Наручники

Бо арматура ба сараш зад: боздошти марди 33-сола дар Суғд

252
(Таҷдидшуда 00:22 17.10.2020)
Ҷабрдида дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Марди гумонбарро мақомот боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Бино бар иттилои ВКД Тоҷикистон, ҳодиса 4-уми октябри соли 2020, тахминан соати 12:50 дар ноҳияи Бӯстон рух додааст.

Тавре манбаъ менависад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

"Номбурда, санаи 4-уми октябри соли 2020, тахминан соати 12:50 дақиқа, воқеъ дар маҳаллаи Нави шаҳри Бӯстон бо марди 46-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҷангу ҷанҷол карда, бо арматура ба сараш 1-маротиба задааст", -  тавзеҳ мидиҳад манбаъ.

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Бархӯрди маргбори се мошин дар роҳи Душанбе - Чаноқ: шарҳи ВКД-видео

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

252

Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

59
(Таҷдидшуда 19:13 18.10.2020)
Рӯзи 19 октябр рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ буда дар Русия - рӯзи хонандагони литсейҳо, дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон ва дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшиносон мебошад

Рӯзи 19 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1853 дар Гавая нахустин фабрикаи орд ба кор оғоз намуд.

Соли 1914 хадамоти почтавии амрикоӣ аввалин маротиба барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани мактубҳо аз мошин истифода кард.

Соли 2019 сармуҳаррири Ожонсии "Россия сегодня" RT Маргарита Симонян барои бори савум модар шуд. Симонян духтарча таваллуд кард.

Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян
Пресс-служба президента Республики Беларусь
Главный редактор телеканала RT и МИА "Россия сегодня" Маргарита Симоньян

Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалини Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Қаҳрамонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз гардида, се рӯз идома ёфт.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуд.

Соли 2015 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи "Қайроққум-Ашт" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард.

Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона
© Фото : Пресс-служба президента РТ
Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона

Соли 2015 дар ноҳияи Шаҳристон  Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзии Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Узбакистонро ба тасвиб расонид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ.
  • Дар Русия -рӯзи хонандагони литсейҳо.
  • Дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон.
  • Дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшинос.

Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1927 шоири халқии Тоҷикистон Наҷмиддин Раҳимов.

Соли 1936 коргардон, корманди шоистаи санъати Тоҷикистон Равшан Турабеков.

Соли 1938-1994  композитор Миратулло Атоев.

Соли 1942  доктори илмҳои физика ва математика Саидмуҳаммад Одинаев.

59
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Париж, архивное фото

Дар Фаронса сари омӯзгори таърихро аз тан ҷудо карданд: аксҳои пайғамбарро масхара мекард

2494
(Таҷдидшуда 16:02 17.10.2020)
Бар тибқи иттилои расонаҳои ин кишвар, омӯзгори фанни таърих ба донишҷӯён карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с) - ро нишон медод

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд, хабар медиҳад LeParisien.

Ин ҳодиса чанд ҳафта пас аз он рух дод, ки ҳайати таҳририяи нашрияи баҳсбарангези Charlie Hebdo карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) -ро дубора нашр кард.

Дар охири моҳи сентябр, ба ин далел, дар Фаронса ҳамлаи террористӣ рух дод. Он замон як ҷавони 18 - сола бо корд ба сӯи роҳгузарон, ки аз назди нашрияи Charlie Hebdo мегузаштанд, ҳамла кард.

Зимнан, бо гузашти се ҳафта, боз як ҳодисаи мудҳиши одамкушӣ рух дод. Муаллими коллеҷ, ки аз фанни таърих дарс медод, кушта, сипас сарашро аз тан ҷудо намуданд.

Зартушт дар Фаронса шаҳрдор шуд

Пулис гумонбари ин ҳодисаро пайдо ва дар натиҷаи боздошт кардан, ӯро парронданд.

Манбаъ меафзояд, шахсияти ҳамлавар муайян шуд, ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

Тибқи иттилои расонаҳои фаронсавӣ, омӯзгори фавтида чанде пеш матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

2494
Барчаспҳо:
кушта, омӯзгор, Фаронса
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Анжелика Шопп, роҳбари нави НамояндагииКБСС дар Тоҷикистон

Таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 20:59 19.10.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Манбаъ афзуд, рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

“Зимни cуҳбат масоили фаъолияти КБСС ва  барномаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона дар ҷумҳурӣ,  афзудани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор, паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи хоса ба кӯмакҳои башардустона ба муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои кӯдакон ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳамагирии COVID-19 равона гардид.

Манбаъ афзуд, Анжелика Шопп миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалӣ гардидани барномаҳои башардӯстона баён намуд.

0
Барчаспҳо:
таъйин, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Тоҷикистон