Пирӯзии Парвиз Собиров ва унвонгирии Майк Тайсон: ҷашнҳои 22 ноябр

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 22 ноября
День 22 ноября  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 22 ноябр Майк Тайсон унвони ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон оид ба боксро ба даст оварду Парвиз Собиров миёни собиқадорон дар қаҳрамонии ҷаҳон мақоми аввалро соҳиб шуд

Рӯзи 22 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1806 аввалин шумораи рӯзнома бо забони франкоӣ дар Канада "Ле Канадиен" нашр  шуд.

День 21 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 21 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1966 Парлумони Испания Конститутсияи навро қабул намуд.

Соли 1967 Шӯрои амнияти СММ барои баровардани ҷангиёни Исроил аз ҳудуди забтшудаи арабҳо қарор қабул кард.

Соли 1986 Майк Тайсони 20-сола унвони ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон оид ба боксро ба даст овард.

© AP / Jeff RobbinsБоксер Майк Тайсон. Архивное фото
Пирӯзии Парвиз Собиров ва унвонгирии Майк Тайсон: ҷашнҳои 22 ноябр - Sputnik Тоҷикистон
Боксер Майк Тайсон. Архивное фото

Дар ин рӯзи соли 1993 Арманистон пули миллии худ – драмро ба муомилот баровард.

Рӯзи 22 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1962 Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

День 20 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Зодрӯзи Бозор Собир ва инқилоб дар Мексика: ҷашнҳои рӯзи 20 ноябр

Соли 2002 дар "Конгресс-сентр"-и шаҳри Прага Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити давлатҳои узви Шӯрои шарикии Урупою Атлантика, ки кишварҳои НАТО ва барномаи "Шарикӣ ба хотири сулҳ" (ҳамагӣ 46 кишвар) узви он мебошанд, суханронӣ кард.

Соли 2013 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар самтҳои амният, ҳарбӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва гуманитарӣ муҳокима карда шуданд.

Соли 2016 дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 14 сафири Фавқулода ва Мухтори кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.

Соли 2016 паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016),  ки дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлоти Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд, сазовори ҷои якум ва медали тилло  гардид.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие спортивного клуба «Парвиз Собиров» в Фирдавсинском районе Душанбе
Пирӯзии Парвиз Собиров ва унвонгирии Майк Тайсон: ҷашнҳои 22 ноябр - Sputnik Тоҷикистон
Открытие спортивного клуба «Парвиз Собиров» в Фирдавсинском районе Душанбе

Ҷашнҳои рӯзи 22 ноябр

  • Дар Арманистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ.
  • Дар Ливан – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони прокуратура.

Рӯзи 22 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1935  – композитор Саид Ҳамроев.

Лентаи хабарҳо
0