ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи қарори раиси Душанбе, ҷаласаи навбатӣ 25 декабри соли 2020, соати 9:00 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ - 40 даъват карда мешавад.
Ба рӯзномаи ҷаласа, ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе ворид шудааст. Дар назар аст, ки Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ба вакилони пойтахт гузориш диҳад.
Бо муҳаррики "Мерседес Бенс": рӯнамоии автобус ва троллейбусҳои нав дар Душанбе
Инчунин масъалаи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва иҷрои барномаҳои давлатию нақшаи чорабиниҳои мақомоти пойтахт дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар қарор инчунин омадааст, ки вакилон то 22 декабри соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ барои такмили рӯзномаи Маҷлис,таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.
Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.
Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.
Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.
Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард
Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.
"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.
Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.
Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино ба қарори раиси шаҳри Душанбе ин ярмаркаҳо бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ баргузор хоҳанд шуд.
Дар ин росто, Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе" дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" вазифадор шудаанд, ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳо ва ширкати корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳо андешанд.
Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ муваззаф шуданд, барои дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани ғурфа ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулотҳо ва талаботи санитарию гигиениро бояд Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию ва раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назорат кунанд.
Метавонед бисанҷед: Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоб дархост ирсол кард
Ҳамчунин тибқи қарори мазкур, Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хизматрасонии ташхиси маҳсулотҳои гӯштию шириро ҳангоми баргузории ярмаркаҳо бояд тариқи ройгон амалӣ намоянд.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ирек Файзуллин, вазири сохтмон ва хоҷагии манзили Русия иттилоъ дод, ки Ҳукумат ба ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия дар сохтмонҳо иҷозат дода, низоми вурудро тасвиб кард.
Вазир дар мулоқот бо бахши соҳибкорӣ дар Палатаи савдо ва саноат тавзеҳ дод, ки тасмими вуруди муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳои Русия бо усули “идораи дастӣ” сурат хоҳад гирифт.
“Комиссия бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия аллакай ташкил карда шуд. Мо ин равандро бо идораи дастӣ роҳандозӣ кардем”, - гуфт Файзуллин.
Ӯ таъкид кард, ки ширкатҳои бузурги сохтмонӣ ва мақомоти маҳаллӣ бояд дархост барои вуруди теъдоди муайяни муҳоҷиронро таҳия кунанд. Феълан раванди мувофиқакунӣ ҳудуди се ҳафтаро дар бар мегирад.
Файзуллин инчунин илова намуд, ки баъди кушода шудани марзҳо низоми вуруди муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ бозбинӣ хоҳад шуд.
Ин тасмим дар ҳолест, ки қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба кабинаи вазирон дастур дод, ки ба масъалаи сода кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо расидагӣ кунад.