День 7 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 7 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

143
(Таҷдидшуда 19:40 06.09.2020)
Рӯзи 7 сентябр Рӯзи байналмилалии  нобудкунии бозичаҳои ҳарбӣ буда дар Бразилия – Рӯзи истиқлолият ва дар  Мозамбик – Рӯзи ғалаба мебошад

Рӯзи 7 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1923 Ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноӣ — Интерпол таъсис дода шуд.

Символика организации интерпол, архивное фото
© AP / Laurent Cipriani
Символика организации интерпол, архивное фото

Соли 1928 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ордени «Байрақи сурхи меҳнат» таъсис дода шуд.

Военный парад в честь 71-й годовщины Победы в ВОВ
© Sputnik / Виталий Белоусов
Военный парад в честь 71-й годовщины Победы в ВОВ

Рӯзи 7 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1934 кашфи қуллаи Ленин, дуюмин баландтарин қулла дар СССР (7134 м).

Восхождение советских альпинистов к пику Ленина в горах Памира
© Sputnik / Владимир Первенцев
Восхождение советских альпинистов к пику Ленина в горах Памира

Соли 1992 мухолифин президенти вақти Тоҷикистон -- Раҳмон Набиевро маҷбур сохтанд, то аз мақомаш истеъфо бидиҳад.

Президент Республики Таджикистан Рахмон Набиевич Набиев, архивное фото
© Sputnik / Юрий Абрамочкин
Президент Республики Таджикистан Рахмон Набиевич Набиев, архивное фото

Соли 1994 матни Суруди миллии Тоҷикистон (шеъри Гулназар Келдӣ) қабул гардид.

© Sputnik
Гулназар Келдӣ шеъри суруди миллро қироат кард

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе панҷумин Форуми байналмилалии тоҷикон ва форсизабонон баргузор гардид.

День 6 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2004 ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО расман Душанберо шаҳри сулҳ эълон кард.

Соли 2009  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Варзоб дар Форуми соҳибкорону сармоягузорони ду давлат иштирок  намуд.

Соли 2010 китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ аз чоп баромад.

Соли 2011 дар шаҳри Пекин маросими муаррифии китоби Вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ «Санъати ороишию амалии тоҷикон: аз байни қарнҳо» ба забони чинӣ баргузор шуд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи саноатии “Гулоб”- ро ба истифода дод.

Соли 2018 масоили марбут ба таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА муҳокима гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии  нобудкунии бозичаҳои ҳарбӣ.
  • Дар Бразилия – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар  Мозамбик – Рӯзи ғалаба.

Рӯзи 7 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Адаш Истад (1946) – нависанда.

Григорий Иванов (1927) – устоди рақс, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Камоли Хуҷандӣ (1318 – 1401) – шоири форс – тоҷик.

Хуршед Ниёзӣ (1961) – оҳангсоз.

Абдуқодир Сангинов (1914-1965)- арбоби давлатӣ.

Қодир Собиров (1924 – 1974) – доктори илми фалсафа, профессор.

Виктор Стариков (1898 – 1983) – гидроэнергетик, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Тиллои Некқадам (1959)– публисист, киношинос.

Қурбон Хоҷаев (1947)- доктори илми педагогӣ.

Матлуба Хоҷаева (1958) – доктори илми филологӣ, профессор.

143
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Новая мечеть в Душанбе

Тоҷикистон кай дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон мекушояд?

427
(Таҷдидшуда 18:23 01.10.2020)
Дар Тоҷикистон ҳамоно дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус дари масҷидҳо барои намозгузорон баста аст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам намозгузорӣ дар масҷидҳо номумкин аст, хабар медиҳад Парс тудей.

Манбаъ аз қавли Эмомалӣ мирзоев сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба далели калонсол будани синну соли аксар намозгузорон дар кишвар, ҳоло санаи дақиқи бозкушоӣ шудани дари масҷидҳо номаълум аст.

Мирзоев мегӯяд, одамони калонсол ба гурӯҳи хатар шомилан ва аз ин рӯ ин масъала ҳоло мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Зимнан, сухангӯи Кумитаи дин Афшини Муқим низ таъкид кардааст, ки риояти фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо кори сахт мебошад.

Нахустин намоз дар масҷиди Оя София - пахши мустақим

Ӯ мегӯяд, дар сурати беҳ шудани вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити хуб дар масоҷид, ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад.

Ёдовар мешавем, масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ тибқи дастури Шӯрои уламои исломии  кишвар ва тавсияҳои Ситоди муқобила бо вируси корона барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, баста шуд.

Қаблан, Тоҷикистон дари тарабхонаву қаҳвахонаҳоро низ баста буд. Аммо сар аз 15 - уми июл фаъолияти тарабхонаҳо аз сар гирифта шуд ва баргузории тӯю маъракаҳои хурсандӣ бо ҳузури на беш аз 30 нафар иҷозат дода шуд.

427
Барчаспҳо:
намоз, Тоҷикистон, масҷид
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Эмомали Рахмон встретился с Абдулазизом Кодировым , ветераном ВОВ

"Гила" - и сокини 101 - солаи Шаҳринав аз Эмомалӣ Раҳмон - навор

2267
(Таҷдидшуда 15:05 01.10.2020)
Абдулазиз Қодиров, собиқабодори меҳнат, иштирокчии 2 ҷанг, ҳангоми ташриф овардани кишвардори Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳринав назди ӯ баромад намуда, дар фарҷоми суханронияш гуфт, ки аз сарвари давлат гила дорад

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав низ бо фаъолони ин минтақа мулоқот баргузор намуд.

Барои хушомадгӯии кишвардор ба ноҳияи мазкур, назди баландгӯяк сокини 101 - солаи Шаҳринав, Абдулазиз Қодиров омада, баромад намуд, ки саҳнаи суханронии ӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Мӯйсафеди нуронӣ аз иштирок кардани худ дар ду ҷанг ёдовар шуда, гуфт талхӣ ва ширинии ин дунёро бисёр чашидаст.

 Қодиров аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки солҳои охир симои Тоҷикистон бо суръати тез замонавӣ ва бисёр зебо гашта истодаст. Дар пешрафти давлати тоҷикон, номбурда саҳми кишвардор - Эмомалӣ Раҳмонро таъкид карда, барои заҳмати шабонарӯзӣ ба сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.

Рӯймол зеби модарони тоҷик аст: тавсифи Раҳмон аз рӯймолбандии зани кӯлобӣ - навор

Зимнан, Қодиров дар фарҷоми суханаш, пас аз дуои падарона додан ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз Президент гиламанд ҳам аст.

Ин ҳарфи мӯйсафед ҳамаро то як андоза ҳайратзада кард. Аммо гилаи Қодиров аз Раҳмон ин будаст, ки Президент ба ин ноҳия кам ташриф меовардаст.

Собиқадори меҳнат аз Президенти Тоҷикистон даъват намуд, ки ба ноҳияи Шаҳринав зуд - зуд сафар кунанд, "зеро ташрифи  кишвардор ба ноҳия фаровониро меорад", - мегӯяд Абдулазизи 101 - сола.

2267
Барчаспҳо:
Шаҳринав, Эмомали Раҳмон
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Ҷазои Снежанна барои мошинронӣ бо суръати хеле баланд дар Душанбе-видео

0
(Таҷдидшуда 21:06 01.10.2020)
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷаримабандии ҷавондухтаре хабар дод, ки мошинро дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо суръати 175 километр дар як соат рондаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, духтар мошинронияш бо суръати 175 км/соатро ба навор гирифта, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграм нашр намудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз маъмурини милиса хостаанд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раёсати умури дохилӣ хабар дод, ки дар пайи санҷиш муайян шуд, ронандаи мазкур Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идораи мошини шахсияш “Ауди А4” ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Манбаъ таъкид кард, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронанда, барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва гузаштан дар чароғаки сурх санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

0
Барчаспҳо:
ҷазо, ронанда, роҳ, Тоҷикистон