Новый мэр Худжанда начал работу

Омодаи кор: раиси нави Хуҷанд корро аз чӣ оғоз карду чӣ супориш дод

1134
(Таҷдидшуда 17:09 19.11.2020)
Фирдавс Шарифзода, ки дирӯз 18 ноябри бо як фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд, барои саривақт гирифтани партовҳо ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Раиси тозатаъини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода рӯзи нахустини фаъолияти худро ба сифати шаҳрдори Хуҷанд бо азназаргузаронии омодагӣ ба зимистонгузаронии хоҷагии роҳ ва дигар сохторҳои ободонии шаҳр оғоз кард.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд баъди боздиди худ аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд бо масъулин ситоди фаврӣ гузаронида, ҷиҳати вусъатбахшии корҳо дар самтҳои мухталифи сарраёсати ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

1 / 2
Новый мэр Худжанда начал работу

Таъкид шуд, ки аллакай фасли зимистон аз худ дарак медиҳад ва мардум бояд беосеб ба кору манзили худ расанд.

"Сохторҳои дахлдор бояд тамоми захираҳои маводи лағжишро дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳр вобаста ба фасли зимистон захира намоянд ва дар сурати зарурат ба миён омадан самаранок истифода кунанд", - гуфтааст ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омодагӣ ба фасли зимистон беш аз 500 тонна маводҳои лағжиш захира ва ҳамарӯза 10 адад техникаҳои гуногун сафарбар карда мешаванд.

Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд ҷиҳати саривақту бонизом гирифтани партовҳо ва батартибдарории кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ ба масъулини ободонӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

1134
Барчаспҳо:
оғоз, кор, раис, Хуҷанд
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан

Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

44
(Таҷдидшуда 15:11 01.12.2020)
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

44
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, бастан, баста, масҷид, масҷид, Туркманистон
Зимистони Душанбе

Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

225
(Таҷдидшуда 12:16 01.12.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук ва рӯзона  2-7 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона  1+6 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои водибуда борон меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ низ борон борида, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳода борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва  дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, борони суст меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона  11+13 дараҷа гарм мешавад.

225
Барчаспҳо:
барф, борон, обу ҳаво, Тоҷикистон
Кормандони тиб дар беморхона, акс аз бойгонӣ

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

0
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашудааст. Охирон ҳолати фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба иттилои расмӣ 18 ноябр сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии сироятёфтагон ба коронавирус аз 30 апрел то 1 декабр ба 12 ҳазору 231 нафар расид.

Манбаъ таъкид кард, ки давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 640 баробар гардид.

Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд – акс

Зикр шудааст, ки ҳамчунин дар муддати аз 30 апрел то 1 декабр бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд. Бар асоси иттилоияи расмӣ, тайи қариб ду ҳафтаи охир ягон ҳолати нави фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустӣ таъкид намуд, ки 95,1%-и гирифторони коронавирус дар кишвар то ҳол аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, беморӣ, Тоҷикистон