День 8 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 8 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

150
(Таҷдидшуда 12:29 08.12.2020)
Рӯзи ҳаштуми декабр дар Қирғизистон – рӯзи кормандони радио ва телевизион ва дар Булғористон – рӯзи донишҷӯён таҷлил мешавад

Рӯзи 8 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1949 СММ аз абарқудратон даъват кард, то истиқлолияти сиёсии Чинро эътироф кунанд.

День 6 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1955 Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Урупо парчами расмии ин ниҳодро тасдиқ кард, ки он минбаъд чун мерос ба Иттиҳоди Урупо гузашт.

Соли 1972 дар натиҷаи садамаи аввалини Boeing 737 дар Чикаго қариб 50 нафар одамон ба ҳалокат расиданд.

Соли 1974 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Юнон бар зидди барқарор намудани сохти монархӣ дар мамлакат овоз доданд.

Соли 1988 Ассамблеяи Генералии СММ қатъномаи худро  дар бораи расонидани кумаки байналмилалӣ ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва фалокатҳо қабул намуд.

Соли 1992 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардидааст.

Соли 2010 дар доираи амалигардонии дастури кишвардорони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия дар шаҳри Маскави Русия аввалин вохӯрии роҳбарони идораҳои зидди маводи мухаддири ин давлатҳо баргузор гардид.

Рӯзи 8 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1965 — Комбинати бузургтарин дар ҷумҳурӣ - шири Душанбе ба истифода дода шуд.

Соли 1991 – Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд. Сарони кишварҳои Русия (Елтсин), Украина (Кравчук) ва раиси Шӯрои Олии Белорус (Шушкевич) Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Шӯравиро бекор намуданд.

День 5 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2009 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи VII комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IV Шӯрои машваратии назди Президенти Точикистон оид ба беҳтар кардани фазои саромягузорӣ доир гардид.

Соли 2010 вакилони Парлумони Тоҷикистон якдилона лоиҳаи Қонуни ҶТ  "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи 7 декабр бо раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва раисони 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят- Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз телефонӣ суҳбат кард.

Ба раиси Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки аз ҳоли аҳолии осебдида пайваста бохабар бошанд ва барои ба ҷойҳои зисти муваққатӣ кӯчонидан, бо маводи озуқаворию либос ва ёрии тиббӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе 2"  ба истифода дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 декабр

  • Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони радио ва телевизион.
  • Дар Булғористон – Рӯзи донишҷӯён.

Рӯзи 8 декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1919-1985 – ходими давлатӣ Бобо Маҳкамов.

Соли 1949 – коргардон, оҳангсоз ва овозхон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров.

150
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Глава Союза журналистов Таджикистана Зинатулло Исмоилзода

Эмомали Раҳмон ба Исмоилзода Зинатуллоҳ вазифаи нав дод

1404
(Таҷдидшуда 18:31 05.03.2021)
Исмоилзода Зинаттулоҳ Бурҳон, ки дар вазифаи мудири муассисаи давлатии "Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон" ифои вазифа мекард, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин мудири "Академияи ВАО- и Тоҷикистон" - ро низ барканор кард.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари давлат Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.

"Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" озод карда шуд, - таъйид мешавад дар матни қарори Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Исмоилзода Зинатуллоҳ мудири муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъйин гардид.

Курсии Исмоилзодаро дар Академияи ВАО Тоҷикистон, Саъдӣ Маҳдӣ аз худ кард.

Чун бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" таъин карда шуд.

Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд

Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари давлат бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати "Барқи тоҷик" низ тағйироти кадрӣ анҷом дод.

1404
Барчаспҳо:
таъйиноти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд

2476
(Таҷдидшуда 19:12 05.03.2021)
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати холдингии "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Ба иттилои котиботи Президенти Тоҷикистон, рӯзи 5 март Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар ниҳоди мазкур ҷобаҷогузории кадрҳоро анҷом дод.

Бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон, Қурбонзода Абдулло аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи вазорати мазкур сабукдӯш шуд.

Дар қарори Раҳмон сабаби аз вазифа рафтани Қурбонзода, гузаштан ба кори дигар арзёбӣ мешавад.

Зимнан, бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оида ба назорат дар соҳаи энергетика таъин шуд.

Зиёзода пас аз се моҳи барканорӣ вазифаи нав гирифт

Ғолиб Хонҷон қаблан муовини раиси Ширкати "Барқи тоҷик" буд, ки бо қарори роҳбари давлат аз ин вазифа барканор шуд.

Қарори барканори Убайдуллозода имрӯз тасвиб шуд ва фавран қарори дигар оид ба такя задан ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

2476
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол