Соли 1899 клуби футболи "Милан" таъсис ёфт.
Соли 1958 кишварҳои Паймони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ талаботи Иттиҳоди Шӯравиро барои аз Берлин баровардани ҳамаи низомиён ва "шаҳри озод" эълон кардани он рад намуданд.
Соли 1966 Шӯрои амнияти СММ ҷорӣ намудани як қатор таҳримҳоро бар зидди Родезия (Зимбабвеи муосир) ба тасвиб расонид.
Соли 1970 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳкими амнияти байналхалқӣ декларатсия қабул намуд.
Соли 1972 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони "Дӯстии халқҳо" таъсис дода шуд.
Соли 1991 Ҳизби Коммунистии Туркманистон фаъолияти худро қатъ карда, аз нав ҳамчун Ҳизби демократӣ таъсис дода шуд.
Соли 1960 шаҳри Норак таъсис дода шуд.
Соли 2009 дар шаҳри Копенгагени Дания Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим суханронӣ намуд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев оид ба масоили баргузор намудани Форуми СҲШ ва таҳияи Стратегияи СҲШ барои солҳои 2020-2025 суҳбат намуд.
Соли 2013 Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум кабинаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ кард.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе 2-юмин ҷаласаи навбатии байниташкилотии Гурӯҳи корӣ оид ба муносибатҳои байнибуҷавии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Абдуллозода Файзулло (1947)- шоир.
Акбари Маъруф (1959)- нависанда.
Бечка Иржа (1915 – 2004) – шарқшиноси чех, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Зардон Саидаҳмад (1958) – нависанда.
Фаршед Каримов (1949) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.
Ғанӣ Муллоев (1912- 1979)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Икромҷон Неъматов (1940) – меъмор, профессор.
Олга Пижова (1894 – 1972) – коргардони театр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.
Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.
Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".
Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.
Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”
Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд мекунанд.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Нашрияи англисии Mirror, менависад, ки ҳамсари Доналд Трамп дар садади ҷудошавӣ аз собиқ кишвардори Амрико қарор дорад.
Ин нашрия аз қавли вакилони маъруфи Ню-Йорк хабар медиҳад, ки Мелания метавонад байни 20 то 50 миллион доллар пул ва ҳамчунин сарпарастии писари 14 солааш Баронро аз Доналд Трамп бигирад.
Мелания Трамп пеш аз тарки Қасри Сафед анъанаи 70-соларо вайрон кард
Манобеи огоҳ ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки Мелания дар рӯзҳои поёнии раёсати ҷумҳурии ҳамсараш барои тарки Кохи Сафед лаҳзашуморӣ мекард.
Манбаъ меафзояд, издивоҷи Трамп ва Мелания ҳамчун робитае тиҷорӣ буда ва иртиботи сарди ин ду дар тӯли чаҳор соли раёсати ҷумҳурии Трамп борҳо мавриди тавваҷӯҳи расонаҳо қарор гирифта буд.
Сиёсати зебо: чаро пӯшоку рафтори Мелания Трамп расонаҳоро шефта кард?
Трамп ҳоло ба курорти Флоридаи Ҷанубии худ баргаштааст ва ба назар чунин мерасад, ки Мелания музокиротро барои ҷудо шудан аз шавҳараш, ки вай қабл аз раёсати ҷумҳурии Трамп оғоз карда буд, аз сар мегирад.
Шаршараҳои Ниагара маҷмааи шаршараҳо дар дарёи Ниагара, иёлоти Ню-Йорки Амрикоро аз вилояти Онтариои Канада ҷудо мекунад.
Гарчанде ки ин шаршараҳо баландии на он қадар калон доранд, аммо онҳо хеле васеъанд ва аз ҷиҳати ҳаҷми обе, ки аз он мегузарад, шаршараи Ниагара пуриқтидортарин дар Амрикои Шимолӣ аст.
Баландии шаршараҳо 53 метр аст. Таҳкурсии шаршараи амрикоиро тӯдаи сангҳо пинҳон мекунанд, ки барои ҳамин баландии он ҳамагӣ 21 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии шаршараҳои амрикоӣ 323 метр, шаршараҳои наъл 792 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби афтидан ба 5700 ва аз он ҳам бештар аст.
Зебоии ин мӯъҷизаи табиӣ сайёҳони зиёдеро аз тамоми ҷаҳон ба худ ҷалб мекунад, ки ин ба ободии шаҳрҳои дар соҳилҳои шаршараҳо ҷойгирбуда мусоидат мекунад.
Қасри шоҳон, маъбад ва хонае болои шаршара : меросҳои нави ЮНЕСКО - акс
Дар фасли сармо шаршараи Ниагара боз ҳам зеботар мешавад. Тамоми буттаву дарахтони гирду атрофи он яхпӯш мешаванд. Сафи сайёҳону хоҳишмандон барои тамошо ва аксбардорӣ аз чунин манзараи зебо новобаста аз хунукӣ ҳам коҳиш намеёбад.
Зебогӣ ва манзараи фасонавии шаршараи Ниагараро аз тасвирбаён тамошо кунед.
Аксбардории духтаре дар назди шаршараи Хорсшу - Фолс
Тасвири зебои шаршараи Хорсшу - Фолс
Ин шаршара дар фасли сармои зебистон боз зеботар мешавад
Ҳазор нафар барои бевосита шоҳиди чунин тасвирҳои зебо шудан, ба шаршараи Хорсшу - Фолс ташриф меоранд
Оби яхкардаи шаршара ҳар гуна шаклу намудҳои ғайримуқаррариро касб мекунад
Хоҳишмандон дар назди ин зебогиҳо акс мебардоранд
Новобаста ба ҳавои сард сафи хоҳишмандони чунин табиати зебо кам нест
Буттаҳои атрофи шаршара ҳама ях бастаанд
Шаршараи Хорсшу - Фолс дар Канада ҷойгир аст
Мард дар пеши шаршараи Хорсшу - Фолс аксбардорӣ мекунад