ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахир қонун “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”-ро қабул кард.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, мутобиқи қонуни мазкур ҷалби соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла корфармоён ва вазорату идораҳои соҳавӣ ба раванди тайёр кардани мутахассисон пешбинӣ шудаст.
Вазир гуфт, корфармоёну вазоратҳои соҳавӣ бевосита дар таҳияи Таснифоти миллии тахассусҳо, стандартҳои ҳар як касб, баҳодиҳӣ ва шаҳодатномакунии малакаи касбии мутахассисони омодашаванда иштирок менамоянд, ки ин алоқамандии бозори меҳнат ва низоми таҳсилоти касбиро қавӣ мегардонад.
“Илова бар ин, ҷорӣ намудани Низоми миллии тахассусҳо барои фаъолияти босамари минбаъдаи мутахассисони дараҷаи гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Амонзода.
Ӯ илова намуд, ки бо васеъшавӣ ва амиқгардии дониш ва фаҳмиши функсионалии таснифоти тахассусӣ, имконоти ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои дигар зиёд мешавад.
Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.
Соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.
Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.
Соли 1991 дар Латвия ва Эстония раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.
Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.
Соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон 20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.
Соли 2010 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба Президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: "Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад".
Соли 1894 — Акашариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон.
Соли 1919 — Александр Усенко, шоири русзабони Тоҷикистон.
Соли 1940 — Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳаи энерджии Русия.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми як моҳ амалиёти "Пиёдагард" роҳандозӣ шуд, хабар медиҳад Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВУД.
Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкурро кормандони БДА ба хотири коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ рӯи даст гирифтаанд.
Амалиёт аз 2 март то 2 апрел дар тамоми роҳу шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ доир мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар амалиёти "Пиёдагард" дар баробари ошкору пешгирӣ кардани қоидавайронкунии ронандагон, ҳамчунин пиёдагардон низ мавриди назорати корманди пулис қарор мегиранд, зеро дар аксар вақт омилони сар задани садамаҳои мудҳиш маҳз роҳгузарон мебошанд.
"Ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки дар ҷойҳои мамнӯъ убур мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд", - таъкид мегардад дар хабари раёсат.
Кормандони БДА аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар аксар ҳолатҳо, пиёдагардон ҳангоми убур намудани роҳи автомобилгард бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.