День 3 октября

Ҷашнҳои рӯзи 3 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

97
(Таҷдидшуда 17:38 02.10.2020)
Рӯзи 3 октябр дар ҷаҳон чун рӯзи мубориза алайҳи машрубот, рӯзи муттаҳидшавии Германияи ягона ва рӯзи Воҳиди таъиноти махсуси Русия таҷлил мешавад

Рӯзи 3 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1906 рӯзи ҷаҳонии тасдиқи бонги хатар дар баҳр, маъруф ба "SOS" муқаррар карда шуд.

Новый терминальный комплекс системы ОКСИОН
© Sputnik / Валерий Мельников
Служба оповещения о чрезвычайных ситуациях в метро. Архивное фото

Соли 1952 дар Лос-Анҷелес нахустин сабти тасвир дар лентаи магнитӣ сурат гирифт.

День 1 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1990 муттаҳидшавии Ҷумҳурии федеративии Олмон ва Олмони демократӣ ба амал омад, ки соли 1949 ташкил ёфтанд.

Соли 1992 варзишгари итолиявӣ Мауритсио Дамилано рекорди ҷаҳонии дар айни замон амалкунандаро аз намуди дар ду соат 29 км 572 м роҳ рафтан асос гузошт.

Соли 1993 Ҳайдар Алиев бо касби 98,8% овозҳо Президенти Озарбойҷон интихоб шуд.

Парламентские выборы в Таджикистане
© Sputnik / Стас Этвеш
Парламентские выборы в Таджикистане

Рӯзи 3 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 1961 ифтитоҳи ҳафтаи адабиёти украинӣ дар Тоҷикистон.

День 2 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Cоли 2013 20-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони хадамоти андози давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Минск баргузор гардид.

Cоли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи   байнипарлумонии  Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон доир шуд.

Cоли 2013 дар Душанбе Форуми навбатии IX байналхалқии «Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри XXI» баргузор гардид.

Cоли 2016 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 октябр

  • Дар Олмон - рӯзи муттаҳидшавии Германияи ягона.
  • Рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии Куриё.
  • Созмондиҳии Рӯзи ҷаҳонии Иттифоқҳои касаба.
  • Рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ироқ.

Рӯзи 3 октябр кӣ ба дунё омадааст

1873 — Иван Шмелев нависандаи рус, муаллифи "Лето Господне".

1873 — Вячеслав Шишков, нависандаи рус, муаллифи "Угрюм-реки" ва "Емеляна Пугачева".

1883 — Ида Рубинштейн, балерина.

1895 — Сергей Есенин, шоири рус.

Скульптура Сергей Есенин
© Sputnik / Сергей Пятаков
Скульптура "Сергей Есенин"

1897 — Луи Арагон, шоири фаронсавӣ, асосгузори сюрреализм.

1935 — Армен Ҷигарханян, ҳунарманди синамо ва театр, ҳунарманди мардумии ИҶШС.

1946 — Эдуард Сагалаев, рӯзноманигори телевизион, собиқ раиси Телевизион ва радиои давлатии Русия.

Рӯзи 3 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

 

Абдулои Фозил (1952)- нависанда.

Зебо Аминзода (1948) – раққоса, Ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Зебо Аминзода народный артист ССР
Зебо Аминзода народный артист ССР

Шакарҷон Анварова (1943) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Мирзо Асозода (1941)- шоир, нависанда.

Қосимҷон Қосимов (1964)- арбоби давлатӣ.

Собир Мирзоев (1930 – 2001) – доктори илми филологӣ, профессор.

Рустам Муҳаммадҷонов (1947) – навобардори кино.

Мавлуда Обидова (1948) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Алексей Окладников (1908 – 1981) – муаррих, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Октябр Тиллоев (1938) – кинооператор.

Шарофат Турдӣ Алӣ (1960)- шоираи узбекзабони Тоҷикистон.

97
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

"Душмани ислом ҳастӣ": муфтии Чеченистон кишвардори Фаронсаро террористи рақами як гуфт

139
Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев муфтии Чеченистон пас аз вокуниши кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон дар робита ба қатли профессори таърих, ӯро душмании кулли мусалмонон номид

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Фаронса чанде пеш барои карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с), сари профессори яке аз коллеҷҳо аз тан ҷудо карда шуд.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид. Аз ҷумла, муфтии Чеченистон Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев амалкарди кишвардори Фаронсаро ҳамлаи рӯирост ба тамоми мусалмонон номид, ки метавонад талафоти зиёди одамонро ба бор орад.

Раёсати мусалмонҳои Ӯзбакистон «Шарли Эбдо»-ро маҳкум кард

Муфти дар сафҳаи худ дар Инстаграм чунин навиштааст:

"Президенти Фаронса Эммануэл Макрон фармон дод, ки карикатураҳои бузургтарин мард, паёмбар Муҳаммад (с) -ро дар тамоми биноҳои ҳукуматӣ овезанд ... Ин на танҳо як амали бемасъулиятест, ки аз тамоми марзҳои ахлоқӣ берун аст, балки ҳамлаи хуби тарҳрезишуда ба Ислом ва тамоми ҷомеаи мусалмонон аст, ки метавонад талафоти бузурги инсониро ба бор орад".

Ӯ мегӯяд, кишвардори Фаронса ба ҷойи маҳкум намудани амали иғвоангезона профессори фавтида, ки дидаву дониста оқибати амалашро медонист, шаъну шарафи бузургтарин марди исломро олуда кард.

Зимнан, муфтии Чеченистон, Макронро террористи рақами як ва душмани ашадии кулли мусалмонон номид. Ӯ гуфт, таҳқир кардани пайғамбар ин таҳқир намудани кулли мусалмонон аст.

"Шумо душмани башарият ва тамоми мусулмонон ҳастед, ки принсипҳо ва арзишҳои ахлоқиро надоред...Шумо бо дастҳои худ муноқишаи байни миллатҳо ва динҳоро бармеангезед ", - гуфт муфтӣ.

Вай гуфт, ки Макрон "дидаю дониста мусалмононро ба амалҳои таҳрикомез тела медиҳад ва аз профессори девона "қаҳрамони миллӣ" метарошад.

Муфтӣ таъкид намуд, ки Макрон бо ин амали худ беш аз 2 миллион мусалмонро  душмани худ кард.

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

139
Барчаспҳо:
Чеченистон, муфтӣ, Эммануэл Макрон, Фаронса
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

69
(Таҷдидшуда 11:40 27.10.2020)
Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки қаблан навори ҳоли бади он мавриди шарҳборон дар интернет қарор гирифт, аз нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр кард гуфт, пас аз нашри навор як нафар тамос гирифтаву хостори бунёди мактаби нав дар ин макон шудааст.

Ӯ бидуни ифшои номи хайрхоҳе гуфтааст, пас аз нашри навор ӯ ба наздашон омадаву хостори бунёди мактаби нав шудааст.

Музаффари Имомдод, мегӯяд бо дарёфти чунин таклиф ба раҳбарияти ВМКБ пешниҳод кард, ки ӯ дар мариди худ онро хуш пазируфт ва ба масъулини минтақавӣ дастур дод, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд.

Ба навиштаи ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буда, корҳо аллакай оғоз шудаанд.

Номбурда таъкид кардааст, ки умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест.

Дар пайи нашри навор ҳукумати ВМКБ, посух дода, гуфта буд, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

69
Барчаспҳо:
мактаб, Рӯшон, ВМКБ, Тоҷикистон