День 12 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 12 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

122
(Таҷдидшуда 20:19 08.09.2020)
Рӯзи 12 сентябр дар Эфиопия – Рӯзи миллии инқилоб мебошад. Дар ин рӯз, соли 1932 — Саъдулло Асадуллоев, олим ва адабиётшиноси тоҷик ба дунё омадааст

Рӯзи 12 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1910 дар Лос-Анҷелес Алиса Уэлс дар ҷаҳон аввалин зан-афсари политсия интихоб гардид.

День 8 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1959 аз космодроми Байконур дастгоҳи  байнисайёравии худкори «Луна-2» ба кайҳон фиристода шуд.

Соли 1968 Албания расман аз Созмони аҳдномаи Варшава баромад.

Соли 2014 Ҳиндустон ва Покистон барои узви  комилҳуқуқи Созмони Ҳамкории Шанхай шудан аризаи расмӣ пешниҳод карданд.

 Рӯзи 12 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2011 дар шаҳри Душанбе дуюмин Форуми байналмилалии самаранокии неруи барқ баргузор гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

День 7 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.

Соли 2014  дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай як зумра санадҳои нав ба имзо расиданд.

Соли 2016 дар маркази шаҳраки Зафаробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳазорон нафар сокинону меҳмонони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта, Парчами миллиро боло бардошт.

Ҷашнҳои рӯзи 12 сентябр

  • Дар Эфиопия – Рӯзи миллии инқилоб.

Рӯзи 12 сентябр кӣ ба дунё омадааст

1751 — Алексей Корсаков, сенатори русиягӣ, президенти Берг-коллегия.

1829 — Анселм фон Фейербах,рассоми олмонӣ.

1888 — Морис Шевале, ҳунарманди фаронсавӣ.

1897 — Ирен Жолио-Кюри, физики фаронсавӣ, ҷоизадори мукофоти Нобелӣ, духтари Мария Склодовская-Кюри ва Пер Кюри.

1933 — Татяна Доронина, ҳунарманди театр ва кино, ҳунарманди халқии ИҶШС.

1944 — Владимир Спиваков, ғижжакнавоз, дирижер, педагог, раҳбари ансамбли "Виртуозы Москвы", ҳунарманди халқии ИҶШС. 

1949 — Ирина Роднина, қаҳрамони секаратаи олимпӣ, қаҳрамони 10-каратаи ҷаҳон оид ба варзиши сабук, корманди ҷамъиятӣ. 

1953 — Элла Памфилова, сиёсатмадори русиягӣ, ходими ҷамъиятӣ ва давлатӣ, ҳомии ҳуқуқ. 

1966 — Ануше Ансари,олими амрикоӣ.

Рӯзи 12 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1932 — Саъдулло Асадуллоев, олим-адабиётшинос. 

1941 — Мунаввар Мансурхоҷаев, асосгузори филми тасвирии тоҷик, коргардон.

1947 — Гулафзо Савриддинова, ходими давлатӣ.

122
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пустое кресло

Тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи раиси Бадахшон: Улфатшоев вазифаи нав гирифт

31
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор дар ҳайати дастгоҳаш тағйироти кадрӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бо қарори Файзов Ёдгор раиси ВМКБ, Улфатшоев Ҷангибек Мирзоевич аз вазифаи ишғолкардаи худ канор рафт.

Номбурда дар асоси қарори раиси вилоят, аз вазифаи сармутахассиси бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ озод гардид.

Раҳмон гуфт, на ҳамеша аз рӯи ахбори пешниҳодшуда ба ӯ кор мекунад-видео

Бар хабари котиботи раиси ин вилоят, Улфатшоев Ҷангибек дар асоси қарори раис ба мансаби муовини сардори Раëсати маориф таъйин карда шуд.

"Дар мақоми нав, Улфатшоев аз санаи 25 - уми сентябр ба ифои вазифа шурӯъ мекунад", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, Улфатшоев Ҷангибек давоми 9 сол дар дастгоҳи раиси вилоят ба вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

31
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, ВМКБ
Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область

Сафари Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи пул оғоз ёфт

25
Кишвардори Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафарӣ корӣ ба вилояти Хатлон имрӯз ба ноҳияи Ховалинг ташриф овард

 

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Сафари кории Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи пули нав миёни деҳаи Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт.

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, пули нав дар болои дарёи Ёхсу сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад.

Иқтидори борбардории пул 40 тоннаро ташкил медиҳад.

Раҳмон дар Мӯъминобод бо дастовез ба хонаи сокини маҳаллӣ рафт

Иншооти нав аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумахон Қосимов дар муддати кӯтоҳ бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои саҳм гузоштан дар ободонии маҳалли худ таҳсину офарин хонда, намунаи ибрат барои дигар арзёбӣ кард.

25
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, пул, Ховалинг, Эмомалӣ Раҳмон
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

0
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки мадаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдати гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз подполковнике, ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро милиса мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

0
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон