День 11 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 11 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

125
(Таҷдидшуда 19:50 08.09.2020)
Рӯзи ёздаҳуми сентябр дар Аргентина  — Рӯзи муаллимон мебошад. Дар ин рӯз соли 2012  шабакаи давлатии телевизионии "Тоҷикистон" ба пахши барномаҳои шабонарӯзӣ оғоз кард

Рӯзи 11 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1839 дар Канада аввалин мусобиқаи варзиши сабук баргузор гардид.

День 8 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1852  дар шимоли Колумбия аввалин рӯзнома-«Olympia Columbian» нашр шуд.

Соли 1888 дар маросими кушодашавии намоиши саноатӣ дар Торанто аввалин маротиба сабти садои инсон амалӣ карда шуд.

Соли 1971 Миср конститутсияашро қабул кард.

Рӯзи 11 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012  шабакаи давлатии телевизионии «Тоҷикистон» ба пахши барномаҳои шабонарӯзӣ оғоз кард.

День 7 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Президенти вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки барои иштирок ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф оварданд, мулоқот анҷом доданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баррасӣ гардиданд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан кард.

Соли 2018 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон аз номи Пешвои миллат ба як қатор кормандони муваффақ мукофотҳои давлатӣ супорид.

Ҷашнҳои рӯзи 11 сентябр

  • Дар Аргентина  — Рӯзи муаллимон

Рӯзи 11 сентябр кӣ ба дунё омадааст

1804 — Александр Полежаев, шоири рус, тарҷумон.

1862 — О. Генри ( Уилям Сидни Портер), нависандаи амрикоӣ.

1877 — Феликс Дзержинский, револютсионери рус.

1882 — Борис Житков, нависандаи советӣ, муаллифи китобҳои баччагона.

1885 — Дэвид Герберт Лоуренс, нависандаи англис.

1894 — Александр Довженко,коргардони советӣ, нависанда, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС.
1935 — Герман Титов, ҳавонавард ва сарнишини ИҶШС, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

1937 — Иосиф Кобзон, сарояндаи эстрада ва корманди ҷамъиятӣ, Ҳунарманди халҷии ИҶШС.

Депутат Государственной думы РФ Иосиф Кобзон во время выступления, архивное фото
© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Депутат Государственной думы РФ Иосиф Кобзон во время выступления, архивное фото

1940 — Брайан Де Палма, коргардони амрикоӣ.

1965 — Башор Асад, ходими давлатӣ. Аз соли 2000 инҷониб президенти Сурия.

Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото
© AFP 2020 /
Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото

1966 — Лада Дэнс (насаби воқеъӣ Волкова), сарояндаи русиягӣ.

Рӯзи 11 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1911 — Сотим Улуғзода, нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизадори мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.

1932 — Сайфулло Ҷурабоев, коргардони кино, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

125
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 5 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Эмомали Рахмон встретился с Абдулазизом Кодировым , ветераном ВОВ

"Гила" - и сокини 101 - солаи Шаҳринав аз Эмомалӣ Раҳмон - навор

1096
(Таҷдидшуда 15:05 01.10.2020)
Абдулазиз Қодиров, собиқабодори меҳнат, иштирокчии 2 ҷанг, ҳангоми ташриф овардани кишвардори Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳринав назди ӯ баромад намуда, дар фарҷоми суханронияш гуфт, ки аз сарвари давлат гила дорад

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав низ бо фаъолони ин минтақа мулоқот баргузор намуд.

Барои хушомадгӯии кишвардор ба ноҳияи мазкур, назди баландгӯяк сокини 101 - солаи Шаҳринав, Абдулазиз Қодиров омада, баромад намуд, ки саҳнаи суханронии ӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Мӯйсафеди нуронӣ аз иштирок кардани худ дар ду ҷанг ёдовар шуда, гуфт талхӣ ва ширинии ин дунёро бисёр чашидаст.

 Қодиров аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки солҳои охир симои Тоҷикистон бо суръати тез замонавӣ ва бисёр зебо гашта истодаст. Дар пешрафти давлати тоҷикон, номбурда саҳми кишвардор - Эмомалӣ Раҳмонро таъкид карда, барои заҳмати шабонарӯзӣ ба сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.

Рӯймол зеби модарони тоҷик аст: тавсифи Раҳмон аз рӯймолбандии зани кӯлобӣ - навор

Зимнан, Қодиров дар фарҷоми суханаш, пас аз дуои падарона додан ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз Президент гиламанд ҳам аст.

Ин ҳарфи мӯйсафед ҳамаро то як андоза ҳайратзада кард. Аммо гилаи Қодиров аз Раҳмон ин будаст, ки Президент ба ин ноҳия кам ташриф меовардаст.

Собиқадори меҳнат аз Президенти Тоҷикистон даъват намуд, ки ба ноҳияи Шаҳринав зуд - зуд сафар кунанд, "зеро ташрифи  кишвардор ба ноҳия фаровониро меорад", - мегӯяд Абдулазизи 101 - сола.

1096
Барчаспҳо:
Шаҳринав, Эмомали Раҳмон
Новорожденный

Даҳшат: сокини Хоразм аз бехонагӣ ва бепулӣ кӯдаки 2 - моҳаашро дар бозор партофту рафт

306
(Таҷдидшуда 14:06 01.10.2020)
Модари ин кӯдак қаблан барои ҷангу нофаҳмиҳо бо ҳамсараш, онҳоро тарк карда, ба самти номаълум рафтаст. Падар бошад, худро маст карда фарзанди 2 - моҳаашро дар бозор партофта, фирор кард

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тошканд ҷавони 32 - сола, ки сокини Хоразм мебошад, дар ҳолати мастӣ духтарчаи 2 - моҳаашро дар бозор партофта, фирор кардаст, хабар медиҳад Sputnik  Ӯзбекистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи даҳшатбор дар бозори "Чиланзар" рух додааст. 

Манбаъ аз қавли намояндагони пулис хабар медиҳад, ки оилаи ҷавон аз зодгоҳи худ барои дарёфти кор ва зиндаги хуб ба Тошканд кӯчиданд. Аммо бехонагӣ ва дарёфт накардани ҷойи кор, оилаи ҷавонро аз ҳам ҷудо кард.

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Модари кӯдак барои муноқиша ва ҷангҳои пайваста бо ҳамсараш,фарзандашро партофта, ба самти номаълум фирор кардаст.

Зимнан, падари хонавода, дар бозори "Чиланзор" машруботи спиртиро истеъмол намуда, кӯдакашро назди фурӯшандаҳои бозор гузошта, ба самти номаълум ғайб зад.

Манбаъ меафзояд, кормандони пулис ҳар ду волидони кӯдакро пайдо карда, бо дархости модари навзод ӯву фарзандашро ба вилояти Сурхандарё, назди волидонаш гусел карданд.

306
Барчаспҳо:
кӯдак, Ӯзбекистон
Спичка, архивное фото

Пулро гирифту хонаро оташ зад: боздошти хонандаи синфи 10 дар Истаравшан

0
Мақомоти милитсия аз боздошти як ноболиғи 16 - сола, хонандаи синфи 10, сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ ва сӯзонидани хона даст задааст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд рухдоди ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

"Сокини 16 - солаи шаҳри Истаравшан, хонандаи синфи 10, ки ҳоло танҳо аз вай Д. Б. ном бурда мешавад, санаи 10 - уми сентябр, соати 07: 30 ба манзили соҳибкор, марди 38 - солаи сокини ин шаҳр воқеъ дар кӯчаи Ҳакимова дохил шуда, 4 ҳазору 400 доллари амрикоиро тасарруф намуд", - шарщ дод Шарифӣ.

Ба изҳори ӯ, ноболиғ барои рӯйпуш кардани изи ҷинояти содиркардааш, хонаи соҳибкорро оташ зад.

Дар асоси муроҷиатномаи соҳибкор, кормандони милитсия хонандаи синфи 10 - и яке аз макотиби Истаравшанро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур муттаҳам дониста мешавад.

Боздошти сокини Вахш барои дуздӣ дар даҳ масҷиди ду ноҳия-видео

Гуфта мешавад, навраси 16 - сола, ба ҷузъ аз дузди маблағ, аз ҳисоби оташ задани манзили истиқоматӣ ба соҳибхона боз 30 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 255 (қасдан несту нобуд кардани молу амвол) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, ноболиғ ба ҳабс гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, дуздӣ, Истаравшан