Посещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат

522
(Таҷдидшуда 09:48 08.10.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафараш ба шаҳри Ваҳдатро аз ифтитоҳи бинои истиқоматии 10-ошёна оғоз кард

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Ба иттилои манбаъ, кишвардорро сокинони шаҳр гарму самимӣ истиқбол гирифтаанд.

Нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии 10-ошёнаро ифтитоҳ намуд.

Иттилоъ дода мешавад, ки бинои муҳташами истиқоматӣ, ки аз 54 ҳуҷраи барҳаво иборат аст, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдусамад Нарзиқулов бунёд гардидааст.

Дар ошёнаи якуми бино  коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд буда, мағозаи хӯрокворӣ низ ҷойгир мебошад.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ занону бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Техникаю таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои кишварҳои пешрафтаи дунё буда, барои дӯхти босифати сару либоси гуногун пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, бо бунёд гардидани сехи дӯзандагӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ  дар маркази шаҳри  Ваҳдат беш аз 30 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфта, сокинон бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба президент иттилоъ додаанд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи декабри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, дар муддати ду сол ба анҷом расидааст.

Атрофи иншоот дар масоҳати 750 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст. Дар шафати бинои истиқоматӣ майдончаи бозии кӯдакона сохта шудааст.

Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ташкили коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос кардааст.

522
Барчаспҳо:
сафар, ВАҳдат, Эмомалӣ Раҳмон

"Душмани ислом ҳастӣ": муфтии Чеченистон кишвардори Фаронсаро террористи рақами як гуфт

33
Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев муфтии Чеченистон пас аз вокуниши кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон дар робита ба қатли профессори таърих, ӯро душмании кулли мусалмонон номид

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Фаронса чанде пеш барои карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с), сари профессори яке аз коллеҷҳо аз тан ҷудо карда шуд.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид. Аз ҷумла, муфтии Чеченистон Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев амалкарди кишвардори Фаронсаро ҳамлаи рӯирост ба тамоми мусалмонон номид, ки метавонад талафоти зиёди одамонро ба бор орад.

Раёсати мусалмонҳои Ӯзбакистон «Шарли Эбдо»-ро маҳкум кард

Муфти дар сафҳаи худ дар Инстаграм чунин навиштааст:

"Президенти Фаронса Эммануэл Макрон фармон дод, ки карикатураҳои бузургтарин мард, паёмбар Муҳаммад (с) -ро дар тамоми биноҳои ҳукуматӣ овезанд ... Ин на танҳо як амали бемасъулиятест, ки аз тамоми марзҳои ахлоқӣ берун аст, балки ҳамлаи хуби тарҳрезишуда ба Ислом ва тамоми ҷомеаи мусалмонон аст, ки метавонад талафоти бузурги инсониро ба бор орад".

Ӯ мегӯяд, кишвардори Фаронса ба ҷойи маҳкум намудани амали иғвоангезона профессори фавтида, ки дидаву дониста оқибати амалашро медонист, шаъну шарафи бузургтарин марди исломро олуда кард.

Зимнан, муфтии Чеченистон, Макронро террористи рақами як ва душмани ашадии кулли мусалмонон номид. Ӯ гуфт, таҳқир кардани пайғамбар ин таҳқир намудани кулли мусалмонон аст.

"Шумо душмани башарият ва тамоми мусулмонон ҳастед, ки принсипҳо ва арзишҳои ахлоқиро надоред...Шумо бо дастҳои худ муноқишаи байни миллатҳо ва динҳоро бармеангезед ", - гуфт муфтӣ.

Вай гуфт, ки Макрон "дидаю дониста мусалмононро ба амалҳои таҳрикомез тела медиҳад ва аз профессори девона "қаҳрамони миллӣ" метарошад.

Муфтӣ таъкид намуд, ки Макрон бо ин амали худ беш аз 2 миллион мусалмонро  душмани худ кард.

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

33
Барчаспҳо:
Чеченистон, муфтӣ, Эммануэл Макрон, Фаронса
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

56
(Таҷдидшуда 11:40 27.10.2020)
Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки қаблан навори ҳоли бади он мавриди шарҳборон дар интернет қарор гирифт, аз нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр кард гуфт, пас аз нашри навор як нафар тамос гирифтаву хостори бунёди мактаби нав дар ин макон шудааст.

Ӯ бидуни ифшои номи хайрхоҳе гуфтааст, пас аз нашри навор ӯ ба наздашон омадаву хостори бунёди мактаби нав шудааст.

Музаффари Имомдод, мегӯяд бо дарёфти чунин таклиф ба раҳбарияти ВМКБ пешниҳод кард, ки ӯ дар мариди худ онро хуш пазируфт ва ба масъулини минтақавӣ дастур дод, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд.

Ба навиштаи ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буда, корҳо аллакай оғоз шудаанд.

Номбурда таъкид кардааст, ки умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест.

Дар пайи нашри навор ҳукумати ВМКБ, посух дода, гуфта буд, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

56
Барчаспҳо:
мактаб, Рӯшон, ВМКБ, Тоҷикистон