День 6 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 6 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

103
(Таҷдидшуда 12:13 06.12.2020)
Рӯзи шашуми декабр дар Финландия Рӯзи истиқлолият, дар Қазоқистон Рӯзи кормандони прокуратура ва дар Озарбойҷон Рӯзи кормандони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 6 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1929 дар Туркия ба занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

День 5 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расид.

Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи "Вечерняя Москва" нашр шуд.

Рӯзи 6 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора ба истифода дода шуд.

Соли 2012 дар  беҳтарин минтақаи истироҳату саёҳатии Ҳисор — дараи Алмосӣ Академияи футболи дастаи "Истиқлол" ифтитоҳ ёфт.

Игра таджикских команда Истиклол - Равшан
Игра таджикских команда "Истиклол" - "Равшан"

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии "Зебуниссо"-ро ифтитоҳ намуданд.

День 4 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2007 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бизнес-форуми Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2015 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии "Ҳаёт" ифтитоҳ гардид.

Соли 2017 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе масоили дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муҳокима карда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 декабр

  • Дар Финландия- Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони прокуратура.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи командони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ.

Рӯзи 6 декабр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст 

Соли 1930 — Бобохон Иномов, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1931 — Ризвоншо Игмолшоев, сарояндаи сурудҳои халқӣ, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон.

Соли 1940 — Соҳибназар Ғоибназаров, дотсент, мудири китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ.

Рӯзи 6 декабр кӣ ба дунё омадааст

Соли 345 — Николай Чудотворетс.

Соли 1855 — Амшел Ротшилд, бонкдори олмонӣ, яке аз асосгузорони сулолаи Ротшилдҳо.

Соли 1971 — Матилда Кшесинская, балеринаи лаҳистонӣ.

103
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Глава Союза журналистов Таджикистана Зинатулло Исмоилзода

Эмомали Раҳмон ба Исмоилзода Зинатуллоҳ вазифаи нав дод

1398
(Таҷдидшуда 18:31 05.03.2021)
Исмоилзода Зинаттулоҳ Бурҳон, ки дар вазифаи мудири муассисаи давлатии "Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон" ифои вазифа мекард, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин мудири "Академияи ВАО- и Тоҷикистон" - ро низ барканор кард.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари давлат Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.

"Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" озод карда шуд, - таъйид мешавад дар матни қарори Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Исмоилзода Зинатуллоҳ мудири муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъйин гардид.

Курсии Исмоилзодаро дар Академияи ВАО Тоҷикистон, Саъдӣ Маҳдӣ аз худ кард.

Чун бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" таъин карда шуд.

Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд

Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари давлат бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати "Барқи тоҷик" низ тағйироти кадрӣ анҷом дод.

1398
Барчаспҳо:
таъйиноти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд

2465
(Таҷдидшуда 19:12 05.03.2021)
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати холдингии "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Ба иттилои котиботи Президенти Тоҷикистон, рӯзи 5 март Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар ниҳоди мазкур ҷобаҷогузории кадрҳоро анҷом дод.

Бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон, Қурбонзода Абдулло аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи вазорати мазкур сабукдӯш шуд.

Дар қарори Раҳмон сабаби аз вазифа рафтани Қурбонзода, гузаштан ба кори дигар арзёбӣ мешавад.

Зимнан, бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оида ба назорат дар соҳаи энергетика таъин шуд.

Зиёзода пас аз се моҳи барканорӣ вазифаи нав гирифт

Ғолиб Хонҷон қаблан муовини раиси Ширкати "Барқи тоҷик" буд, ки бо қарори роҳбари давлат аз ин вазифа барканор шуд.

Қарори барканори Убайдуллозода имрӯз тасвиб шуд ва фавран қарори дигар оид ба такя задан ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

2465
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол