Соли 1852 дар Торонто Биржаи фондӣ таъсис дода шуд.
Соли 1909 клуби футболи "Баруссия" (Дортмунд) ташкил шуд.
Соли 1923 дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаи адабии "Звезда" ("Ситора") таъсис ёфт.
Соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ генотсид (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)-ро ҷиноят арзёбӣ кард.
Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария робитаҳои дипломатӣ барқарорр гардиданд.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе дар маҷмааи давлатии "Кохи Ваҳдат» таҳти унвони "Мубориза бо коррупсия ва зиндагии ҳалолкорона-асоси таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" конфронс баргузор гардид.
Соли 2010 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Мински Беларус маросими ифтитоҳи чаласаи дурӯзаи Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба масъалаи комплекси агросаноатӣ баргузор гардид.
Соли 2014 варзишгари тоҷик Каюмарс Норов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар шаҳри Лимассоли Кипр дар рақобатҳо дар вазни 52 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар Лимассол ба шумор меравад.
Соли 2015 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат"-ро қабул намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ин қонунро таърихӣ номида, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Унвони олии Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардид.
Ибодулло Абдуллоев (1918-2007) – дирижёр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ
Рамзия Баккал (Тарсинова) (1926) – устоди рақс, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Абдуҷалил Бобоҷонов (1926)- арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Ашўрмаҳмад Ғуломов (1948) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Леонид Зимин (1909 – 1981) – доктори илми биологӣ, профессор.
Бўрӣ Каримов (1957) – доктори илми техникӣ, профессор.
Евгений Лобенко (1939)- оҳангсоз.
Роҳила Набиева (1933)- забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Манижа Раҳмонӣ (1984)- шоира.
Усмон Ҳасанов (1930)- арбоби ҳизбию давлатӣ.
Хушбахт Хушвахтов (1926-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон,Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Созмондиҳандагони гурӯҳи "НуриФирдавс", ки асосан иқдомҳои хайрхоҳонаро баргузор мекунанд, имрӯз дили чандин занони тамизкори ноҳияи Шоҳмансурро хурсанд карданд.
Зулӣ Раҳматова яке аз намояндагони ин гурӯҳ бо нашри навор дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, тӯҳфаи занони Бадахшонро ба роҳрӯбони пойтахт расонд.
Ӯ заҳмати тамизкорони пойтахтро махсусан қайд карда гуфт, ки бонувони Бадахшон барои дастгирӣ ва қадр намудани меҳнати ҳалол ва заҳматталаби онҳо маҳз ба хотири занони роҳрӯб ҷӯробҳои гармро бофта ирсол намудаанд.
Гулпарвари 19-сола ба "Харитаи зебоӣ" роҳ ёфт
Дар навор маълум аст, ки намояндаи гурӯҳи "НуриФирдавс" тамизкорони ноҳияи Фирдавсиро ҷамъ оварда, нахуст барои заҳмати онҳо дар тозаю обод нигоҳ доштани шаҳри Душанбе, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар худраве, ки зоҳиран ба намояндагони гурӯҳи мазкур тааллуқ дорад, чандин баста ҷӯробҳои помирӣ гиреҳ карда шуданд. Пас аз изҳори ташаккур ба занони роҳрӯб, ба ҳар яки онҳо як ҷуфтӣ ҷорӯбҳои пурнақшу нигорӣ помирӣ тӯҳфа карда шуд.
Зимистони имсолаи Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои пеш душвортару сармотар буд. Сармои зимистон асосан заҳмати роҳрубҳо, бахусус занони тамизкорро дучанд кард.
Ҳафтаи гузашта, ки дамои ҳаво дар Тоҷикистон бесобиқа сард буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳо аз заҳмати занони роҳрӯб чарх мезад.
Тамизкорони ҷинси латиф новобаста аз сардии ҳаво, аз соати 3 - и шаб ба хиёбонҳо баромада, кӯчаву тангкӯчаҳои пойтахтро тоза мекарданд.
Ҷазои ронандаи “Мерседес” барои дашноми зани кӯчарӯб дар Душанбе
Зимнан, дар зери аксу наворҳои мазкур, корбарон аз тамоми шаҳрвандони кишвар даъват мекарданд, ки ба қадри занони кӯчарӯб бирасанд ва ба хотири меҳнати вазнини онҳо, роҳу кӯчаҳоро ифлос накунанд.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Тавре президент гуфт, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.
Ӯ пешниҳод кард, ки аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.
"Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, зиёд карда шавад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.
Супоришҳои Раҳмон ба раисони Ҳисор ва Рашт барои таъмини саривақтии маошу нафақа
Ба қавли кишвардор, дар соли 2020 ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур додааст, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.
“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд”,-афзудааст, котиботи президент.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта зимни ироаи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.
Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.
Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард
Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия, ки хатсайри маъмул ба шумор меравад, масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад. Аммо то кунун чизе дар ин самт рушан нашудааст.