Ҷашнҳои рӯзи 10 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

122
(Таҷдидшуда 18:52 09.11.2020)
Рӯзи даҳуми ноябр дар Тоҷикистон – Рӯзи милитсия, Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии илм барои сулҳ ва рушд мебошад

Рӯзи 10 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1775 флоти ҳарбии ИМА таъсис дода шуд.

Соли 1945 Федератсияи байналмилалии демократии ҷавонон таъсис ёфт.

День 7 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1957 дар Лос-Анҷелес рекорди қатъии иштироки мухлисон дар бозии футбол гузошта шуд- бозиро 102 ҳазору 368 нафар мухлисӣ карданд.

Соли 1994 Ироқ истиқлолияти Кувайтро эътроф намуд.

Соли 1997 дар ИМА аввалин маротиба ҳукми суд дар интернет паҳн гардид.

Рӯзи 10 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1961 шаҳри Сталинобод ба Душанбе ивази ном кард.

Вид на улицу Ленина в Сталинабаде в 1954 году.
Предоставлено Центральным государственным архивом РТ
Вид на улицу Ленина в Сталинабаде в 1954 году.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

День 5 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2012 масоили мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои энергетика, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва сарҳадҳо муҳокима гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Ваҳдат дар паи заминларза 118 хона пурра хароб шуда 259 манзил қисман хароб шуданд ва 12 кас ҷароҳат бардоштанд.

Соли 2014 аз Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи милитсияи тоҷик ба 50 нафар хизматчии сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим карда шуд.

Соли 2015 масоили ҳамкории судманд ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бритониёи Кабир баррасӣ гардиданд.

Соли 2017 Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар робита ба муваффақона гузаронидани бозии Ҷоми КФО -2017 раҳматнома фиристод.

Солм 2019 Хушқадам Хусравов, самбочии тоҷик дар вазни 62 кило дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Хушкадам Хусравов. Архивное фото
Хушкадам Хусравов. Архивное фото

Соли 2019 таеквондочии ҷавони кишвар Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин сазовори медали нуқра гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 8 ноябр

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи милитсия.
  • Рӯзи байналмилалии ҷавонон.
  • Рӯзи байналмилалии илм барои сулҳ ва рушд.

Рӯзи милитсияи тоҷик

Генерал-майори милитсия Абдулҳаким Розиқзода таъкид мекунад, ки мафҳуми милитсия дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз солҳои 1916-1917 дар ҳуҷҷатҳои архивӣ дучор меояд.

Таджикские милиционеры, архивное фото
© Sputnik Амир Исаев
Таджикские милиционеры, архивное фото

"Дар асоси ҳуҷҷатҳои зиёду мӯътамади бойгонӣ метавон гуфт, аллакай аз декабри соли 1917 дар қисмати шимолии Тоҷикистон милитсия фаъолият мекард ва номи шахсиятҳои таърихӣ, ба мисли Ҳайдар Усмонов, Қутбиддин Наҷмуддинов, Бобо Содиқов, Қобилхӯҷа Искандаров, Комил Ёрматов (асосгузори санъати кино дар Осиёи Миёна), Додомат Турсунов, Мирзояҳё Аминов, Аҳмадхон Саидхонов (Муборакқадам) ба фаъолияти милитсия сахт марбут аст. Беҳуда нест, ки вақте аз ғалабаи Ҳокимияти шӯравӣ ва таъсиси аввалин дастаҳои милитсия сухан равад, ҳатман аз Ҷӯра Зокиров ва Ҳайдар Усмонов чун нахустин милитсионерҳои тоҷик ёд карда мешавад", -менависад АМИТ "Ховар" аз қавли Розиқзода.

Дар ВМКБ милитсияи тоҷик аз баҳори соли 1918 ба фаъолият оғоз кардааст. Ибтидои соли 1918 як теъдод сарҳадчиёни русро, ки муҳлати хизматашон ба охир расида буд, ҷавоб доданд ва бо ҳамин шумораи сарҳадбонон хеле кам гардид.

Таджикские милиционеры. Архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Таджикские милиционеры. Архивное фото

Барои ҳамин 23 майи соли 1918 бо фармони Комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Шӯравии Туркистон ҳайати сарҳадбонон аз ҳисоби 20 нафар ҷавонони маҳаллӣ, ки дастаи ихтиёрии милитсия меномиданд, пурра карда шуд. Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Туркистон бо назардошти аҳамияти стратегии сарҳад 10 июни соли 1918 қарор қабул мекунад, ки мувофиқи он аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ дар ҳайати 300 нафар дастаи милитсия таъсис дода шудааст.

День 9 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Дар таъсис додани дастаҳои милитсия дар ВМКБ, духтури сарҳадбонон Вичич, Хуррам Боқиев, Азизбек Наврӯзбеков, Иброим Исмоилов, баъдтар Т.М. Дияков, Шириншо Шотемур ва дигарон саҳми арзанда гузаштаанд.

Дар қисмати Тоҷикистони марказию ҷанубӣ баробари фаъолияти Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ (ЧДК) аввалин дастаҳои ихтиёрии милитсия соли 1921 пайдо шудаанд. Яке аз шуъбаҳои Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ шуъбаи ҳифозат номида мешуд, ки ба таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон сару кор дошт.

Нахустин нозири (вазири) корҳои дохилии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро Саидҷонов Мухтор Юлдошевичи тоҷик буд. Дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Ғарм, Кӯлоб, Ҳисор ва Қӯрғонтеппа воҳидҳои штатии милитсия муайян шуда буданд.

Ҳамин тавр, профессор Абдулҳаким Розиқзода собит кардааст, ки мақомоти милитсия дар Тоҷикистон то соли 1925 вуҷуд доштааст.

10 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони милитсия  таҷлил карда мешавад.

День 8 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Барпо шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар қисмати шимолии Тоҷикистон аз моҳҳои ноябр-декабри соли 1917 оғоз ёфт.

Дар ин солҳо дастаҳои аввалини милитсия дар шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа аллакай таъсис ёфта, амал мекарданд.

Дастаҳои навтаъсиси милитсияи тоҷик дар муборизаҳои мафкуравӣ барои барпо намудани ҳаёти нав ба муқобили дастаҳои ғоратгари босмачиён ҷоннисориҳо карда, барои ба марҳалаи нави таърихӣ гузаштани миллати тоҷик саҳми шоиста гузоштанд.

Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии  Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид.

Акнун  ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат ва шукргузорӣ аз неъмати истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи 10 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1923 – муҳаққиқи рус Юрий Рубинчик.

Соли 1925 – профессор Маҳмадалӣ Ҳамроев.

Соли 1935 – 1999 – доктори илмҳои филологӣ Аълохон Афсаҳзод.

Соли 1939 – шоираи русиягӣ ва мутарҷими забони тоҷикӣ Татяна Кузовлева.

Соли 1940 – 1990 шоири тоҷикзабони Узбакистон Ҷонибек Кувноков.

Соли 1945 – академик, доктори илмҳои кимиёвӣ Улмас Мирсаидов.

Соли 1955 – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров.

Соли 1959 – доктори илмҳои таърихӣ Абдулҳаким Розиқзода.

122
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
День 3 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

87
(Таҷдидшуда 18:40 02.12.2020)
Имрӯз Рӯзи сеюми декабр ҳамчун рӯзи маъюбон ва дар кишвари Белорус Рӯзи ҳуқуқшиносон таҷлил карда мешавад

Рӯзи 3 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1775 аввалин маротиба парчами ИМА парафшон шуд.

Флаг США
© AP / Gene J. Puskar
Флаг США

Соли 1892 дар Канада департаменти савдо ва тиҷорат таъсис ёфт.

Соли 1959 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштии атомии яхшикани "Ленин" ба истифода дода шуд.

День 2 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1967 дар Африқои Ҷанубӣ ҷарроҳ Кристиан Барнард аввалин маротиба дили як нафарро ба нафари дигар гузаронид.

Рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2002 раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Фаронса рафт.

Соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" ба имзо расид.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе  Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи "Вашингтон диплома" — и Иёлоти Муттаҳидаи Америка мусоҳиба оростанд.

Соли 2009 созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо ба имзо расид.

Соли 2010 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр

Рӯзи байналмилалии маъюбон.

Дар Беларус – Рӯзи ҳуқуқшиносон.

Рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1927 — Буринисо Бердиева, журналисти тоҷик. 

Соли 1935 — Қурбон Зардак, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

Рӯзи 3 декабр кӣ даргузашт

Соли 1892 — Афанасий Афанасевич Фет, шоири рус.

Соли 1919 — Пер Огюст Ренуар, рассоми фаронсавӣ яке аз асосгузорони импрессионизм.

Соли 1995 — Александр Кайдановский, ҳунарманди театр ва кинои рус.

 

87
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 2 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

120
(Таҷдидшуда 12:28 02.12.2020)
Рӯзи дуюми декабр Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот, Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ ва дар Яман –Рӯзи истиқлол ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 2 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1731 дар натиҷаи заминҷунбӣ қисмати зиёди Пекин хароб гардида, бештар аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1804 — Наполеон I Бонапарт худро подшоҳи Фаронса эълон кард.

Репродукция портрета Наполеона, написанного неизвестным художником в конце XIX века
© Sputnik / Александр Поляков
Репродукция портрета Наполеона, написанного неизвестным художником в конце XIX века

Соли 1872 дар шаҳри Глазгои Шотландия аввалин мусобиқаи расмии байналмилалӣ оид ба футбол баргузор гардид.

День 1 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1876 соҳибкор ва ихтироъкор Павел Николаевич Яблочков барои ихтироъ кардани трансфроматор патент ба даст овард.

Соли 1922 Ташкилоти байналмилалии кумак ба ҷанговарони инқилобӣ таъсис дода шуд.

Соли 1966 Барбадос истиқлолият ба даст овард.

Соли 2001 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия саммити ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Фаронса дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим, ки ба мушкили бузурги сайёра — тағйирёбии иқлим бахшида шуд, суханронӣ карданд.

День 29 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон баъд аз анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Венгрия бо сафари расмӣ ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия рафтанд.

Соли 2012 котибони матбуотӣ ва роҳбарони маркази матбуотии вазорату идораҳои мамлакат ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.

Соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Минск иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр

  • Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот
  • Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ
  • Дар Яман –Рӯзи истиқлолият

Рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1894 года – гурғулисарои тоҷик Ҳикмат Ризо.

Соли 1933 года – ҳунарманди сирк, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Пирназар Юсуфов.

Рӯзи 2 декабр кӣ даргузашт

Соли 1940 — Николай Колтсов (соли таваллуд 1872), биолог, асосгузор ва директори Донишгоҳи биологияи озмоишӣ.

Соли 1969 — Климент Ворошилов (соли таваллуд 1881), корманди низомӣ, ходими давлатӣ, яке аз аввалин маршалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ.

120
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Шӯрои уламо фатвои мурдаҳои бе намози ҷаноза гӯронидаро дод

1277
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

"Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?", - навиштааст вай.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

"Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад", - омадааст дар посухи онҳо.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

"Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст", - омадааст дар дастурамали кумита.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

 

1277