Соли 1913 Бритониёи Кабир ворид намудани силоҳро ба Ирландия манъ кард.
Соли 1944 дар Олмон заноне, ки синнашон аз 18 боло аст, ба артиш даъват карда шуданд.
Соли 1949 Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон карда шуд.
Соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ аз кишварҳои аъзояш даъват кард, ки дар бораи мусаллаҳшавӣ ва қувваҳои мусаллаҳи худ маълумот пешниҳод намоянд.
Соли 2005 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи сарони давлатҳои Созмони Конфронси Исломӣ ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ сафар кард.
Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи "Шифобахш" нашр шуд. Он нашрияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.
Соли 2008 дар Украина баъди анҷоми мулоқоти хосса Президенти Украина Виктор Юшенко Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1 сарфароз гардонид.
Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Президенти Украина Виктор Юшенкоро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз намуд.
Соли 2008 дар Украина Шартнома миёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Киев ба номи Тарас Шевченко оид ба ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.
Соли 2012 дар шаҳри Ишқобод-пойтахти Туркманистон ҷаласаи навабатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Пас аз анҷоми ҷаласа Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ба имзо расид.
Соли 2013 дар ҷаласаи навбатии сессияи панҷуми Парлумони Точикистон, даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" баррасӣ карда шуд.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазираш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбакистон барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Соли 1826 дар Порис аввалин шумораи рӯзномаи "LeFigaro" нашр шуд.
Соли 1892 омӯзгори канадагӣ-америкоӣ Ҷеймс Нейсмит аввалин маротиба қоидаҳои бозии баскетболро дар рӯзномаи мактабӣ ба нашр расонид.
Соли 1974 дар Юнон Конститутсияи соли 1952 барқарор карда шуд.
Соли 2001 "Википедия"- яъне Донишномаи озод ташкил шуд.
Соли 2011 раъйпурсӣ ба хотири истиқлолияти Судони Ҷанубӣ ба охир расид, ки он 9 январ оғоз гардида буд.
Соли 1941 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон НБО "Хоруғ" ба истифода дода шуд.
Соли 2001 — Эмомалӣ Раҳмонов Қарор "Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон"-ро ба имзо расонид.
Соли 2002 — Дар пойтахти Тоҷикистон сафоратхонаи Ҷопон кушода шуд.
Соли 2010 чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи Олӣ-клуби футболи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа барои иштирок дар мусобиқоти XVIII байналмилалӣ оид ба футбол ва дарёфти "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" ба шаҳри Маскав сафар кард.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон вохӯрӣ доир намуд.
Соли 2013 дар маҷлиси васеи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки рушди чорводорию парандапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ таъмин карда шавад.
Соли 2016 Рустами Эмомалӣ аз нав ба муҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Соли 2018 масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Соли 1962 — Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Собиқ муҳаррири портали Baltnews.lv Андрей Яковлев дар мусоҳиба бо RT гуфт, ки чӣ гуна ӯро барои ҳамкорӣ бо Россия Сегодня боздошт карданд.
Ин навбат назди рӯзноманигор на сантехникҳои қалбакӣ, балки нафароне омаданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намуданд. Фақат дар замони пандемия онҳо бидуни пӯшидани ниқоб вориди манзили хабарнигор шуданд.
ВКХ ФР: манъи расонаҳои русӣ дар Латвия беэътиноӣ ба озодии сухан аст
Яковлев гуфт, ки ӯ ВАО-и Baltnews.lv-ро комилан аз рӯи қонун таъсис дод, аммо пас аз расман интиқол ёфтани ВАО тавассути Феҳристи давлатии Латвия, рӯзноманигорони маҳаллӣ тавонистанд фаъолияти худро қонунӣ анҷом диҳанд. Собиқ муҳаррир қайд кард, ки маҳз ҳамин вазъ боиси норозигии кишвар гардид.
Яковлев гуфт: "Ин усулҳои ошкорои репрессивӣ мебошанд, ки озодии ВАО-ро маҳдуд мекунанд". Як ҳамкораш афзуд, ки тибқи ҳамон мантиқ, Русия метавонад алайҳи Би-Би-Си таҳримот ҷорӣ кунад.
Муаллифи русзабон гуфтааст, ки кормандони оперативӣ "ҳама чизро, ҳатто чизҳои тамоман нолозим аз қабили модем ва роутерро ҳам мусодира карданд".
"Инҳо амалҳои методӣ ҳастанд, ки ҳар гуна нуфузи Русияро решакан мекунанд. Кӯшиши тоза кардани майдони иттилоотӣ ва хориҷ кардани ақидаи алтернативӣ аз роҳ, ки ҳадди ақалл чоряк аср астҷамъоварӣ шуд, амалӣ карда мешавад", - гуфт Яковлев.
Намояндаи ВАО таъкид намуд, ки Латвия аз ин амал ягон фоида ба даст наовард.
Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.
Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.
Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.
Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд. Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.
Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст.
Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.
Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард
Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.