Нож в руке, архивное фото

Боз кордкашӣ дар Душанбе байни ноболиғон: бе ягон сабаб

234
(Таҷдидшуда 12:04 14.10.2020)
Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаро тафтиш мекунад. Ба гуфтаи ҷониби ҷабрдида як наврас дар Душанбе фарзандашро, ки ноболиғ будааст, бе ягон сабаб корд задааст

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Ҳодиса 13 октябр, тақрибан соати 15:20-дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт рух додааст.

Гуфта мешавад, аз ҳодисаи мазкур модари ҷабрдида ба мақомоти милиса шикоят бурдааст.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 48-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии ноҳияи мазкур муроҷиат намуд, менависад дафтари матбуоти ВКД.

Ба гуфтаи зан, 13-уми октябри соли 2020, тахминан соати 15:20-дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсӣ писари ноболиғи 17-солаашро ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос дашному ҳақорат карда, бо корд ба рони пойи чапаш 1-маротиба задааст.

Боздошти авбош: дар ҳолати мастӣ марди 56-соларо се корд зад

Дар натиҷа, писараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, қазияи мазкур бори аввал нест, ки байни наврасони Душанбе сар мезанад. Пештар милисаи пойтахт дар мактабҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ "рейд"-ҳо  доир карда, аз ноболиғон корд пайдо ва мусодира карда буд.

234
В ночном клубе, архивное фото

Хатарнок: мақомоти Хуҷанд фаъолияти клубҳои шабонаро манъ карданд

324
(Таҷдидшуда 10:54 23.10.2020)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд рӯзи гузашта дар пайи як қарор фаъолияти ҳашт маркази дилхуширо манъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои Маъмур Юсуфзода, сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд, қарори манъи марказҳои дилхушӣ аз ҷониби сардухтури давлатии санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова баъд аз хулосаи маводи муоинашуда бароварда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи қарори Таҳмина Усмонова фаъолияти марказҳои дилхушии “Хваканта”, “Опера”, “Амнизия”, “Парламент”, “Шоми Суғд”, “Очил”, “Ёсуман”, “Барбарос” манъ карда шуд.

Гуфта мешавад, масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

“Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст”,-афзудааст, манбаъ.

Тибқи қарори мазкур аз мақомоти ҳифзи ҳукуқ, аз ҷумла милитсия даъват ба амал оварда шудааст, ки ҷиҳати амалӣ шудани он мусоидат намоянд.

Манбаъ мегӯяд, дар асоси қарори мазкур марказҳои дилхушӣ баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва гузаштани муоинаи ҳатмии кормандони марказҳои дилхушӣ ба фаъолияти хеш идома мебахшанд.

"Эҳтиёт кунед": дар Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳии пешгирии коронавирус пурзӯр мешавад

Ёдовар мешавем, ки ду рўз қабл зимни натиҷагирии фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз доштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эмини саломатии шаҳрвандон дастур дода шуда буд.

324
Барчаспҳо:
марказҳои дилхушӣ, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

81
(Таҷдидшуда 10:56 23.10.2020)
Рӯзи 23 октябр рӯзи байналмилалии бабри барфӣ ва рӯзи кормандони реклама дар Федератсияи Русия мебошад

Рӯзи 23 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1776 дар натиҷаи инфиҷори вулқони Майон (ҷазираи Лусон, Филиппин) 2000 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. 

Соли 1814 дар Англия аввалин ҷарроҳии пластикӣ гузаронида шуд.

Гуманитарный проект для детей с ограниченными возможностями реализуется в Чечне
© Sputnik / Саид Царнаев
Операция. Архивное фото

 

Соли 1946 иҷлосияи нахустини СММ баргузор шуд.

Соли 2000 олимони донишгоҳи Пенсилвания бактерияҳои қадимтаринеро кашф намуданд, ки қариб 250 миллион сол доштанд.

Соли 2000 бостоншиносони Чин осорхонаи мусиқиеро пайдо намуданд, ки он 2 ҳазор сол пеш дар замони сулолаи Хон сохта шуда буд.

Соли 2013 дар кинотеатри "Ҷомӣ" ҳафтаи филмҳои полшагӣ кушода шуд.

Кинотеатр Джоми
© Sputnik Амир Исаев
Кинотеатр "Джоми"

 

Рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Хелсинки – пойтахти Финландия шуд.

День 22 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор машварати корӣ доир намуд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба доир гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалии "Тартиби ҳуқуқии Тоҷикистон ва мамлакатҳои 

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр

  • Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ.
  • Рӯзи кормандони реклама дар Русия.

Рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1956 - ноиби сарвазири пешини ҶТ Руқия Қурбонова.

Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ

Бабри барфӣ ё Озодапанг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Озодапаланг дар дохили қафас дар водии Бартанг
Sputnik
Озодапаланг дар дохили қафас дар водии Бартанг

 

Дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст.

Ин ҳайвони нодир то баландиҳои 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат дорад.

Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном мебаранд. Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд.

Озодапаланг дар дохили қафас дар водии Бартанг
Spunik
Озодапаланг дар дохили қафас дар водии Бартанг

Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо

Зебогии андом, пӯсти мулоим ва ранги ҷолибаш ӯро тӯъмаи шикорчиён мегардонад.

Мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шикори ғайриқонунии озодапаланг 9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидаст.

81
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Журналист держит плакат с олимпийскими кольцами

Эълони қоидаҳои беҳдоштӣ дар Олимпиадаи Токио-2020

0
Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукот қоидаҳои беҳдоштиеро, ки зимни Олимпиадаи Токио-2020 бояд риоя шаванд, эълон карданд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 барои сардорони дастаҳои ширкаткунандаи Олимпиадаи Токио-2020 қоидаҳои ҷадидро тавзеҳ додаанд.

Тибқи иттилои сомонаи ТВ Варзиш, дар семинари онлайнӣ инчунин ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ ширкат варзиданд.

Манбаъ афзуд, ворид шудан ба Ҷопон аз аксари кишварҳо карантини 14-рӯзаро талаб мекунад.

Масъалаи мутобиқгардонии варзишгарон ҳангоми карантин баррасӣ мешавад, то онҳо ба шароити нав мутобиқ шуда, тамрин карда тавонанд. Ҳангоми расидан ба Ҷопон, далели натиҷаи манфии озмоиши COVID-19 (72 соат пеш аз парвоз анҷом дода мешавад) ва озмоиши иловагӣ дар кишвар талаб карда мешавад, таъкид кардааст сомонаи Варзиш.

Инчунин манъи муоширати варзишгарон бо одамони берун аз деҳа пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо эълон карданд, ки бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамкорӣ намуда, инчунин самаранокии ваксинаҳоеро, ки дар кишварҳои мухталиф таҳия мешаванд, назорат хоҳанд кард.

Президенти КБО Томас Бах таъкид кард, ки барои ҳифзи саломатии ҳамаи иштироккунандагони Олимпиада тадбирҳои назаррас андешида мешаванд ва Бозиҳои Токио барои дигар чорабиниҳои васеъ намуна хоҳанд шуд.

Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи Олимпиада варзишгарон барои 339 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 33 намуди варзиш рақобат хоҳанд кард.

0
Барчаспҳо:
Олимпиада, Ҷопон, Тоҷикистон