Студент Волгоградского государственного университета Азизхон Мавлоназаров, награжден грамотой и медалью Мы вместе от президента России Владимира Путина

Ба пиронсолон хӯрок мерасонд: сӯҳбати Азизхон аз корҳои ихтиёриш то қадрдонӣ аз сӯи Путин

491
(Таҷдидшуда 15:50 03.10.2020)
Донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Волгоград Азизхон Мавлоназаров, бо медали президенти Русия Владимир Путин - "Мо якҷоем", қадрдонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Лев Рыжков. Барои кори ихтиёрӣ дар замони пандемияи коронавирус, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Волгоград Азизхон Мавлоназаров бо дипломи фахрӣ ва медал аз ҷониби президенти Русия қадрдонӣ шуд.

Ин зодаи Тоҷикистон ба афроди солманде, ки дар ҳолати худҷудоӣ қарор доштанд, ғизо мерасонид

Азизхон, дар Душанбе таваллуд шуда пас аз хатми мактаби миёна, тибқи квотаи таълимии Россотрудничество ба Русия омада, таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Волгоград идома медиҳад.

"Ман фарзанди сеюми оилаам, - мегӯяд Азизхон. Падарам мудири кафедра дар донишгоҳ аст, модарам бошад дар бонк кор мекунад ва қаблан омӯзгор буд. Дар кӯдакӣ ман низ мехостам, мисли волидонам муаллим шавам. Аммо замон ҳоло чунин аст, ки ихтисосҳои амалӣ лозиманд ва ман ҳамчун барои мутахассиси IT шудан ба ин роҳ рафтам".

Номбурда мегӯяд, баробари ба Русия омадан, дар курси якум ба сафи ихтиёриён дохил шуд.

"Он гоҳ пандемия набуд. Мо ба кӯдакони маъюб кумак кардем, тӯҳфаҳо мебурдем. Ин барои ман чизи нав набуд, зеро ман ҳанӯз дар Тоҷикистон бо корҳои ихтиёрӣ машғул будам", - ба ёд меорад Азизхон Мавлоназаров.

Вақте ки пандемияи COVID-19 оғоз ёфт, Азизхон дар канор намонд.

"Волидонам кӯшиш карданд, ки маро аз ин роҳ дур кунанд, - иқрор мешавад ӯ." Гуфтанд: "Чӣ кор кардаистодаи? Сироят мешавӣ! "Ман худам метарсидам, ки чӣ гуна пинҳон кунам. Кор бисёр буд, вақт барои тарс набуд. Чор ихтиёриён аз донишгоҳи мо буданд. Боқимондаҳо табибон буданд. Мо ба онҳо кӯмак кардем ва бо ҳам дӯст шудем. Мо тамоми рӯз дар шаҳр мегаштем, зеро мошини шахсӣ доштем ".

Хотироти беҳтарини Азизхон дар замони пандемия ин муошират бо пиронсолон аст.

Фоҷиа: ҷавони тоҷик дар Уфа кӯдакеро аз марг наҷот доду худ ғарқ шуд

"Онҳо ба мо ташаккур мегуфтанд, - ба ёд меорад волонтёр. Хӯрока ва дорувориро қабул мекарданду сахт мехостанд пул диҳанд, аммо мо бидуни манфиатхоҳӣ кӯмак мекунем. Ва ба мо қабули ҳама гуна тӯҳфаҳо дар карантин қатъиян манъ буд".

Дар давоми маҳдудиятҳои карантинӣ, Азизхон бисёр дӯстони нав пайдо кард.

"Инҳо русҳо низ ҳастанд, - ба ёд меорад волонтёр. Ва инчунин донишҷӯёни риштаи тиб аз дигар кишварҳо - Афғонистон, Чин, Кенияву Мексика. Мушкилот моро ба ҳам овард",-мегӯяд, ӯ.

"Шояд, наздик ба нафақа, ман низ муаллим шавам",- мегӯяд ихтиёрӣ.

Ба ғайр аз Азизхон Мавлоназаров боз чаҳор донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Волгоград мукофотҳои президенти Федератсияи Русияро соҳиб шуданд. Ҳамаи онҳо бо маркази ихтиёриёни “Прорыв” ҳамкорӣ карданд.

Русия Далеру Фирдавсро қадрдонӣ кард: барои наҷоти кӯдакон аз сӯхтор ҷоиза гирифтанд

Аксияи #МыВместе дар давраи ҳамагирии коронавирус барои дасгирии солхӯрдагон ва шаҳрвандони ниёзманду кормандони тибб равона шудааст.

Беш аз 83 ҳазор ризокор аз тамоми гӯшаю канори Русия ба ин аксия пайваста буданд ва чанд моҳи охир ба мардум хизмат намуданд.

491
Барчаспҳо:
ихтиёрӣ, қадрдонӣ аз ҷавонони тоҷик, медол, донишҷӯ, Волгоград, Русия, Тоҷикистон
День 27 октября

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

30
(Таҷдидшуда 20:06 26.10.2020)
Рӯзи 27 октябр рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ буда дар Алҷазоир  — Рӯзи ниҳолшинонӣ ва дар Туркманистон — Рӯзи истиқлол мебошад

Рӯзи 27 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1492 Христофор Колумб Кубаро кашф намуд.

Мореплаватель Христофор Колумб (1446-1506) - испанский мореплаватель
© Sputnik / Лев Иванов
Мореплаватель Христофор Колумб (1446-1506) - испанский мореплаватель

Соли 1858 дар Ню-Йорк калонтарин маркази савдо дар дунё -"Мэйси" дар  масоҳати 20,3 гектар мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 1867 нависанда Лев Толстой романи "Ҷанг ва сулҳ"-ро ба итмом расонд.

Русский писатель Лев Николаевич Толстой (1828-1910)
Фото из архива Государственного литературного музея Л.Н.Толстого
Русский писатель Лев Николаевич Толстой (1828-1910)

Соли 1951 нахустин маротиба дар ҷаҳон зимни табобати бемории саратон аз радиатсия истифода карда шуд.

Соли 1982 Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон кард, ки шумораи аҳолияш  ба 1 млрд нафар расид.

© REUTERS / Thomas Peter
Люди проходят мимо китайских флагов в Кашгаре, Синьцзян-Уйгурский автономный район, Китай

Соли 2014 Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер дар робита ба ғалабаи дастаи "Истиқлол" — и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон – 2014  ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон мактуби табрикотӣ ирсол намуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши аксҳои "Дастовардҳои Душанбе" баргузор гардид.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2012 ифтитоҳи нақби мошингарди "Шаҳристон".

Тоннель Шахристан в Таджикистане, архивное фото
Тоннель Шахристан в Таджикистане, архивное фото

Соли 2014 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  — "Кохи Сомон" бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахустин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти зиёди ҷашнӣ, ташриф оварда, чойхонаи ғайриодӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  бо қабули тағйирот дар қонунгузории кишвар ба яккасардорӣ дар корхонаҳои давлатӣ хотима дод.

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, зимни як паём ба мардумаш кушта шудани Абубакр Бағдодӣ, роҳбари созмони террористи "ДОИШ"-ро тасдиқ карда, ҷузъиёти амалиётро нақл кард.

Трамп гуфт, Бағдодӣ чун як саг, гирёну нолон мурд, чун тарсу, на чун қаҳрамон. 

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.
  • Дар Алҷазоир  — Рӯзи ниҳолшинонӣ.
  • Дар Туркманистон — Рӯзи Истиқлолият.

Рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1939  – доктори илмҳои физика ва математика, профессор Исмоилҷон Исмоилов.

Соли 1964  – раққоса Хайриниссо Файзуллоева.

Соли 1965  – олими тибб Акбар Зарифов.

30
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Водопроводный кран , архивное фото

Эълони қатъи обрасонӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе

1469
(Таҷдидшуда 14:09 26.10.2020)
Дар Душанбе, бо сабаби корҳои таъмирӣ, қатъи оби нӯшокӣ аз рӯи нақша идома дорад ва сокинонро зарур аст барои як шабонарӯз об захира кунанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе аз 26 то 27 октябр интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст. Мувофиқи он бо сабаби корҳои таъмирӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии "Ҷанубӣ-Ғарбӣ", "Кофарниҳон", "Худҷореъ"  ва "Фишорӣ" интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад. 

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ қатът об ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 бе оби нушокӣ хоҳанд монд.

Дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои  10,11,12,13,14,15,15А,31, 82,83,84, 91,92,101,102,103,104,112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.

Таъмини об дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соати 23-00 рӯзи 26 октябр то соати 24-00 рӯзи  27-ум қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ҳамзамон раисони чор ноҳияи пойтах ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" вазифадор шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

1469
Барчаспҳо:
қатъи обрасонӣ, оби нӯшокӣ, Душанбе