День 10 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 10 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

108
(Таҷдидшуда 19:26 08.09.2020)
Рӯзи 10 сентябр, Рӯзи ҷаҳонии пешгирии худкушӣ, Рӯзи миллии кӯдакон дар Гондурас ва Рӯзи муаллимон дар Чин ва Гонконг мебошад

Рӯзи 10 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1894  дар Лондон аввалин ронанда барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин ҷарима карда шуд.

Соли 1940 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шиносномаҳо ба шаҳрвандон  дода шуданд.

ГУВД Ташкента выявило более 30 человек, проживающих с паспортами СССР
© Пресс-служба ГУВД Ташкента
Шиносномаҳои давраи ИҶШС.

Соли 1964 қӯшунҳои СММ бо мақсади қатъи муноқишаҳо миёни ҷамъиятҳои юнониҳою туркҳо ба Кипр фуруд омаданд.

Соли 1972 дар Мюнхен Бозиҳои ХХ тобистонаи олимпӣ, ки 26 августи ҳамон сол оғоз гардиданд, ба охир расиданд.

Рӯзи 10 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд иштирок намуд.

День 8 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2008 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент дар доираи тантанаҳои 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маросими расмии ба истифода додани мақбараи ӯ баргузор гардид.

 

Соли 2008 дар дафтари Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорони минтақаи Осиёи Марказӣ  оид ба инъикоси масъалаҳои савдо видеоконфронс доир карда шуд.

Соли 2009 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии аввалин  китоби 4-ҷилдаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» бо забони ҳиндӣ доир карда шуд.

Соли 2010 дар Тоҷикистон пулҳои 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот баромад.

Нусратулло Махсум на купюре в 200 сомони

Соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Бизнес-форуми истеҳсолкунандагони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир ва ҳамкор баргузор гардид.

Соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба маносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон намоишгоҳи аксҳои наворбардор ва суратгири машҳури тоҷик, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон, академики  Академияи рассомии Тоҷикистон Заур Дахте баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 10 сентябр

  • Рӯзи ҷаҳонии пешгирии худкушӣ.
  • Рӯзи миллии кӯдакон дар Гондурас.
  • Рӯзи муаллимон дар Чин ва Гонконг.
  • Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Украина.

Рӯзи 10 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Бектош (1903 – 1938) – адабиётшинос.

Мидҳат Беҳбудӣ (1922-1998) – мутарҷим.

Саидмурод Бобоқулов (1960)- доктори илми таърих.

Ғолиб Ғоибов (1944) – адабиётшинос.

Шарофат Ғуломова (1940) – доктори илми тиб, профессор.

Зариф Ибод (1936) – шоир.

Абдуқаюм Қаюмзод (1967)- публисист.

Усмон Мамадқулов (1933) – доктори илми биологӣ.

Муҳиддин Музаффаров (1946) – нависанда.

Толиб Набиев (1953) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Роза Неменова (1909 – 1989) – забоншинос, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Одина Шакар (1888-1960)- шоир.

Мастибек Паллаев (1939 – 1984) – сароянда – ширинкор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Мирзо Сабуров (1933)- шореҳи шоҳмот.

Зебо Сангинова (1945)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Умар Сатторӣ (1948)- шоир, нависанда.

Наҷот Сафарзода (1956)- публисист.

 Назришо Сўфиев (1935) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Иброҳим Усмонов (1948) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Татяна Холова (1947) – артисткаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Тоҷибой Ҳоҷибоев (1956- 2008)- ширинкор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Хубонгул (Xўраева) (1978)- шоира.

Хуршеди Атовулло (1972)- журналист, нависанда.

Ҳасан Форсо (1953 – 1994) – шоир.

Бахшулло Ҷумъаев (1960) – доктори илми биологӣ, профессор.

Адолат Xўраева (1947)- доктори илмҳои физикаю математика.

108
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 7 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 27 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

32
(Таҷдидшуда 18:07 26.09.2020)
Рӯзи 27 сентябр Рӯзи байналмилалии туризм буда, дар Муғулистон – Рӯзи телевизион ва дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ мебошад

Рӯзи 27 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1791 ба яҳудиёни Фаронса шаҳрвандӣ дода шуд.

Соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1905  дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс карданд.

Соли 1941 Сурия давлати мустақил эълон шуд.

Соли 1953 Ҷопон қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.

Соли 1977  аввалин неругоҳи атомии Украина нахустин бор  ҷараёни барқ ҳосил кард.

Соли 1990 ИҶШС ба Интерпол ҳамроҳ шуд.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2013 шаҳрдори Душанбе мусиқии баландро дар автобус ва дигар нақлиёти мусофиркаш манъ кард.

День 25 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» ҷамъомад баргузор гардид.

Соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии туризм.
  • Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.
  • Дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Таисия Иванова (1932) – доктори илми биолог.

Мавҷигули Зардодхон (1963-2011) – шоира.

Равшан Махсумзод (1963) – нависанда.

Боймуҳаммад Ниёзов (1927 – 2009) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Людмила Никулина (1934) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Зоя Румянсева (1916-2001) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хуршеда (Обидова ) (1974)- шоира.

32
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото

Дағалӣ накард: сафорати Тоҷикистон қазияи лат шудани намояндаашро шарҳ дод

1218
(Таҷдидшуда 21:01 26.09.2020)
Рӯзи 24 - уми сентябр шаҳрванди 38 - солаи Тоҷикистон дар назди бинои сафорати ин кишвар дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Зимнан аксар расонаҳои дохиливу хориҷӣ хабар доданд, ки сокини 38 - солаи ВМКБ барои дағалгуфтории намояндаи сафорат, ӯро латукӯб карда, дасту бинияшро шикаст.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26 - уми сентябр дар сафҳаи торномаи сафорат қазияи лат шудани мутахассиси пешбарашонро шарҳ доданд.

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

Бар хабари котиботи сафорати мазкур, нофаҳмӣ сари ба рӯйихат даровардани шаҳрвандони хоҳишманди сафар ба Тоҷикистон, бархост.

"Аз ҷониби намояндаи сафорат ягон дағалгуфторӣ сурат нагирифт", - таъкид мешавад дар хабар.

Намояндагони сафорати Тоҷикистон аз пахши хабарҳои носаҳеҳи расонаҳои дохиливу хориҷӣ изҳори нигаронӣ намуда, дархост карданд, ки минбаъд дар нашри хабарҳои вобаста ба масоили баргаштани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан, эҳтиёткор бошанд ва танҳо маълумотҳои саҳеҳро пахш намоянд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.

1218
Барчаспҳо:
шарҳ, қазия, Русия, Тоҷикистон, сафорат
Кошелек с деньгами, архивное фото

Дар Тоҷикистон қарзи маош ба 65 миллион сомонӣ расид

0
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, танҳо аз аввали соли равон қарзи музди меҳнат беш аз 29,7 миллион сомониро ташкил додааст, ки баробар ба 45,6 фоизи ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон қарзи умумии музди меҳнат беш аз 65,1 миллион сомонӣ (беш аз 6,3 миллион доллар) -ро ташкил медиҳад.

Ба ин маблағ қарзҳои солҳои гузашта низ дохил мешаванд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аз аввали соли равон то моҳи август танҳо қарзи музди меҳнат беш аз 29,7 миллион сомонӣ ё 45,6% ҳаҷми умумии қарзро ташкил додааст.

Қисми зиёди қарзҳо дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ боқӣ мемонанд. Афзоиши қарзи музди меҳнат дар соҳаи сохтмон (27,1%), истеҳсолот (22,2%) ва ғайра ба қайд гирифта шудааст.

Музди камтарини меҳнат дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ миёни кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва хоҷагии ҷангал буд, ки дар ин соҳаҳо 531 сомониро ташкил дод.

Музди баландтарин дар саноати маъданҳои кӯҳӣ - 2,2 ҳазор сомонӣ, дар сохтмон - 2,3 ҳазор сомонӣ, дар бахши энергетика - 2,1 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ умуман музди миёнаи моҳона дар моҳи июл 1,5 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Миёни бахшҳои соҳаи ғайриистеҳсолӣ музди баландтаринро кормандони соҳаи молия ва бонкӣ мегирифтаанд, ки ба ҳисоби миёна ба 3,7 ҳазор сомонӣ баробар будааст.

Умуман, музди миёнаи моҳона дар бахшҳои соҳаи ғайриистеҳсолӣ дар моҳи июл 1,1 ҳазор сомониро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 17,7% коҳиш ёфтааст.

0
Барчаспҳо:
қарз, маош, Тоҷикистон