День 14 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 14 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

104
(Таҷдидшуда 13:30 11.09.2020)
Рӯзи 14 сентябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи суруди миллӣ ва дар Украина – Рӯзи сафарбаркунии кормандон мебошад

Рӯзи 14 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1811 дар Пруссия сохти феодалӣ бекор карда шуд.

День 11 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1867 нашри ҷилди якуми китоби “Капитал”-и Карл Маркс.

Соли 1937 дар ИҶШС мӯҳлати ҳабс барои “душманони халқ” дар маҷмӯъ зиёд шуд.

Соли  1939 дар ИМА аввалин маротиба парвози чархбол ба ҳаво сурат гирифт.

Соли 1989 Ҳаракати ҷамъиятии “Растохез” таъсис ёфт.

Соли 1991  Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон пароканда шуда, аз нав ҳамчун Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ташкил гардид.

Соли 2003 дар пайи як раъйпурсӣ Эстония ба Иттиҳоди Аврупо шомил шуд.

Соли 2017 Париж ва Лос-Анҷелес расман пойтахти Бозиҳои олимпии 2024 ва 2028 эълон шуданд.

Рӯзи 14 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз минбари олитарин ташкилоти бонуфузи олам — Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуд.

День 10 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2006 Бонки рушди Чин барои рушди кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 млн доллар қарз дод.

Соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов баргузор гардид.

Ссоли 2010  дар Маҷмааи давлатии "Кохи Вахдат" машварати навбатии роҳбарони роҳи оҳани кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия доир шуд.

Отреставрированое здание Кохи вахдат Душанбе
© Sputnik / Амир Исаев
Отреставрированое здание Кохи вахдат Душанбе

Соли 2014 Тоҷикистон ва Қазоқистон шарики стратегӣ шуданд.

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни брифинг   ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба мактабҳои олии Қазоқистон даъват намуд.

Соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо президентони Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф оварданд, мулоқот анҷом дод.

Соли 2017 рӯзномаи Парлумони Озарбойҷон бо номи “Истиқлолияти Тоҷикистон дар роҳи расидан ба рушд” мақола нашр намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 14 сентябр

  • Дар ИМА – Рӯзи суруди миллӣ.
  • Дар Украина – Рӯзи сафарбаркунии кормандон.

Рӯзи 14 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Асадзода Мирзонасриддин (1949) – нависанда.

Адҳам Қаландаров (1942-1994)- актёри театр.

Ҳикмат Мўъминов (1966) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Лутфулло Саидмуродов (1959) – доктори илми иқтисод.

Зулайхо Тоҷикова (Зоя) (1935) – санъатшинос.

Бурҳон Тўраев (1909 – 1987) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Григорий Шейкин (1919 – 1987) –ирригатор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Александр Ширшов (1911 – 1982) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Музаффар Набиев (1977)- олими соҳаи тиб, ҷарроҳи шинохтаи кишвар.

104
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашнвора
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото

Баъди 20 соли бехонагӣ: соҳибкорон ба Ҷонаковҳо аз номи Президент хона доданд

1020
Оилаи Ҷонаковҳо баъди 20 соли бехонагӣ, ахиран дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Оилаи Ҷонаковҳо, ки панҷ фарзанд доранд, аз сабаби бехонагӣ тайи 20 сол дар нуқтаҳои сузишворӣ, вагонҳои хоҷагии деҳқонӣ ва ба ин монанд дар бошишгоҳи саҳроӣ бо азобу машаққати зиёд зиндагӣ мекарданд, навиштааст сомонаи "Фараж".

Манбаъ хабар дод, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳри Левакант аз номи роҳбари давлат ба Ҷонаковҳо калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дода шуд. Ин хонаро ба оилаи Ҷонаковҳо соҳибкорони хайрхоҳи вилояти Хатлон туҳфа карданд, илова намудаст нашрия.

Муҳаббат Ҷонакова, модари хонадон ба “Фараж”  гуфтааст, ҳеҷ бовар надошт, ки баъди солҳои зиёди сарсониву саргардонӣ дар вагонҳои вайрона ва бошишгоҳи саҳроӣ соҳиби манзили зист ва замин мешавад.

Зикр шудааст, ки инчунин раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия барои Ҷонаковҳо 0,05 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, ҳуҷҷатҳои замин низ бо супориши раиси ноҳия барои онҳо ройгон омода гардидаанд.

1020
Барчаспҳо:
кумак, хона, Тоҷикистон
Ожирение, архивное фото

Олимон: чарби шикам ҳатто дар вазни муқаррарӣ, хатари марги бармаҳалро зиёд мекунад

582
(Таҷдидшуда 15:58 27.09.2020)
Олимон пас аз анҷоми таҳқиқоти илмияшон ба чунин хулоса омаданд, ки чарби шикам одамро ба марги бармаҳал наздик меорад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чарби шикам ҳатто дар сурати доштани вазни муқаррарӣ, одамро ба марги бармаҳал "тела" мекунад, менависад MedicalXpress бо такя ба маълумоти олимони эрониву канадагӣ.

Мутахассисони ин ду кишвар дасти кам 72 кори илмиро омӯхтанд, ки муносибати фарбеҳии шикам (вақте ки чарб маҳз дар шикам пайдо мешавад) ва фавт аз сабабҳои гуногунро тафтиш карданд. Онҳо инчунин нишондиҳандаҳои солимии зиёда аз 2,5 миллион ихтиёриёнро дар тӯли аз се то 24 сол санҷиданд.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Коршиносон ба даври камар ва миён, таносуби онҳо, фоизи равғани бадан ва параметрҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Маълум шуд, одамоне, ки чарб на дар миён, балки маҳз дар шикам доранд, эҳтимолан барвақтар мемиранд.

Гуфта мешавад, ҳар 10 сантиметр чарбе, ки дар шикам ҷамъ меояд, хавфи наздикшавӣ ба маргро ба андозаи 11 дарсад зиёд мекунад.

582
Барчаспҳо:
марг, фарбеҳӣ, олимон
День 29 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 28.09.2020)
Рӯзи бисту нӯҳуми сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии дил ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ мебошад

Рӯзи 29 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.

День 28 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1973 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Мексика  зиёда аз 700  нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё маҳсуб меёфт, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва  Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.

Соли 2011 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳавопаймои нави худ — "Боинг 737-900"-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.

 

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото
Самолет компании "Сомон Эйр", архивное фото

 

Соли 2013 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  70 сол пур шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

Соли 2016 дар Қасри Миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот карданд.

 

Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей
Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей

 

Соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ зинаи 77-умро соҳиб шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии дил.
  • Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.
  • Рӯзи Конститутсия дар Бруней.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1921-1994)  Шоир Ҳамдам Ҷура.

Соли 1925 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Нисон Шоулов.

Соли 1951 Қаҳрамони олимпӣ Юрий Лобанов.

Соли 1982 Варзишгар Расул Боқиев.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон