День 18 декабря

Аз рӯзи муҳоҷирон то поёни ҳукми қатл дар ИМА ва зодрӯзи Қутбӣ Киром : имрӯз дар таърих

109
(Таҷдидшуда 18:00 17.12.2020)
Рӯзи ҳаждаҳуми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон, Рузи байналмилалии забони арабӣ, дар Қатар – Рӯзи миллӣва дар Нигер – Рӯзи ҷумҳурӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 18 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1865 дар Амрико тағйироти 13-ум ба Конститутсия оид ба бекор кардани ҳукми қатл барои одамкушӣ ворид карда шуд.

Осужденные. Архивное фото
© Sputnik / Владимир Вяткин
Осужденные. Архивное фото

Соли 1929 дар Бритониёи Кабир ҳукми қатл барои одамкушӣ расман бекор карда шуд.

Соли 1956 Ҷопон ба узвияти СММ шомил шуд.

Соли 1973  Бонки исломии рушд таъсис ёфт.

Рӯзи 18 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба шаҳри Алмато сафар кард.

День 15 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2012  дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Туркия Абдулло Гул доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2015 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум пас аз суханрониҳо ва баррасии пурра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" -ро ҷонибдорӣ намуд.

Соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд Фестивали байналмилалии телевизионии "Донак-2008" баргузор гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҳолат, мушкилот ва дурнамои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

Соли 2014 Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА раддабандии нави дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол эълон намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон зинаи 135-умро ишғол кард.

Ҷашнҳои рӯзи 18 декабр

  • Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон.
  • Рузи байналмилалии забони арабӣ.
  • Дар Қатар – Рӯзи миллӣ.
  • Дар Нигерия – Рӯзи ҷумҳурӣ.

Рӯзи 18 декабр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1923 – профессор, ходими намоёни илм  Низом Нурҷонов.

Соли (1932-1995) – шоири халқӣ Қутбӣ Киром.

Соли 1961 – мушовири калони раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати дохилӣ Зафар Сайидзода.

Рӯзи 18 декабр кӣ вафот кард

Соли 1737 — Антонио Страдивари, ғижжакнавози итолиёӣ.

Соли 1971 — Александр Твардовский, шоири советӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ.

109
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Сипоси Кабиров ба Раҳимзода: агар шумо намебудед, бозор пурра месӯхт

144
(Таҷдидшуда 16:34 28.01.2021)
Раҳимзода Рамазон бевосита худ дар ҷараёни хомӯш кардани алангаи оташ дар бозори "Султони Кабир" иштирок кардааст. Муассиси ин бозор ба вазири тоҷик изҳори миннатдорӣ намуд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.

Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.

Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.

Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”

Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд мекунанд.

144
Барчаспҳо:
сипосгузорӣ, сӯхтор, Султони Кабир, бозор, Рамазон Раҳимзода

Мелания дар фикри ҷудошавӣ аз Доналд Трамп аст

222
(Таҷдидшуда 15:32 28.01.2021)
Нашрияи англисӣ навиштааст, ки Мелания Трамп дар фикри ҷудошавӣ аз раисҷумҳури собиқи Амрико Доналд Трамп мебошад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Нашрияи англисии Mirror, менависад, ки ҳамсари Доналд Трамп дар садади ҷудошавӣ аз собиқ кишвардори Амрико қарор дорад.

Ин нашрия аз қавли вакилони маъруфи Ню-Йорк хабар медиҳад, ки  Мелания метавонад байни 20 то 50 миллион доллар пул ва ҳамчунин сарпарастии писари 14 солааш Баронро аз Доналд Трамп бигирад.

Мелания Трамп пеш аз тарки Қасри Сафед анъанаи 70-соларо вайрон кард

Манобеи огоҳ ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки Мелания дар рӯзҳои поёнии раёсати ҷумҳурии ҳамсараш барои тарки Кохи Сафед лаҳзашуморӣ мекард.

Манбаъ меафзояд, издивоҷи Трамп ва Мелания ҳамчун робитае тиҷорӣ буда ва иртиботи сарди ин ду дар тӯли чаҳор соли раёсати ҷумҳурии Трамп борҳо мавриди тавваҷӯҳи расонаҳо қарор гирифта буд.

Сиёсати зебо: чаро пӯшоку рафтори Мелания Трамп расонаҳоро шефта кард?

Трамп ҳоло ба курорти Флоридаи Ҷанубии худ баргаштааст ва ба назар чунин мерасад, ки Мелания музокиротро барои ҷудо шудан аз шавҳараш, ки вай қабл аз раёсати ҷумҳурии Трамп оғоз карда буд, аз сар мегирад.

222
Барчаспҳо:
ҷудошавӣ, ҳамсар, Доналд Трамп
Взятка медику, архивное фото

Transparency International сатҳи фасодзадагии Тоҷикистонро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 16:16 28.01.2021)
Рутбаи Тоҷикистон аз нигоҳи вуҷуди ришвахорӣ дар охирин радабандии ҷаҳонӣ дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 бетағйир боқӣ монд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Дар гузориши ҷадиди Созмони шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) дар бораи радабандии кишварҳо аз нигоҳи фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2020, Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон дар радифи 149 қарор гирифта, ки ҷойгоҳаш нисбат ба соли 2019 тағйир накардааст.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷумҳурии Туркманистон фасодзадатарин ва Қазоқистон камфасодтарин кишвар муаррифӣ шудаанд.

Ӯзбекистон бо як пилла беҳбуди ҷойгоҳи хеш дар муқоиса бо соли 2019 дар радаи 146 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб

Пешсафҳои ин радабандӣ – Зеландияи нав, Дания - 88 холӣ, Финляндия – 85 хол, Швейтсария, Сингапур ва Шветсия - 85 хол мебошанд.

Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Сомалӣ – 12 хол, Судони ҷанубӣ – 12 ва Сурия бо 14 хол шомил шудаанд.

0
Барчаспҳо:
радабандӣ, ришва, сатҳи фасодзадагӣ, фасод, Тоҷикистон