артишро иҷро кард.

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вилоят, дар нахустин рӯзи даъват нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон дар рузи якум 103 % иҷро намуд.

Президент фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард

Ёдовар мешавем, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даъватҳои қаблӣ низ пеш аз дигар минтақаҳо нақшаро нахустин шуда иҷро мекард.

Фармон дар бораи даъвати наваскаронро раисиҷумҳури кишвар 3 сентябр имзо карда буд.

Пешсафии Бадахшон: нақшаи даъвати наваскарон дар вилоят 110 дарсад иҷро шуд

Бар асоси он дар даъвати тирамоҳа шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
артиш, даъват, Бадахшон, Тоҷикистон