День 15 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

143
(Таҷдидшуда 18:36 14.12.2020)
Рӯзи понздаҳуми декабр дар Украина рӯзи кормандони додгоҳ буда, рӯзи байналмилалии чой ва рӯзи шоҳ дар Нидеоландия мебошад

Рӯзи 15 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1923 тамғаи ширкати мошинсозии "Шкода" ба қайд гирифта шуд.

Автозавод, архивное фото
© Sputnik / Олег Золото
Автозавод, архивное фото

Соли 1972 ташкилоти СММ оид ба ҳифзи муҳити зист таъсис дода шуд.

День 14 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1982 Хазинаи байналмилалии асъор барои ба Бразилия пешниҳод намудани заём дар ҳаҷми 4,5 миллиард доллар барои хизматрасонӣ ба қарзҳои хориҷӣ ризоият дод.

Соли 1989 дар ИМА рекорди ҷаҳонӣ дар мавриди  50 соату 50 сония ба таври муаллақ дар ҳаво истодани чархбол гузошта шуд.

Соли 1990 Декларатсия оид ба истиқлолияти давлатии Қирғизистон қабул гардид.

 

Рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1972 - нахустин агрегати НБО-и Норак ба кор даромад.

Нурекская ГЭС. Архивное фото
© Sputnik / Игорь Михалев
Нурекская ГЭС

Соли 2006 - дар доираи ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун "Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ садоқат ба президенти Тоҷикистон" қабул шуд.

День 13 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон маросими рӯнамоии "Ҳисоботи миллӣ оид ба куҳансолӣ дар Тоҷикистон" баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Берлин бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе маҷмӯаи нави "Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои моҳҳои январ-ноябри соли 2016 нашр шуд.

Соли 2016 Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри-Ланка ба имзо расид.

Соли 2017 Парлумони Тоҷикистон таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши он дар татбиқи Стратегияи миллии рушдро баррасӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр

  • Рӯзи кормандони додгоҳ дар Украина.
  • Рӯзи байналмилалии чой.
  • Рӯзи шоҳ дар Нидеоландия.

Рӯзи 15 декабр кӣ ба дунё омадааст

Абдусалом Абдуллоев (1954)- рассом ва таҳиягари кино.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор (1967)- журналист.
Абдулло Абдунабиев (1926)- педагог, профессор, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (Тошканд).
Саидхоҷа Азизов (1933) – математик, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Додоҷон Аҳмадов (1915 – 1975) – олими тиб, профессор.
Гулчеҳра Бақоева (1908 – 1976) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Ҷалол Бобоев (1910-1999)- файласуф, профессор.
Шоҳин Боев (1931 – 1986) – нависанда.
Лўъбат Бурҳонова (1935) – наттоқи ТВ.
Раъно Зоирдухт (1961)- шоира.
Иззатбек Идизодаи Раштӣ (1953) – шоир.
Нурмуҳаммад Исҳоқӣ (1954)- нависанда.
Қумрӣ Қодирова (1936-2012) – сароянда.
Сарфароз Қурбоналиев (1938) – актёр ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Раҳимҷон Қурбонов (1938-1999)- наворбардори ТВ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Исомуддин Соатов (1943 – 2006) – доктори илми тиб, профессор.
Зариф Шарифов (1949) – доктори илми иқтисод, профессор.

143
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 2 марта

Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих

7
(Таҷдидшуда 19:06 01.03.2021)
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд

Рӯзи 2 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.

Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.

Соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.

День 27 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.

Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 март

  • Рӯзи байналмилалии гӯгирд.
  • Дар Ливия – Рӯзи тахлия.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1946 - журналист Мухиддин Олимпур. 

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.

Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.

7
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Қодири Қосим, ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Оила ё шаҳрванди бе телефонро мешиносед? Ноиби раиси парлумон туҳфа медиҳад

1850
(Таҷдидшуда 19:41 01.03.2021)
Қодири Қосим, ноиби раиси парлумони Тоҷикистон аз рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ тавсиф карда, изҳор дошт, ба касе, ки оила ё шаҳрванди бе телефонро дар кишвар нишон диҳад, мукофот хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Қодири Қосим, ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриро муъҷизавор хонда, афзудааст, ки ин омил дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама беш боиси хашму ғазаби мухолифин мегардад.

Ӯ зимни исботи рушди Тоҷикистон изҳор дошт, ки то соли 1991 ҳар 14-умин оила соҳиби мошин буд.

“Ҳоло ба ҳар панҷумин шаҳрванд як мошин рост меояд. Касе оила ё шаҳрванди бе телефони мобилиро нишон диҳад, мукофот хоҳам дод”, - таъкид кард вакил.

Ӯ бо нашри як матлаб дар “Ховар” илова намудааст, ки барои ташхиси томографӣ одамон фақат ба Маскав ва Тошканд мерафтанд. Ҳоло фақат дар шаҳри Душанбе 123 ташхисгоҳи муҷаҳҳази дар Осиёи Марказӣ беҳтарин кор мекунад, афзуд ӯ.

“Соли 1988 як мурдаро тавассути роҳи вилоятҳои Суғд, Ош ва шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Ванҷ дар ду ҳафта расониданд. Ҳоло дар 5 соат аз Душанбе ба ноҳияҳои ВМКБ озод ба манзил мерасем”, - мисоли дигар овардааст Қодири Қосим.

Ожонсии зидди фасод тафсилоти ҷурми "Илҳом Командир" ва шарикашро ифшо кард

Ӯ изҳор дошт, ки рӯзе шаҳри Душанберо давр зада, ҳисоб кард, ки то соли 1990 дар Душанбе 34 бинои баландошёна ва 1 меҳмонхонаи ситорадор мавҷуд буд. Танҳо солҳои охир садҳо бинои баландошёна ва 12 меҳмонхонаи 5 - ситорадор бунёд гардидааст, таъкид намуд ноиби раиси парлумон.

1850
Барчаспҳо:
мухолифин, шаҳрвандон, мулоқот, Тоҷикистон