День 1 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 1 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

151
(Таҷдидшуда 19:25 31.10.2020)
Рӯзи 1 ноябр дар Ҷумҳурии Того ҳамчун Рӯзи ёдгорӣ ва дар Либерия чун Рӯзи миннатдорӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 1 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1895 дар Петербург "Иттифоқи мубориза барои озодкунии синфи коргар" таъсис дода шуд.

Соли 1897 дар шаҳри Турини Италия клуби футболи "Ювентус" таъсис ёфт.

Ювентус и Бавария разошлись миром
© REUTERS / Giorgio Perottino
"Ювентус" и "Бавария" разошлись миром

Соли 1929 аввалин шумораи рӯзномаи "Советский Таджикистан" (ҳоло "Народная газета") нашр шуд.

День 30 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

соли 1938 Ҳукумати Мексика ба кишвараш аз Олмон ворид шудани яҳудиёни гурезаро  манъ кард.

Соли 1944 Агентии иттилоотии Ҷопон "Киодо Тсусин" таъсис дода шуд.

Соли 1993 Туркманистон асъори рублро бекор карда, асъори худ- манатро ҷорӣ намуд.

Соли 2019 Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия, кӯдаки 10 - солаи тоҷик - Бахтиёр Усмоновро дар Маскав барои нишон додани қаҳрамонӣ бо нишони "Барои ҷасорат" қадрдонӣ кард.

Бахтиёр Усмонов на награждении в Совете Федерации
© Sputnik Мария Науменко
Бахтиёр Усмонов на награждении в Совете Федерации

Соли 2010  дар шаҳри Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои арабӣ – Сафорати Арабистони Саудӣ ифтитоҳ гардид.

Рӯзи 1 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон, дар маросими ба истифода додани Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуд.

Соли 2007  сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин www.tajikembassychina.com фаъол карда шуд.

Соли 2011 меҳмонхонаи панҷситорадори "Серена"-и Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2011 дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори "Серена"-и Душанбе раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони 4 ширкат карданд.

Выступление Эмомали Рахмона во время открития гостницы Серена в Душанбе, архивное фото
Выступление Эмомали Рахмона во время открития гостницы Серена в Душанбе, архивное фото

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати навбатии кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид.

День 31 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2017 Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид.

Соли 2019 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Урупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфт.

Соли 2019 дар паи татбиқи Қонуни авф, аз муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ёвон 805 маҳбус ва аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 165 маҳбус озод шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 1 ноябр

  • Дар Ҷумҳурии Того – Рӯзи ёдгорӣ.
  • Дар Либерия — Рӯзи миннатдорӣ.

Рӯзи 1 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1939-1993 нависанда Баҳром Фирӯз.

Соли 1948 журналист Сироншои Диловар.

Соли 1950 года раққоса Садбарг Қосимова.

Соли 1951 тренери байналмилаллӣ оид ба самбо Шеравлиё Шеравлиёев.

151
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Муҳаммадҷон Ҳусейнов, табибе, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ манзили дуҳуҷрагӣ ваъда дод

Муҳаммадҷон Ҳусейнов бо медали "Барои мубориза бо пандемия" қадрдонӣ шуд

327
(Таҷдидшуда 19:27 04.12.2020)
Муҳаммадҷон Ҳусейнов дар аввоили хуруҷи маризии коронавирус дар Тоҷикистон, пас аз нашри навори риққатангез шӯҳратёр гардид

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Намояндагони Ташкилоти умумирусиягии ҷамъияти собиқадорони "Бародарони ҷанг" Ҳусейновро бо медали "Барои мубориза бо пандемия" қадрдонӣ намуданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, Саидаҳмад Давлатов намояндаи "Бародарони ҷанг" дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рафта, дар вазъияти тантанавӣ медалро ба Муҳаммадҷон Ҳусейнов супорид.

Зимни маросим иброз гардид, ки ӯ дар Тоҷикистон аввалин нафарест, ки бо ин гуна медал сарфароз гардонида мешавад.

Муҳаммадҷон Ҳусейнов фелдшери шуъбаи "Ёрии таъҷилӣ" - и беморхонаи "Истиқлол" мебошад, ки пас аз мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон, акнун донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ мебошад.

Раҳмон ба 53 қаҳрамони мубориза бо коронавирус мукофоти давлатӣ дод

Номбурда ҳанӯз моҳи май пас аз як муроҷиати видеоияш, ки аз табибони ҷасур изҳори сипос намуда, ҳамзамон бо афсӯсу надомат аз духтуроне интиқод кард, ки дар рӯзҳои сахт беморонро ба ҳоли худ партофта, бо ҳар баҳона ҷои корашонро тарк намудаанд, вирди забонҳо гардид.

Муроҷиати видеоии ӯро худи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ тамошо карда, дар як мулоқот бо намояндагони соҳаи тандурустӣ аз ӯ ёдовар шуд ва назди худ хонд.

Пас аз чанде, бо фармони роҳбари давлат Муҳаммадҷон Ҳусейнов бо медали "Шафқат" қадрдонӣ шуда, ҳамзамон ба ӯ калиди хонаро тақдим намуданд.

327
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати молия: Достӣ ва Худододова аз мақом барканор шуданд

1058
(Таҷдидшуда 17:27 04.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо судури қароре, ду муовини вазири молияро аз вазифа сабукдӯш кард

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бо қарори кишвардори Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Достиро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мақом озод кард.

Зимнан, муовини дигари вазири молия низ аз вазифа сабукдӯш шуд.

"Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид", - таъкид мешавад дар фармони Раҳмон.

Курсии Шамировро Мирзонабот гирифт: тағйироти кадрӣ дар Бадахшон

Манбаъ меафзояд, бо қарори Раҳмон, Сафарзода Рукмина Сафар муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияро аз вазифа барканор кард.

Гуфта мешавад, Султонзода Зебонисо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия озод карда шуд.

Бо қарори Раҳмон ба ҷойи Зебунисо, Сафарализода Фаррух Маҳмудҷон такя зад.

1058

Таъйини мудири нави бахши душанбегии Донишгоҳи давлатии Маскав

0
(Таҷдидшуда 20:02 04.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат дар раёсати бахши тоҷикистонии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат,  Мирзоев Сайаъло Ҳабибуллоевич, ки аз аввали соли 2015  ба ҳайси мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе кор мекард, аз вазифа озод карда шуд.

Дар қарор далели барканории Сайъало Мирзоев гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа мегирад.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Бо қарори дигари  Ҳукумат, Ғаниев Рустам Ғафурович мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав  ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбо соли 2009 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, феълан яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

0
Барчаспҳо:
донишгоҳ, Душанбе, Тоҷикистон