Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

58
(Таҷдидшуда 19:13 18.10.2020)
Рӯзи 19 октябр рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ буда дар Русия - рӯзи хонандагони литсейҳо, дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон ва дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшиносон мебошад

Рӯзи 19 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1853 дар Гавая нахустин фабрикаи орд ба кор оғоз намуд.

Соли 1914 хадамоти почтавии амрикоӣ аввалин маротиба барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани мактубҳо аз мошин истифода кард.

Соли 2019 сармуҳаррири Ожонсии "Россия сегодня" RT Маргарита Симонян барои бори савум модар шуд. Симонян духтарча таваллуд кард.

Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян
Пресс-служба президента Республики Беларусь
Главный редактор телеканала RT и МИА "Россия сегодня" Маргарита Симоньян

Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалини Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Қаҳрамонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз гардида, се рӯз идома ёфт.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуд.

Соли 2015 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи "Қайроққум-Ашт" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард.

Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона
© Фото : Пресс-служба президента РТ
Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона

Соли 2015 дар ноҳияи Шаҳристон  Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзии Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Узбакистонро ба тасвиб расонид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ.
  • Дар Русия -рӯзи хонандагони литсейҳо.
  • Дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон.
  • Дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшинос.

Рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1927 шоири халқии Тоҷикистон Наҷмиддин Раҳимов.

Соли 1936 коргардон, корманди шоистаи санъати Тоҷикистон Равшан Турабеков.

Соли 1938-1994  композитор Миратулло Атоев.

Соли 1942  доктори илмҳои физика ва математика Саидмуҳаммад Одинаев.

58
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Париж, архивное фото

Дар Фаронса сари омӯзгори таърихро аз тан ҷудо карданд: аксҳои пайғамбарро масхара мекард

2491
(Таҷдидшуда 16:02 17.10.2020)
Бар тибқи иттилои расонаҳои ин кишвар, омӯзгори фанни таърих ба донишҷӯён карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с) - ро нишон медод

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд, хабар медиҳад LeParisien.

Ин ҳодиса чанд ҳафта пас аз он рух дод, ки ҳайати таҳририяи нашрияи баҳсбарангези Charlie Hebdo карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) -ро дубора нашр кард.

Дар охири моҳи сентябр, ба ин далел, дар Фаронса ҳамлаи террористӣ рух дод. Он замон як ҷавони 18 - сола бо корд ба сӯи роҳгузарон, ки аз назди нашрияи Charlie Hebdo мегузаштанд, ҳамла кард.

Зимнан, бо гузашти се ҳафта, боз як ҳодисаи мудҳиши одамкушӣ рух дод. Муаллими коллеҷ, ки аз фанни таърих дарс медод, кушта, сипас сарашро аз тан ҷудо намуданд.

Зартушт дар Фаронса шаҳрдор шуд

Пулис гумонбари ин ҳодисаро пайдо ва дар натиҷаи боздошт кардан, ӯро парронданд.

Манбаъ меафзояд, шахсияти ҳамлавар муайян шуд, ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

Тибқи иттилои расонаҳои фаронсавӣ, омӯзгори фавтида чанде пеш матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

2491
Барчаспҳо:
кушта, омӯзгор, Фаронса

Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

57
(Таҷдидшуда 17:00 16.10.2020)
Рӯзи 17 октябр дар ҷаҳон рӯзи ҷаҳонии аз байн бурдани камбизоатӣ ва рӯзи назми сиёҳ дар Амрико мебошад

Рӯзи 17 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1938 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин маротиба медал "Барои шуҷоат" таъсис дода шуд

Соли 1961 Кушодашавии қасри давлатии Кремл

Москва
© Sputnik / Евгения Новоженина
Москва

Соли 1959 Ширкати "Де Бирс" дар Африкои ҷанубӣ эълон намуд, ки нахустин маротиба аз ҷониби онҳо алмоси сунъӣ истеҳсол карда шуд.

День 15 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2004 дар Кипр ширинипазҳои маҳаллӣ ширинии шарқиеро бо номи роҳат-лукум ва вазни 2,5 тонна омода намуданд, ки барои таҳияи он беш аз 2 тонна шакар, 350 кг орди ҷуворӣ ва 150 кг меваи хушк истифода шудааст.

Соли 2011 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир муҳокима шуданд

Соли 1929   оид ба пурра таъмир намудани шаҳри Москва қарор қабул шуд.

Соли 1973 11 давлати арабӣ дар бораи ҳар моҳ 5% кам намудани истеҳсоли нафт созишнома ба имзо расониданд.

Соли 2006 аҳолии Амрико ба 300 млн нафар расид.

Люди на фоне американского флага
© AP / GERALD HERBERT
Люди на фоне американского флага

Соли 1918 дар Маскав аввалин маротиба дар ҷаҳон Осорхонаи бозичаҳо кушода шуд.

Соли 1990 хазинаи маълумоти IMDb таъсис дода шуд, ки калонтарин хазинаи маълумот ва сомона оид ба кинематография маҳсуб меёфт.

Рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуда, масъалаҳои ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои дохилӣ додаашонро  баррасӣ намуданд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 дар Кувайт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар самти амният баррасӣ гардиданд.

Соли 2019 варзишкори ҷавони Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар Марокаш бар ҳамаи рақибони худ пирӯз шуда, қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонон гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии аз байн бурдани камбизоатӣ.
  • Рӯзи назми сиёҳ дар ИМА.

Рӯзи 17 октябр кӣ ба дунё омадааст

1493 — Баччо Бандинелли (соли даргузашт. 1560), ҳайкалтароши итолиёӣ.

1734 — Григорий Орлов (соли даргузашт. 1783), фелдмаршали рус, граф, фаворити Екатерина II.

1903 — Андрей Гречко (соли даргузашт. 1976), вазири дифоъи ИҶШС (1967—1976).

Рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1914-1966 - Ҳунарманди халқӣ Кенҷабой Мирмуллоев.

Соли 1942 - профессор Мавҷуда Абдувалиева.

Соли 1943 - Собиқ роҳбари изби Коммунистии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.

Соли 1951 - рӯзноманигор Карим Давлат.

57
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Корхонаи полоиши нафт ҳаст аммо нафт нест: оё Тоҷикистон ба Техаси дувум табдил меёбад?

39
Интизории Тоҷикистон дар истиқлолияти энержӣ ба натиҷа нарасид. Дар ҳоле, ки ин кишвар ба умеди нафту гази ватанӣ чанд кохонаи полоиши нафтро сохта ба истифода дод, ки ба сабаби набудани нафт аз кор бозмонданд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Маводи сӯхт яке аз нишондиҳандаҳои пешрафти иқтисод, иҷтимоъ дар Тоҷикистон аст, ки қимати тамоми колоҳо дар бозорҳои ин кишвар ва ҳатто содироти маҳсулот ба хориҷа ба қимати нафту газ рақам зада мешавад.  Барои мисол агар қимати бензин як сомонӣ (0,097 доллар) боло равад худи ҳамон рӯз дар бозорҳои кишвар нархҳо боло мераванд.

Ба ҳамин хотир ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба арзиши маҳсулоти нафтӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ дорад. Чунки болову поинравии қимати маводи сӯзишворӣ дар кишвар ба буҷаи оилавӣ вобастагӣ сахт дорад.  

Пас суоле матраҳ аст, ки Тоҷикистон метавонад ниёзмандии худ аз ворид кардани маводи сӯхт аз кишварҳои хориҷиро аз байн бубарад?

Дар ҳоли ҳозир, як литр бензин дар Тоҷикистон аз 7 то 8 сомониро ташкил медиҳад, ки баробар ба 0,8 доллар аст. Барои мисло дар Қирғизистон қимати бензин барои як литр 0,65 доллар, дар Қазоқистон 0,56 доллар ва дар Ӯзбекистон 0,52 долларро ташкил медиҳад.

Чанде пеш Шуъбаи таҳлилии Picodi.com дар соли 2019 як тадқиқотеро анҷом дод, ки дар он имконияти дастрасии мардум ба харидории сӯзишвориро таҳлил кард. Тибқи ин тадқиқоте, ки тақрибан 115 кишварро дарбар гирифтааст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо моҳонааш имкон дорад ҳамагӣ 130 литр бензин харидорӣ намоянд.

Агар масрафи мошини сабукравро бигирем, ки дар 100 километр 10 литр бензинро масраф мекунад, моҳонаи ҳар як шаҳрванд ҳамагӣ ба 1300  километр роҳ мерасад.

Агар дарозии роҳро ҳисоб кунем, то куҷо мерасем:

  • Як моҳ дар дохили шаҳри Душанбе;
  • Аз Душанбе то Хоруғ ва баргашт (як тараф 518 километр к тараф);
  • Ду маротиба ба Хуҷанд рафта омадан (308 километр)
  • Се маротиба ба шаҳри кӯлоб рафта ва баргаштан (аз Душанбе 197 километр);
  • Аз Душанбе ба Тошкант рафта ва баргаштан (424 километр);
  • Се маротиба ба Шаҳритус рафта ва ба Душанбе баргаштан (200 километр).

Вазъи маводи сӯхт дар кишвар якранг нест ҳар сол дар фасли баҳору тирамоҳ дар Тоҷикистон болоравии қимати сӯзишворӣ ба назар меерасад. Чаро интавр аст, оё кишвар аз зохири ҳангуфти нафту газ бархурдор аст ё на ва чи қадар корхонаҳо барои полоиши нафт сохта шудаанд? Ин ҳама суолҳоро Sputnik Тоҷикистон таҳлил кард.

Маводи сӯхт -тамоми зиндагсит

Дар ҳоли ҳозир, Русия кишвари аслии содиркунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аст. Ҳаҷми маҳсулоти содиркардаи Русия сол аз сол меафзояд. Соли ҷорӣ 228 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ворид шуд. қарор аст Тоҷикистон дар оянда 570 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид кунад.

Русия 91,5 дарсади маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид мешавад, бахши зиёди он бензинро дар бар мегирад. Русия солона то як миллион тонна маҳсулоти нафтиро бе гирифтани боҷи гумрукӣ дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Ин созишномаи миёни Душанбеву Маскав ҳанӯз соли 2013 қабул шуда ва аммо танҳо охири ҳафтаи гузашта аз сӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, имзо шуд.

Ҳамчунин Туркаманистон ва Қазоқистон низ дар ин замина шарикони Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Бояд гуфт, ки дар 8 моҳи соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 228 ҳазор тонн маҳсулоти натфтӣ ворид шудааст. Душанбе ва Маскав тасмим доранд воридотро ба 570 ҳазор тонн расонанд.

Вобастагӣ аз маҳсӯлоти нафтӣ аз кишварҳои хориҷ мақомоти Тоҷикистонро нигарон карадааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар 75-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ таъкид дошт, ки ҷумҳурӣ тақрибан 100 дарсад аз маводи сӯхти воридотӣ вобастагӣ дорад. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки маводи сӯхти гарон ба рушди бахши тиҷорати хурду миёна таъсири назаррас мерасонад. То чанде маводи сӯхт, гарон бошад ҳамон қадар арзиши хизматрасонӣ ва тавлиди маҳсулот боло меревад.  

Дар солҳои ахир монанди кишварҳои минтақа Тоҷикистон низ ба истифодаи маводи сӯхти арзонтар гузашт. Барои мисол аксарити ронандаҳои Тоҷикистон аз гази моеъ, ки арзишаш 4,4 сомониро ташкил медиҳад, истифода мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, тақрибан 60 дарсади мошинҳои кишвар бо гази моеъ ҳаракат мекунанд. Аммо комилан аз истифодаи бензин даст кашидан ғайри имкон аст.

Ягона роҳи кам кардани вобастагӣ аз хориҷ ин истихроҷи нафти ватанӣ ва сохтмони корхонаҳои полоиши нафт аст.

Масъалаи сохтмони корхонаҳои полоиши нафтро ҷумҳурӣ ҳал кард. дар солҳои ахир дар ҷумҳури чандин корхонаи полоиши нафт соха шуд. Аммо масъалаи воридоти нафт ҳалли худро наёфт.

Тоҷикистон чиқадар нафт дорад?

Мутахассисони Иттиҳоди Шӯравӣ муайян карда буданд, захираи Тоҷикистон 113 миллион тонн нафт ва 863 миллиард метри мукааб газро ташкил медиҳад.

Дар солҳои 2000-ум ҳатто Тоҷикистон як каме истихроҷи нафту газро дар кишвар зиёд кард ва баъзе аз коршиносон бовари пайдо карданд, ки  ҷумҳурӣ ба монанди иолоти Техаси Амрико табдил хоҳад ёфт. Коршиносон мегуфтанд, Тоҷикистон бо захираҳои ҳангуфти нафту гази ватанӣ на танҳо мамлакат балки кишварҳои ҳамсояро низ таъмин кунад.

Бояд қайд кард, ки аз солҳои 1973 то 1979 дар Тоҷикистон 520 миллион метри мукааб газ ва 418 ҳазор тонн нафт истихроҷ мешуд. Аммо ҳоло ин нишондиҳандашо чандон назаррас нестанд: дар соли 2017 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 23,4 тонн нафт ва 1,4 миллиард метри мукааб газ истихроҷ шудааст.  Баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти тақрибан аксарити чоҳҳои нафту газ дар кишвар қатъ шуд. Дар солҳои 2000-ум ширкатҳои бузурги нафту газ ҳамагӣ 2 дарсад нафту гази ниёзи умумии Тоҷикистонро истихроҷ карданд. Боқимонда аз Русияву Ӯзбекистон ворид шуд.    

Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон дар сол ҳудуди 10 ҳазор тонна нафт истихроҷ мешавад.

Ба гуфтаи Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, раиси Идораи геологияи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 24 кони нафту газ дар Тоҷикистон омӯзиш шудааст, ки захираҳои бузургро дар бар доранд.

Илҳом Оймуҳаммадзода гуфт, ки дар 20 кони кашфшуда дар умқи аз 3 то 5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту гоз пешбинӣ шудааст.

Вай афзуд ин маълумотҳо дар натиҷаи кашфиётҳои 20 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд омадааст.

Бо вуҷуди ин оқои Оймуҳаммадзода гуфт, ки кашфу истихроҷи нафту гоз дар Тоҷикистон то ба ҳол идома дорад ва шояд захираҳои бузурге дар шимоли Тоҷикистон дар ҷанубу ғарб ва ҷануби ҷумҳури маҳфуз бошад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон бо дарназардоҳти захираҳои мавҷуда Тоҷикистон дар ин авохир чанд корхонаи пололиши нафт, аз ҷумла бузургтарини он дар ноҳияи Данғараро ба истифода дод.  Ва мақсад аз ин раҳо ёфтани аз хариди нафт аз хориҷ аз кишвар буд.

Ба ин хотир, мақомоти Тоҷикистон ҳар сол мегуфтанд, ки истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон афзудааст ва гуё соли гузашта 2,5 баробар аз солҳои пеш бештар будааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкатҳои бузурги нафту гази Русия Газпром ва Тетис Петролиуми конодаӣ таъкид кардан, ки захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ками дар кам аст.

Ба гуфтаи коршиносон инқилоби интизордоштаи мақомоти Тоҷикистон дар робита ба нафту гоз ба вуҷуд намомад ва Тоҷикистон дар ин замина аз ширкатҳои хориҷӣ гиламанд аст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд ширкати Гозпроми Русияро ва Тетис Петролиуми конодоӣ дар истиқлолияти энержии Тоҷикистон чандон алоқаманд нестанд.

Наби Маликов аз вазорати энержии Тоҷикистон ширкати Газпроми ва Тетис Петролиумро дар кашфу истихроҷи нафту гоз дар ҷумҳурӣ алоқаманд намедонад. Ба гуфтаи вай, ин ширкатҳо намехоҳанд, ки Тоҷикистон бо нафту гази аз худ истихроҷшуда таъмин шаванд.

Ба гуфтаи вай соли 2008 Алексей Миллер, раиси ширкати Гозпроми Русия ба Тоҷикистон дар бораи кафшу истихроҷи нафту гази дар ҳавзаи Сариқамиши Тоҷикистон қарордод имзо карданд. Алексей Миллер дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад эҳтиёҷи худро бо нафту гази ватанӣ таъммин кунад.

Чаро ширкатҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон рафтанд

Соли 2010 ширкати Газпром ба пармаи чоҳе дар минтақаи Сариқамиши Шаҳринав ба кор оғоз кард ширкати Gazprom International захираи газ дар минтақаи сариқамишро 60 миллиард метри мукааб таъхмин зада буд.

Дар чаҳор сол чоҳи 6 ҳазору 450 метри бо харҷи 100 миллион доллар парма шуд. Ширкати Газпром бо баҳонаи садамаи фани кори худро қатъ кард ва гуфт, ки нафту газ вуҷуд надорад.

Аммо ба гуфтаи коршиносон далели аслии қатъи кор на садамаи фанӣ балки мушкилоти молӣ аз тарафи Тоҷикистон аст, ки нафақат ин ширкат балки ширкатҳои дигари хориҷӣ низ корро қатъ карданд.

Барои мисол ширкати “Газпром”-и аз ин мушкилоти андоз таъкид карда буд.

“Мо аз фоида бештар зарар дидем. Яъне давлат як тин сармоягузорӣ накардааст аммо мехоҳад аз мо андози зиёд бигирад.  Маълум аст, ки мо дар ин шароит кор карда наметавонем”, - гуфт Игор Шаталов намояндаи  Gazprom International.

Ширкати Газпроми Русия борҳо барои сабук карадни молиёт дар бахши кофтукоби захираҳои нафтӣ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда буд. Аммо Тоҷикистон ба дархостҳои ширкати Газпром аҳамияти ҷидди надод ва даъво дошт, ки қавонони андози ҷумҳурӣ дар ин бахш тағйирот ниёз надорад.   

Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон ширкати дигари хориҷӣ Тетис Петролиуми конодоиро низ дар коршикани дар кашфу истихроҷӣ нафт масъул медонад.

Наби Маликов гуфтааст, ин ширкат дар тули 11 соли фаъолият дар Тоҷикистон ба кашфу истихроҷи нафту газ мувафақ нашуд, вале аз ин фаъолияти худ аз оидоти молӣ бе насиб намонд. Ин ширкат дар тӯли фаъолият чанд бахши иҷозатномаи худ дар ҳавзаҳои нафтхези Тоҷикистонро ба ширкати Тотали Фаронса фурухт. Дар ҳоле, ки ширкати Тетис петролиум захираи нафту газ танҳо дар ҳавзаи Бохтари Тоҷикистонро 1,14 миллиард бушка нафт ва зираи газро 7 миллиард метри мукааб тахмин зада буд.

Ба гуфтаи мутахассисон ҳавзаи Амударё бузургтарин ҳавзаи нафту газ дар ҷаҳон аст, ки ширкати Тетис Петролиум аз коркарди он худдорӣ кардааст.

Ба ин далел мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ҳамкори бо ин ширкатҳо ва ширкатҳои дигари хориҷӣ дар кашфу истихроҷи нафт дар оянда таҷдиди назар хоҳанд кард. зеро ваъдаҳои дода онҳо дар бораи захираҳои ҳангуфти нафту газ сурат нагирифт.

Ба гуфтаи Миралӣ Ташрифов, корманди Тоҷикгеология дар ҳоли ҳозир, корҳои кашфиёти нафту газ дар Тоҷикистон масдуд шудааст. Ду ширкате, ки метавонанд дар оянда корро идома диҳанд ба делели бидеҳкорӣ аз молиёт ва дигаре ба далоли баста шудани марз бо далоили вируси корона низ аз кор афтоданд.

Ширкати Bokhtar Operation Company (BOC) ва Somon Oil ҳақ доранд дар оянда корҳои кашфиётиро идома диҳанд.

Ширкати ВОС 31 иҷозатнома барои пажуҳиш дар 56 минтақаи Тоҷикистонро дар даст дорад. Ширкати Bokhtar Operation Company зодаи се ширкати бузурги ҷаҳон, аз ҷумла Тотали Фаронса, SNPC -Чин ва Тетис петролиуми Бритониё ва Конодо аст, ки бо сармояи Чин дар Тоҷикистон кор мекунанд.

Ширкати Somon Оil ширкати ватинст, ки бо пули буҷаи Тоҷикистон фаъолият дорад ва далели надоштани пул ва бидеҳкорӣ аз молиёт аз кор мондааст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ҳоло 15 минтақи нафту газдори Тоҷикистон мунтазири кашшофон ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки корхонаи полоиши нафт дар ноҳияи Данғара омода ба кор шудааст ва Тоҷикистон барои ба кор андохтани ин корхона бо мақомоти Русия Қазоқистон ва Эрон гуфтӯ дорад то нафти мавриди ниёзи худро ворид кунад. 

Ин дар ҳолест, Қазоқистон 15 соли пеш ба Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки дар ин кишвар кохонаҳои хурдиполоиши нафт созад ва нафти худро ба Тоҷикистон содир кунад.

Вале Тоҷикистон ин пешниҳоди Қазоқистонро напазируфт ва ба умеди кашфи захираҳои худӣ сохтмони чанд корхонаи полоиши нафтро анҷом дод, ки то ҳол мавриди истифода қарор нагирифтаанд.

Ба гуфтаи коршиносон далели аслии мувафақ нашудани Тоҷикистон на дар камбуди захираҳои нафту газ дар кишвар аст. Балки Тоҷикистон қавоиди фаъолият дар мавриди ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷиро риоя намекунад ва аз ин ширкатҳо, ки дар кофтукови нафту гоз дар Тоҷикистон кӯҳистон ба риски зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд молиёти зиёд талаб мекунад ва ширкатҳо қудрати пардохти ин молиётро надоранд. Аз сӯи дигар мусаллам аст, ки ширкатҳои нафту газ пажуҳиши нафту газ ҳамеша дар кори худ ба риски зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд ва то анҷоми кор ё пайдоиши захираи нафту газ наметавон аз онҳо молиёти зиёд талаб кард. Вале Тоҷикистон дар ин замина ба далоили табии ва фанӣ аҳамити чандоне қоил нест ва аз ин ширкатҳо дар кор молиёти ҳангуфт талаб мекунад.    

39
Барчаспҳо:
истифода, газ, нафт, энержӣ, истиқлолият, Тоҷикистон